Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро барандаи интихоботи Амрико ҳанӯз эълон нашудааст?


Мардум дар Ню-Йорк мунтазири натиҷаҳои интихоботанд
Мардум дар Ню-Йорк мунтазири натиҷаҳои интихоботанд

20 сол пеш тахминан як соат баъд аз раъйдиҳӣ дар иёлоти воқеъ дар соҳилҳои шарқии Амрико, аз ҷумла дар иёлати бисёр муҳими Флорида, шабакаҳои телевизионӣ хабар доданд, ки "демократ Ал Гор баранда ва ҷумҳурихоҳ Ҷорҷ Буш мағлуб шуд".

Ин моҳи ноябри соли 2000-ум буд. Он замон барандаи интихобот баъди як рақобати бисёр сахт ва ба ҳам наздик будани овозҳо эълон гардид.

Дар асл чанд соат баъди ин шабакаҳои телевизионӣ кори он замон бесобиқаро анҷом доданд: бар асоси ҳисоби овозҳои расида тавассути почта номи барандаи интихобот на Гор, балки Буш эълон шуд.

Пас аз ин як чораи ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардид ва бозшумории овозҳо ба роҳ монда шуд. Давоми 36 рӯзи баъдӣ маҳз ҳуқуқшиносон даст ба кор шуданд ва мубориза барои овозҳои Флорида шиддат гирифт. То 12-уми декабри соли 2000-ум Бушро касе баранда эълон накард ва дар ниҳоят Додгоҳи олӣ гуфт, ки ҳисоби овозҳои Флорида хотима меёбад.

Ҳоло моҳи ноябри соли 2020 аст.

Чанд соат баъди баста шудани нуқтаҳои раъйдиҳӣ ҳанӯз ҳам маълум нест, ки дар интихоботи рӯзи 3-юми ноябр кадоме аз номзадҳо баранда шуд: президенти амалкунанда Доналд Трамп ё рақиби демократи ӯ Ҷо Байден.

Мардуми Амрико раъй дод ва мунтазири натиҷаи интихобот аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Чаро мушаххас кардани барандаи интихобот вақт мегирад?

Дар давоми 20 соли гузашта раъйдиҳандагон дар Иёлоти Муттаҳида гуногун шудаанд ва ҳам тафовут ё тафриқаи миёни онҳо дар ҳоли афзудан аст. Ин ба он маъност, ки фарқи миёни барандаҳову мағлубшудаҳо то рафт камтар мешавад. То замони маълум шудани натиҷаи ниҳоии интихобот фурсат лозим меояд.

Интихоботи охирине, ки дар он номзади курсии президентӣ бо раъйи фавқулода боло пештоз шуд, соли 1984 буд. Он замон Роналд Рейган бар номзади демократҳо Волтер Мондейл баранда шуд ва тақрибан дар тамоми иёлот, ба ҷуз зодгоҳи Мондейл - Миннесота ҳама ба тарафдории Рейган овоз доданд.

Аз он замон то кунун мизони маҳбубияти номзадҳо ба ҳам наздик ва фарқи миёни онҳо торафт камтар мешавад ва дар натиҷа, маълум кардани барандаи интихобот ҳам сахттар мегардад.

Чизи дигаре, ки бояд дар ёд гирифт, ин аст, ки вақте баранда эълон шуд – шаби баъди интихобот ва ё чанд соат баъдаш - эълони натиҷаҳо на аз ҷониби сохтори ҳукуматӣ сурат мегирад. Эълони натиҷа ғайрирасмӣ аст: эълонро расонаҳои хабарии Амрико – шабакаҳои телевизионӣ ва кабелӣ, Associated Press ва хабаргузориҳои дигар нашр мекунанд. Онҳо дар хулосаҳои худ ба алгоритм ё дастуруламали таърихи овоздиҳӣ, натиҷаҳои экзит-пол ва шумориши ҳузурии овоздиҳандагон такя мекунанд.

Тафовути имсола дар чист?

