Дар шаҳри Бишкек панҷараҳои атрофи бинои порлумон ва дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистонро канданд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бишкек Балбак Тулобоев гуфт, ки раиси нави порлумон Талант Мамитов дастури кандани панҷараҳоро додааст. Раиси порлумон пештар гуфта буд, барои наздик будан бо мардум панҷараҳо канда мешаванд. Ин панҷараҳоро дар соли 1997, дар замони президентии Аскар Оқоев гузошта шуда буданд.