Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден Доналд Трампро шикаст дод. ХАРИТА


Ҷо Байден ва Камола Ҳаррис

Ҷо Байден, муовини пешини президенти Амрико ва сенатори собиқ, ки 20-уми ноябр 78-сола хоҳад шуд, дар набарди бисёр сахт раъйи кофии ҳайати интихоботиро ба даст овард ва рақибаш Доналд Трампро шикаст дод. Дар тақрибан панҷоҳ соли фаъолияти сиёсиаш, ин кӯшиши севуми ӯ барои роҳ ёфтан ба Кохи Сафед аст.

Баъд аз поён ёфтани шумориши оро дар иёлати калидии Пенсилвания, рӯзи 7-уми ноябр, Байден 273 раъйи ҳайати интихоботиро соҳиб шуд. Барои пирӯзӣ дар интихоботи президентии Амрико дарёфти 270 овози ҳайати интихоботӣ кофӣ аст.

Байден ваъда додааст, ки амрикоиҳоро муттаҳид мекунад. Ӯ дар яке аз маъракаҳои пешазинтихоботӣ гуфт: "Маъракаи мо бозтоби гуногунӣ дар ин ҳизб ва дар ин кишвар аст. Чунин бояд бошад. Зеро ниёз ҳаст. Ҳамаро гирди ҳам меоварем. Бояд Доналд Трампро шикаст диҳем ва ин корро хоҳем кард, аммо мисли ӯ шуда наметавонем. Наметавонем, ки байни ҳизбҳо ҷанги бепоён дошта бошем."

Вай ҳамчунин ваъда додааст, ки аз густариши бемории коронавирус пешгирӣ карда, робитаро бо ҳампаймонҳои Амрико дар НАТО барқарор мекунад ва обрӯи кишварашро бармегардонад. Байден дар изҳоротҳои қаблиаш гуфта буд, Доналд Трамп "дар ҳар қадам" эътибори Амрикоро коҳиш додааст.

Ҷо Байден 27-уми октябри имсол дар гирдиҳамоии пешазинтихоботӣ дар Ҷорҷиа гуфт, "ман мардум ва кишварамро медонам. Мо метавонем муттаҳид шавем ва захмҳоро шифо бахшем."

Аммо дар пешорӯи ӯ ҳалли масъалаҳои зиёде истодааст. Замоне ки дар моҳи январ Кохи Сафедро раҳбарӣ хоҳад кард, натанҳо бо мушкили муҳоҷират ва нажодпарастӣ, балки буҳрони коронавирус рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Бемории ҳамагир дар Амрико ба тақрибан нӯҳуним миллион кас сироят карда, боис ба марги беш аз 230 ҳазор нафар шудааст ва ба иқтисоди кишвару зиндагии мардум таъсир гузоштааст.

Байден як барномаи баландпарвозонаеро зери номи "Аз нав беҳтар бисозем" дар назар дорад, ки ҳадафи он эҳёи дубораи иқтисоди Амрико пас аз буҳрони коронавирус аст. Ҳадафи барнома расидагӣ ба мушкили кӯдакон, омӯзиш ва тандурустӣ буда, эҷоди 3 миллион ҷойи кориро дар назар дорад.

Дар бахши сиёсати хориҷӣ Байден гуфтааст, қасд дорад Иёлоти Муттаҳидаро ба сари мизи тасмимгириҳо баргардонад. Дар гузашта баъзе аз мавқеъгириҳои ӯ дар умури хориҷӣ, аз ҷумла пуштибонияш аз ҳамла ба Ироқ дар соли 2003 аз маҳбубияташ дар ҳизби демократ коста буд.

Дар муборизаҳои ахири интихоботӣ ба баргашт ба тафовуқи ҳастаии соли 2015 бо Эрон майл нишон додааст. Ин тавофуқ фаъолияти ҳастаии Эронро маҳдуд карда, таҳримҳро ба зидди Теҳрон кам мекунад. Доналд Трамп соли 2018 Амрикоро аз ин тавофуқ берун кард.

Ба ҷуз ин, Байденро зарур аст, иртиботро бо муттаҳидон дар Аврупо барқарор карда, ба фишорҳои Русия истодагарӣ кунад.

Ҷо Байден барои 330 миллион амрикоӣ ва раҳбарони хориҷӣ чеҳраи нав нест. Вай тақрибан панҷоҳ соли умри худро сарфи хидмати давлатӣ кардааст. 35 сол дар Сенати Амрико буд ва дар давраи раёсати Барак Обама ҳашт сол ҳамчун муовини президент кор кардааст.

Солҳои дароз узв ва масъули Кумитаи равобити хориҷии Сенат буд ва бештар ба хориҷа мерафт ва дар музокироти вобаста ба масоили тиҷорат ва силоҳи ҳастаӣ иштирок кардааст. Соли 1979 бо Леонид Брежнев вохӯрдааст.

Байден ду бор – соли 1988 ва 2008 – талош карда буд, ки аз сӯи демократҳо ба ҳайси номзад дар интихобот муаррифӣ шавад. Бори аввал аз рақобат даст кашид, чун дар рисолааш дар факултаи ҳуқуқ иттилоотеро бе зикри манбаи аслии он ба номи худ пешниҳод карда буд. Бори дувум комёб набуд, аммо роҳаш ба муовинати раиси ҷумҳур кушода шуд.

Барак Обама бо таваҷҷуҳ ба таҷрубаи зиёди Байден дар бахши сиёсати байналмилалӣ ду дафъа ӯро муовини худ интихоб кард. Таҷрубаи сиёсии Байден соли 2008 барои Обама бисёр кумак кард. Соле, ки сенатори ҷавон аз иёлати Иллинойс дар интихоботи президентӣ бо Ҷон Маккейни 71-сола вориди рақобат шуд ва пирӯзӣ ба даст овард. Маккейн дар ҷанги Ветнам иштирок карда, солҳо дар Кумитаи нирӯҳои мусаллаҳи Сенат фаъолият доштааст.

Байден дар маъракаи пешазинтихоботӣ Камола Ҳаррис, сенатор аз иёлати Калифорния ва дар гузашта додситонро муовини худ интихоб кард. Ҳаррис аз хонаводаи муҳоҷирон аз Ҳиндустон ва Ямайка аст.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG