Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмудҷон Дадобоев дар 51-солагӣ даргузашт


Маҳмудҷон Дадобоев
Маҳмудҷон Дадобоев

Маҳмудҷон Дадобоев, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, рӯзи 29-уми октябр дар 51-солагӣ даргузашт. Сабаби расмии марги ӯ ҳанӯз эълон нашудааст, вале чанде аз дӯстонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ иллати фавти ӯро ба бемории ҳамагир рабт доданд.

Мӯъминҷон Дадобоев, бародари Маҳмудҷон Дадобоев дар сӯҳбати видеоӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки "бародараш рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта бо таби баланд ва нишонаҳои коронавирус дар Бемористони сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ гардида буд. Ду рӯзи охир ҳолаш бад мешавад ва рӯзи гузашта бо нафастангии шадид дар беморхона вафот мекунад. Ҳоло ҳамсараш Муяссарахон Дадобоева низ бо нишонаҳои ин беморӣ дар бемористон аст".

Дар назар аст, ки ҷасади Маҳмудҷон Дадобоевро мустақиман аз бемористон ба оромгоҳи Муродбахши кӯчаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд бурда ва ба хок супоранд.

Маҳмудҷон Дадобоев моҳи ноябри соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Аз охири солҳои 90-ум то 2003 мудири ширкати телевизион ва радиои Симои мустақили якум ва як муддат сардабири нашрияи "Суғд" буд.

Ҳамчун мудири кулли ширкати телевизионии "Ҷаҳоноро" ва намояндаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор кардааст. Сухангӯи шаҳрдори Хуҷанд низ буд, вале соли 2017 аз ин мақом бо хоҳиши худ канор рафт. Солҳои ахир дар давраҳои омӯзишӣ ба хабарнигорон шеваҳои нави бозтоби мавзуъҳоро дарс медод.

Илҳоми Ҷамолиён, раиси дафтари Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар Суғд шоми 29-уми октябр дар Фейсбук навишт, "ӯ аз ҷумлаи пешоҳангони рушди расонаҳои мустақил, бахусус расонаҳои электронии мустақили Тоҷикистон ва аз ҷумлаи ТОП-менеҷерони муваффақе ба шумор мерафт ва дар ин самт соҳибмактаб буд."

Дар оғози моҳи октябри имсол хабарнигори дигари шинохта Мавлуда Рофиева дар 56-солагӣ даргузашт. Ӯ пештар бо нишонаҳои "илтиҳоби шуш" дар шифохонаи вилоятии Суғд бистарӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG