Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден дар иёлати Ҷорҷиа аз Доналд Трамп гузашт. Шумориши овозҳо идома дорад


Ҷо Байден ва Доналд Трамп
Ҷо Байден ва Доналд Трамп

Ҷо Байден, муовини пешини президент ва номзади Ҳизби демократ дар иёлати калидии Ҷорҷиа аз раиси ҷумҳур Доналд Трамп пеш гузашт. Дар пайи иттиҳоми бесобиқа ва бедалели Трамп дар бораи гуё тақаллуб шудани натиҷаҳои интихобот, ин тағйироти хеле ҷиддӣ ба шумор меравад.

Дар ҳоле ки шумориши оро идома дорад, ҳисобҳои рӯзи 6-уми ноябр баёнгари он аст, ки Байден бо 1096 раъйи овоздиҳандагон пеш гузашт. Дар ин бора чанд матбуоти амрикоӣ хабар додааст. Бидуни 16 овози ҳайати раъйдиҳандагони иёлати Ҷорҷиа Трамп наметавонад ба 270 овози зарурӣ барои даст ёфтан ба пирӯзӣ дар интихобот ноил шавад.

Агар Байден дар Ҷорҷиа пирӯз шавад, ӯ аввалин демократе мешавад, ки аз соли 1992 - замони сари кор омадани Билл Клинтон дар ин аёлат пирӯз мешавад.

Ҷорҷиа яке аз чор иёлати калидист, ки ҳанӯз барандаи он маълум нашудааст. Бо тафовути андаке Байден дар Невадаву Аризона ва Трамп дар Пенсилвания пештоз ҳастанд. Натиҷаҳои интихоботи бисёр пуррақобати се рӯз пешро дар Иёлоти Муттаҳида бо асабонияти зиёд пайгирӣ мекунанд.

Тафовути бисёр ками дарсади тарафдорони номзадҳо аз ихтилофи бисёр амиқи сиёсӣ дар ҷомеаи Амрико гувоҳӣ медиҳад ва ҳамин сабаб шудааст, ки ҳанӯз шумориши раъйҳо бо таъхир сурат мегирад.

Трамп, ки бо хатари аз даст додани курсии президентӣ дар Кохи Сафед рӯ ба рӯ аст, бе овардани далел ва шаҳодате иддао кард, ки дар интихобот тақаллуб роҳ ёфт ва таҳдид кард, аз роҳи ҳуқуқӣ натиҷаҳоро ба чолиш мекашад. Дар як иқдоми бесобиқа баъд аз рӯзи овоздиҳӣ ба иёлоти мухталиф дар Амрико барои шумориши тамоми раъйҳо фурсати бештар дода шуд.

Байден дар сурати ғолиб омаданаш дар Пенсилвания метавонад президент интихоб шавад, ва ё пирӯзӣ дар иёлоти Ҷорҷия, Невада ва Аризона ба ӯ имкони пирӯзиро фароҳам мекунад. Шонси Трамп барои пирӯзӣ торафт камтар мешавад ва агар ӯ ғалаба дар Пенсилванияро ҳифз кунаду раъйи Байденро дар Ҷорҷиа ва ё Невада ё Аризона ба даст орад, метавонад пирӯз шавад.

Тими Трамп дар шароити зоҳиран аз даст рафтани ғалаба талош дорад, шубҳа дар дурустии овоздиҳиву шумориши раъйҳоро тавассути баҳсҳои ҳуқуқӣ ба чолиш бикашад. Тими Трамп инчунин дархост кард, ки ба баҳси анҷомношуда дар Додгоҳи олӣ дар заминаи манъи шумориши раъйҳои тавассути почта ирсолшуда ба Пенсилвания дахолат кунад.

Норизоиятии тими Трамп ба он рабт дорад, ки дар ин ҷо номаҳои раъйдиҳандагон, ки то се рӯзи баъди рӯзи овоздиҳӣ мерасанд, ҳисоб карда мешаванд. Трамп то ҳол чанд бор иддаои бедалел кардааст, ки гуё дар ҷараёни овоздиҳӣ тақаллуб роҳ ёфт.

Хости Трамп ин аст, ки ҳама овозҳои баъди 3-юми ноябр дастрасшуда бекор шаванд. Вале дар бархе иёлот қонун иҷоза додааст, ки баргаҳои раъйи баъди интихобот ҳам расида ба ҳисоб гирифта шаванд.

Дар як нишасти матбуотии шоми 5-уми ноябр ҳам Трамп бидуни овардани далеле иддао кард, ки демократҳо дар талоши “дуздидани интихобот” ҳастанд. Ӯ гуфт: “Мо интихоботи одилона мехоҳем ва мехоҳем, ки шахсони росткор бо ҳисоби одилонаи овозҳо машғул шаванд, чунки ин як кори бисёр муҳим аст. Ин ҳамон роҳест, ки кишвар пирӯз мешавад. Ин роҳест, ки Амрико дар он пирӯз хоҳад шуд. Ба андешаи мо, интихоботро осон мебарем. Ба андешаи мо, баҳсҳои додгоҳии зиёд мешавад, чунки мо далели бисёр дорем ва ҳамаи ин дар натиҷа дар Додгоҳи олӣ баррасӣ мешавад. Мебинем”.

Ин дар ҳолест, ки дар бисёр изҳороти Трамп шабакаҳои иҷтимоӣ тамғаи “иттилои гумроҳкунанда” задаанд.

Бархе аз ҳуқуқшиносон мегӯянд, баҳсҳои интихоботӣ метавонад хеле тӯл кашад ва дар натиҷа ба пайомадҳои интихобот ҳам таъсир гузорад. Дар яке аз охирин қарорҳои додгоҳи Мичиган рӯзи 5-уми ноябр аризаи тими Трамп барои билофосила хотима додан ба шумориши раъйҳо рад шуд.

Дар чунин шароит Байден, ки ба пирӯзиаш ишора кардааст, ба сокинони Амрико гуфт, ки қонун нақз намешавад. Ӯ гуфт: “Дар Амрико интихобот муқаддас аст. Бо ҳамин роҳ мардум хости худро баён мекунанд ва ин хости овоздиҳандагон барои интихоби президенти ИМА аст, ҳеч чизи дигар нест. Аз ин рӯ, ҳар барга бояд ба инобат гирифта шавад. Ва мо ҳоло ҳаминро шоҳид мешавем. Ҳамингуна ҳам бояд бошад. Демократия гоҳо беназм мешавад. Гоҳо сабру таҳаммул лозим аст. Вале ҳамин сабр аст, ки давоми беш аз 240 сол натиҷа медиҳад ва бисёриҳо ба он дар ҷаҳон боҳавас менигаранд”.

Дар баъзе аз марказҳои овоздиҳӣ гурӯҳҳои хурди тарафдорони Трамп таҷаммуъ карда, дар баъзе гӯшаҳои дигар намоишҳои зидди Трамп дида шуданд. Бо ин ки ғолибан ин таҷаммуъҳо орому бехушунат будааст, дар ҳолатҳои ҷудогона бархе бо ҳам даъво кардаанд.

XS
SM
MD
LG