Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш маҷрӯҳ дар ҳамла ба донишгоҳи Кобул. Тирандозӣ идома дорад


2-юми ноябр, наздикиҳои донишгоҳи Кобул
2-юми ноябр, наздикиҳои донишгоҳи Кобул

Донишгоҳи Кобул, ки рӯзи 2-юми ноябр мизбони як намоишгоҳи муштараки китоби Афғонистону Эрон буд, ҳадафи тирандозӣ қарор гирифт. Сухангӯи вазорати беҳдошти Афғонистон гуфт, ки дар ин ҳодиса шаш нафар маҷрӯҳ шуданд. Айни замон, ба иттилои Ториқ Ориён, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон, тирандозӣ ҳоло ҳам идома дорад. Як омӯзгори ҳуқуқи сиёсии донишгоҳ, профессор Саидаҳмад Ротиб Музаффарӣ дар сӯҳбат бо Радиои Афғонистони Озод гуфт:

“Мо дар дохили синфхона будем. Ман дарс медодам ва ногаҳон садои тирандозӣ шунида шуд. Аввал ин садо аз даҳлези маркази ҳуқуқии донишгоҳ омад. Аввалин коре, ки кардам, ба донишҷӯён гуфтам, ки тирезаҳоро боз карда худро ба берун партоянд, чун мо дар ошёнаи аввал ҷойгир будем. Замоне, ки мо ба берун мепаридем, мусаллаҳон ба синфхона ворид шуданд. Як нафари либоси низомипӯш ба дигарҳо, ба мо оташ кушод. Ӯ ду ё се касро маҷрӯҳ кард. Мо, ки дар ошёнаи аввал будем, наҷот ёфтем”.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон даст доштани ин гурӯҳ дар ҳодисаро рад кард. Ба иттилои вазорати таҳсилоти олӣ, донишҷӯён ба ҷои амн кӯч дода шуданд. Ба навиштаи матбуоти маҳаллӣ, лаҳзаҳое, ки дар донишгоҳ тирандозӣ шунида шуд, дар дохили он меҳмонҳои баландпояи ширкатдори як намоишгоҳи китоб қарор доштанд.

Дар як ҳодисаи ҷудогонаи 2-юми ноябр дар вилояти ҷанубии Ҳилманд дар таркиши минаи сарироҳӣ як мошин хароб шуда, дастикам 7 фарди мулкӣ кушта шуд. Аксари қурбониҳо занону кӯдакон мебошанд.

XS
SM
MD
LG