Рӯзи 6-уми ноябр дар манзил ва дафтарҳои кории чор нафар дар Олмон, ки эҳтимолан бо ифротгарои ҳамлагар дар Вена дар тамос буданд, кофтукоб анҷом шуд. Полиси Олмон гуфт, ки ҳарчанд иртибот ва ҳамкории ин нафарон бо Файзулло Куртини 20-сола, ҳамлагаре дар Вена, ки чор нафарро куштаву 20 касро захмӣ намудааст, дар даст нест, вале ин нафарон бозпурсӣ мешаванд. Карл Неҳаммер, вазири умури дохилии Австрия рӯзи 5-уми ноябр дар парлумони кишвар гузориш дод ва гуфт, ки дар қаламрави ин кишвар аз рӯи парвандаи ҳамлаи мусаллаҳонаи ҳафтаи ҷорӣ 15 нафар боздошт шудааст. Ӯ гуфт, ки ҳамаи боздоштшудаҳо аз ҳар роҳ бо ҳамлагари кушташуда дар тамос буданд. Дар миёни онҳо се шаҳрванди Русияи зодаи Қафқози Шимолӣ ҳам мебошанд, ки чечентабор буда, сокинони доимии Австрия мебошанд. Карл Неҳаммер инчунин гуфт:
“Бояд бахусус таъкид шавад, ки мо дар ҳамкории наздик бо Бюрои Федеролии Тафтишот қарор дорем. Мо аз ин сохтор маълумоти бисёр арзишманд дарёфт кардем”.
Ҳамла дар Вена шоми 2-ми ноябр рух дод. Як марди мусаллаҳ давоми чанд дақиқа ба сокинони мулкӣ ва ходимони полис тир кушод. Худи ҳамлагар баъдан аз тири полис ҷон дод. Ҳамлагар Файзулло Куртин, як ҷавони 20-солаи дорои шаҳрвандии Австрия ва Македонияи Шимолӣ буда, қаблан барои нияти пайвастан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳабс шудааст.