Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз Қазоқистон дору ва васоили муҳофизатӣ хост


Руслан Казакбоев

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев аз Қазоқистон дархост кард, ки Вазорати тандурустии Қирғизистонро бо дору ва васоили муҳофизатӣ таъмин кунад.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар доданд.

Руслан Казакбоев рӯзи 29-уми октябр бо ҳамтои қазоқи худ Мухтор Тлеубердӣ дар шаҳри Нурсултон мулоқот кард. Ду вазир дар бораи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷорӣ, фарҳангиву башарӣ ва бахши муҳоҷират гуфтугӯ карданд. Вазирон ҳамчунин муборизаи муштарак ба зидди коронавирусро баррасӣ карданд.

"Бо назардошти вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар Руслан Казакбоев аз ҷониби Қазоқистон хост, ки ба Қирғизистон кӯмаки моливу техникӣ расонад", - омадааст дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG