Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 ноябр дар Афғонистон рӯзи мотами миллӣ эълон шуд


Кобул, 2-юми ноябри 2020
Кобул, 2-юми ноябри 2020

Ҳукумати Афғонистон рӯзи 3-юми ноябр барои гиромидошти хотираи қурбониёни ҳамлаи маргбор дар Кобул дар саросари кишвар мотами миллӣ эълон кард.

Дар натиҷаи ҳамла ба Донишгоҳи Кобул дар рӯзи 2-юми ноябр 22 нафар кушта шуданд.

Раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ бо эълон кардани рӯзи мотами миллӣ дастур додааст, парчами Афғонистон дар саросари кишвар нимафрошта бимонанд.

Бар асоси амри ӯ, бояд дар вилоятҳои Афғонистон барои ёдбуди қурбониёни ҳамла маросими азодорӣ баргузор шавад.

Гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифтааст. Ториқ Ориён, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, се фарди мусаллаҳ ба дохили донишгоҳ рафта ва ба тирандозӣ оғоз кардаанд.

Дар натиҷаи муқовимати неруҳои амниятӣ ба онҳо ҳарсе кушта шудаанд.

Вазорати тандурустии Афғонистон гуфт, ки 22 нафари дигар маҷруҳ шудаанд ва аксари осебдидагону қурбониён донишҷӯён ҳастанд.

XS
SM
MD
LG