Монанди дигар интихоботҳои демократӣ дар гӯшаҳои дигари ҷаҳон, аксар овоздиҳандагон маъмулан ҳузурӣ овоз медиҳанд. Соли ҷорӣ ин таҷриба ғолибан бо сабаби пандемияи коронавирус ва хатари афзоиши гирифторӣ ба он фарқ дошт. Ба шаҳрвандон имкон доданд, ки тавассути почта раъйи худро фиристанд.

Як гурӯҳи назди Донишгоҳи Флорида, ки ғайридавлатӣ буда, интихоботи Амрикоро пешбинӣ мекунад, мегӯяд, назар ба интихоботҳои гузашта соли ҷорӣ амрикоиҳои хеле зиёд барои овоздиҳӣ ба почта рафтанд. Тахминан 64 миллион нафар, яъне ду баробар бештар назар ба соли 2016, бо ҳамин роҳ овоз доданд.

Ҳисоби овоздиҳӣ тавассути почта, ки ҳар як аёлат ба таври инфиродӣ анҷом медиҳад, назар ба ҳисоби овозҳои раъйдиҳандагони ҳузурӣ вақт мегирад.

Дар ҷараёни ин кор сабтиноми овоздиҳанда ва ҳам мувофиқати имзои шахс санҷида мешавад. Ҳамчунин дида мешавад, ки санаи фиристодани нома аз муҳлати анҷоми овоздиҳӣ нагузашта бошад. Инчунин, дар бисёр иёлот қоидаи замони дастрас кардани овозҳо ҳам фарқ мекунад. Ҳар аёлат қоидаҳои фарқкунандаи ҳисоби худро дорад.

Масалан, дар Каролинаи Шимолӣ мақомоти интихоботӣ раъйи шаҳрвандонро давоми ҳафтаҳои дароз ҳисоб мекунанд. Натиҷаҳо баробар бо овоздиҳии ҳузурии раъйдиҳандагон, маъмулан 4-уми ноябр эълон мешаванд.

Дар Пенсилвания қонунгузорон ба раҳбарии ҷумҳурихоҳҳо ҳисоби баргаҳоро пеш аз рӯзи интихобот манъ кардаанд. Ин ба он маъност, ки мақомот асосан баъди 3-юми ноябр ҳақ доранд бо ҳисоби овозҳо машғул шаванд.

Мичиган ва Висконсин ҳам ба мақомот ҳақ намедиҳад, ки то рӯзи интихобот ҳатто ба саришта кардани баргаҳо машғул шаванд.

Дар Пенсилвания мақомотеро, ки ба ҳисобкунии баргаҳои се рӯз баъди овоздиҳӣ расида даст задан два ба додгоҳ кашиданд. Ин қазия то Додгоҳи олӣ рафт ва баъди қарори додгоҳ иҷозаи ҳисоб кардани ин раъйҳо дода шуд.

Пенсилвания як иёлати оддӣ нест. Соли ҷорӣ ин минтақаи ИМА ба макони муборизаи ҷиддии ҳарду номзад табдил шуд ва натиҷаҳои ниҳоии бадастомада дар ин аёлат таъинкунандаи барандаи интихобот хоҳад шуд.

Раъйҳои овоздиҳандаҳои "ғоиб" аз ёд наравад

Аз рӯйи қонун овоздиҳандагони "ғоиб" онҳое ҳисоб мешаванд, ки замони интихобот дар хонае, ки он ҷо сабт шудаанд, ҳузур надоштанд. Ба ин гурӯҳ, масалан, низомиён, дипломатҳо ва шахсони дигари қаторӣ ҳам шомил мешаванд, чун медонанд, ки дар рӯзи овоздиҳӣ дар хонаи худ нахоҳанд буд.

Тафовути ҷиддӣ ин аст, ки агар шахс аз қабл мақомотро огоҳ кунад, ба ӯ иҷоза медоданд, чанд ҳафта пеш овоз диҳад. Бо сабаби пандемияи коронавирус мақомот қоидаро сабуктар карданду ба шаҳрванд зарурати шарҳ додани сабаби ҳозир нашуданашро дар маҳалли зист дар рӯзи овоздиҳӣ аз байн бурданд. Ин шахс метавонист тавассути почта пешакӣ овоз бидиҳад.

