Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус марзашро бо ҳама ҳамсояҳо, ҷуз Русия, баст.


28-уми октябр, гузаргоҳи марзии Новая Хута бо Литва баста аст
28-уми октябр, гузаргоҳи марзии Новая Хута бо Литва баста аст

Александр Лукашенко, ки баъди дуюним моҳ эътирозҳои мардумӣ алайҳи натиҷаҳои баҳсбарангези интихоботи президентӣ дар фикри хатми ин ҳама намоишҳову раҳпаймоиҳо аст, ахиран ба ҷуз Русия, марзҳои Беларусро бо дигар ҳамсояҳояш баст. Кумитаи марзбонии Беларус рӯзи 29-уми октябр гуфт, ки бастани марзҳо бо Латвия, Литва, Полша ва Украина ба “вазъи эпидемиологӣ” ва паҳншавии пандемияи коронавирус бастагӣ дорад. Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки мақомоти Беларус давоми моҳҳои зиёд хатари пандемияро кам нишон дода иддао кардаанд, ки кишварҳои ҳамсоя дар фикри бесубот кардани ин кишвар мебошанд. Таҳаввулоти ахир, аз ҷумла, ба мақомҳои калидӣ дар сохторҳои амниятӣ таъйин кардани афроди дигари наздик ба Лукашенко, бахусус дар шаҳри Минск, ки макони баргузории аксар эътирозҳои серҷамъияти мухолифон мебошад, дар бораи тақвияти тадбирҳои амниятӣ гувоҳӣ медиҳад. Кумитаи марзбонӣ гуфт, ки танҳо шаҳрвандони Беларус ва мошинҳои борбар иҷозаи ворид шудан ба хоки Беларусро доранд. Рустамас Лиубайевас, раҳбари идораи марзбонии Литва гуфт, ки мошинҳои ба самти Беларус ҳаракаткунанда аз ҳақи вуруд маҳрум шуданд ва ба қавли ӯ, тағйирот дар марз бидуни огаҳии пешакӣ сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG