Ба феҳристи раҳбарони ҷаҳоние, ки Ҷо Байденро бо пирӯзӣ дар интихоботи ИМА табрик карданд, раҳбарони Исроил ва Арабистони Саудӣ ҳамроҳ шуданд. Барои нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу мағлубияти президенти ИМА Доналд Трамп дар интихобот хабари хуб нест. Нетаняҳу дар паёми табрикии худ, ки рӯзи 8-уми ноябр тавассути Twitter ирсол кард, Байден ва муовини президенти мунтахаб Камола Ҳаррисро бо ғалаба табрик ва ба “равобити тӯлониву гарме” бо Байден ишора намуд, ки, ба гуфтааш, таърихчаи инак 40-сола дорад. Дар табрикоти Арабистони Саудӣ имзои Шоҳ Салмон бин Абдулазиз ва раҳбари воқеии ин кишвар шоҳзода Муҳаммад бин Салмон омадааст, ки бо Трамп равобити хуб доранд. Арабистони Саудӣ охирин кишвари Халиҷ аст, ки Байденро бо пирӯзӣ табрик кардааст.
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ҳам рӯзи 9-уми ноябр дар як табрикоташ аз Берлин Ҷо Байденро як сиёсатмадори ботаҷрибае номид, ки Олмону Аврупоро хуб мешиносад. Ӯ инчунин ҷудогона Камола Ҳаррис, муовини президенти мунтахабро, ки аввалин зан дар ин мақом хоҳад буд, табрик кард ва гуфт:
“Табрикоти самимонаи ман баробар бо ин ба Камола Ҳаррис аст, ки дар оянда муовини президент мешавад. Ҳамчун аввалин зан дар ин мақом ва фарзанди ду муҳоҷир, ӯ барои бисёр одамон илҳомбахш ва як намунаи имкониятҳоест, ки Амрико фароҳам мекунад. Ман ба мулоқот бо ӯ бо хушӣ интизор мешавам”
Чин ҳам дар вокуниш ба табрики Байден таъхир мекунад, вале матбуоти чинӣ рӯзи 9-уми ноябр навишт, ки равобити миёни ИМА ва Чин метавонад то сатҳи пешгӯишаванда беҳбуд ёбад ва барқарории робитаҳо имкон дорад аз ҳамкориҳои тиҷоратӣ шурӯъ шавад. Нашрияи мавриди ҳимояти ҳукумати Global Times навиштааст, ки Чин дарк мекунад, ки мавзеъгирии ИМА дар робита бо мушкилоти Чин дар Шинҷону Ҳонгконг тағйир намеёбад, вале Пекин бояд бо тими Байден муколамаи ҳадди аксар ҳамаҷонибаро ба роҳ монад.