Масалан, соли 2000-ум раъйи овоздиҳандагони "ғоиб" бисёр муҳим шуд. Ҷумҳурихоҳон хеле талош карданд, ки мақомот овози додаи раъйдиҳандагони ғоибонаро ба инобат гиранд. Мақомот он замон метавонистанд бо сабаби набуди шаҳодати дурустии овоздиҳӣ, санаи ирсоли нома ва ё номувофиқатии имзо ва ҳатто овоздиҳии дубораи ин бахши раъйҳоро лағв кунанд.

Дар Флорида он сол ҳамин бахши раъйҳо калидӣ шуд ва барои пирӯзии Буш мусоидат кард.

Нақши ҳайати овоздиҳандагон дар чист?

Тасаввури ин ки гӯё дар рӯзи интихобот ва ё баъди он барандааш маълум мешавад, дуруст нест. Ин изҳорот бештар хусусияти ғайрирасмӣ дорад ва он сохтаи матбуоти амрикоӣ мебошад. Вале чунин изҳорот хоси барандаҳои интихобот шудааст.

Соли 2000 дар пайи он ки шабакаҳои телевизионӣ хабари баранда шудани Горро хато ва пирӯзии Бушро эълон карданд, Гор ҳам мағлубияти худро дар интихобот эътироф кард. Вале каме баъд ӯ гуфт, ҳисобҳо номушаххас ҳастанд ва аз ин рӯ аз ҳарфи худ мегардад.

Барандаи расмии интихоботи Амрико номзаде дониста мешавад, ки аксари овозҳои 538 узви ҳайати овоздиҳандагон ё ҳайати интихоботиро аз они худ мекунад. Яъне 270 овозро.

Овози ҳайати интихоботӣ бар пояи натиҷаҳои овоздиҳии сартосарӣ дар ҳар як аёлат маълум мешавад. Ин ба он маъност, ки номзад метавонад дар овоздиҳии сартосарӣ мағлуб шавад, вале ҳамоно дар интихобот баранда гардад.

Дар таърихи интихоботҳои Иёлоти Муттаҳида чунин ҳолат панҷ дафъа мушоҳида шудааст. Охирин намунааш соли 2016 буд, вақте Трамп бар Ҳиллари Клинтон пирӯз омад.

Қарори ҳайати овоздиҳандагон тахминан шаш ҳафта баъд мерасад. Ин ҳайат бояд 14-уми декабр ҷамъ шавад Конгресси тоза интихобшуда рӯзи 6-уми январи соли 2021 овози ҳайати интхоботиро тасдиқ мекунад.

Дар ин муддат бо сабабҳои мухталифи ҳуқуқӣ эълони исми барандаи интихобот ба таъхир меафтад.

Масалан, вақте як аёлат ҳисобукитобро анҷом дод, он бояд аз ҷониби қонунгузорон ва волии ҳамин аёлат тасдиқ шаванд. Баъди ин, ҳамаи аъзои ҳайати овоздиҳандагон ҷамъ шуда барандаи интихоботро эълон мекунанд.

Агар қонунгузории аёлат натиҷаи ниҳоии овоздиҳиро ба баҳс бикашад, масалан, бо сабабҳои сиёсӣ, мулоқоти аъзои ҳайати овоздиҳандагон ҳам ба таъхир меафтад. Дар натиҷа, конгресс ҳам дар тасдиқи барандаи интихобот дер мекунад.

Дар таърихи Амрико танҳо дар чанд ҳолат эълони барандаи интихоботи баҳсбарангез аз ҷониби Конгресс сурат гирифтааст. Дар натиҷа, амрикоиҳо барои шунидани номи барандаи интихобот чанд ҳафта мунтазир шудаанд.

Вале ҳамин чиз мусаллам аст, ки бар асоси Конститутсияи Амрико, 20-уми январи соли 2021 расми савганди президент баргузор мешавад. Танҳо суол ин аст, ки ин шахс кӣ хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG