Дар Олмон маҳдудияти якмоҳа ҷорӣ шуд ва дар кишварҳои дигари аврупоӣ ҳам бо назардошти афзоиши ҳодисаҳои олудагӣ ба COVID-19 ва бӯҳрон дар бемористонҳо тадбирҳои иловагӣ андешида мешавад. Дар ИМА, ки бо пандемияи сартосарӣ дастбагиребон аст, рӯзи 3-юми ноябр интихобот баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар аёлати Викторияи Австралия рӯзи 3-юми ноябр гуфтанд, ки рӯзи чорум аст, ки ҳеҷ як ҳодисаи нави олудашавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва мешавад гуфт, ки дар ин минтақа ба вируси нав пирӯз омаданд. Дар ин аёлат, ки Мелбурн шаҳри калонтаринаш асту қаблан давоми 100 рӯз бо паҳншавии вирус муборизаи беамон идома дошт, маҳдудиятҳо тадриҷан бардошта мешаванд. Дар Австралия ҳанӯз моҳи июл 400 ҳодисаи олудагӣ ба қайд гирифта шуд, аммо ҳоло сироятёбиҳо ба мизони хеле ночиз поин фаромадааст.
Бо шурӯи маҳдудиятҳои нав дар Олмон садри аъзам Ангела Меркел талош дорад ба мунаққидони вазъ, ки аз паёмадҳои пандемия ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд, посух бидиҳад. Ӯ дар як нишасти матбуотӣ гуфт, “то ки поёни шаби сияҳ сафед шавад, вақти бештар лозим хоҳад шуд”, вале изҳори умедворӣ кард, ки хонаводаҳо метавонанд дар ниҳоят Соли навро дар ҳалқаи азизон пешвоз гиранд.
Маҳдудиятҳои нав дар дигар кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла, аз Португалия то Полша ва аз Бритониё то Юнон ҷорӣ мешаванд. Дар Итолиё, ки баҳорон тӯлонитарин марҳилаи карантинро пуштисар кард, нахуствазир Ҷузеппе Контӣ ба ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои мисли хонашинӣ пойфишорӣ дорад, то ки, ба гуфтааш, ба минтақаҳои шадидан осебдида кӯмак шавад.