Дар ИМА рекорди нави олудашавӣ ба коронавирус дар як рӯз ба қайд гирифта шудааст. Гурӯҳи муқобила бо COVID-19 дар Кохи Сафед баъди эълони ин ки дар 24 соати гузашта дар ИМА беш аз 91 ҳазор ҳодисаи нави олудашавӣ ба қайд гирифта шуд, гуфт, кишвар дар баробари хатари “эҳёи муҷаддади" вируси нав қарор дорад. Рекорди қаблии якрӯза, ки 23-юми октябр сабт шуда буд, 84,169 ҳодисаро ташкил дод. Аз замони шурӯи пандемия дар ИМА то ҳол 8,9 миллион сокини кишвар ба вируси нав олуда шуда, 228 ҳазор нафар ҷон додаанд. CNN бо такя ба гузоришҳое, ки ба ҳукумат мерасанд, гуфт, мақомоти муқобилакунанда бо COVID-19 ба раҳбарияти ИМА машварат доданд, ки бояд муқаррароти сахту сангини маҳдудкунанда ҷорӣ ва аз паҳншавии вирус ҷилавгирӣ шавад. Дар сӯҳбат бо Reuters як мақоми беҳдошт гуфтааст, ки “дар ИМА вазъият хеле ва хеле бад аст”.
Дар Аврупо, аз ҷумла Фаронса мақомот маҳдудиятҳоро сахттар карданд ва Олмон гуфт, ки аз 2-юми ноябр карантин ҷорӣ мекунад.