Баъди куштори се нафар дар як калисои шаҳри Нис рӯзи 30-юми октябр ходимони амниятӣ дар Фаронса ба ҳолати омодабош оварда шудаанд. Президент Эммануэл Макрон ҳодисаи рӯзи 29-уми октябрро “як ҳамлаи террористи исломгаро” номид. Нахуствазири Фаронса Жан Кастекс ҳолати омодабош дар кишварро боло бурд ва ходимони полис атрофи калисои Нисро, ки рӯзе пеш мавриди ҳамла қарор гирифт, иҳота карданд. Вазорати хориҷаи Бразилия гуфт, ки яке аз қурбониҳо – модари 44-солаи се кӯдак буд ва дар Фаронса зиндагӣ мекард. Маълум нест, ки оё ӯ инчунин шаҳрвандии Фаронсаро дошт ё на. Ин зан, ки чанд зарбаи корд хӯрд, бо ҷароҳатҳои сангин тавонист ба наздиктарин бар фирор кунад, вале баъдан ҷон дод. Дар фоҷеае, ки тахминан ним соат давом кард, ҳамлагар ба зани бразилиягӣ чанд дафъа корд зада, як зани 60-солаи дигарро гардан бурид - ба қавли мақомоти Фаронса -"дар асл ӯро бесар кард". Қурбонии сеюм як корманди 55-солаи калисо буд, ки зоҳиран дар паи ҳамла бо корд ба ноҳияи гарданаш ҷон дод. Мақомоти Фаронса гуфтанд, ҳамлагар, ки аз ҷониби полис бо зарби тири туфанг кушта шуд, пеш аз маргаш “Аллоҳу Акбар” гуфтааст.
Дар Фаронса полис ба ҳолати омодабош оварда шудааст
