Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Дар ҳамла ба як мадраса дар Пешовар 9 толибилм ҷон бохтанд

Ҳамла ба як мадраса дар шаҳри Пешовари Покистон. 27 оятябри соли 2020.

Мақомоти расмӣ дар Покистон мегӯянд, дар натиҷаи ҳамла ба як мадрасаи исломӣ дар шаҳри Пешовар камаш 9 донишҷӯ кушта шудаанд ва 70 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Виқор Азим, як мақоми баландпояи пулиси шаҳри Пешовар гуфт, ки ҳангоми таркиш дар рӯзи 27-уми октябр дар дохили як синфи мадраса 60 нафар дарс мехондаанд. Ба гуфтаи ӯ, касе ҷузвдонеро, ки бомб доштааст, қабл аз оғози дарс дар дохили толори дарсхонии донишҷӯён гузошта рафтааст.

Муҳаммад Осимхон, сухангӯи Шифохонаи Луя дар Пешовар гуфт, ки ба инҷо 7 ҷасад ва 70 захмиро овардаанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳое, ки ҳалок шудаанд, сочмаҳои зиёде хӯрдаанд ва ё бисёр сӯхтаанд.

Мақомот гуфтаанд, ки дар байни захмиён донишҷӯёни афғон низ ҳастанд. То кунун касе масъулияти ин бомбгузориро бар дӯш нагирифтааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Зани бордори афғонро аз бемористон дубора ба осоишгоҳи канори Душанбе бурдаанд

Акс аз бойгонӣ

Халабон (пилот)-и ҳомилаи афғонро, ки 6-уми октябри имсол ба як бемористони канори Душанбе бурда буданд, пас аз ташхису табобат дубора ба осоишгоҳ, макони нигаҳдории даҳҳо халабони фирорӣ, овардаанд.

Дар миёни 143 халабон (пилот)-и фирории афғонистонӣ, ки дар осоишгоҳе дар канори Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд, ду зан низ ҳаст. Яке аз онҳо дар моҳи нӯҳуми бордорӣ қарор дорад. Онҳо пас ишғоли Кобул ба Тоҷикистон омадаанд.

Халабон (пилот)-и ҳомилаи 27-сола, ки аввали моҳи октябр барои ташхису табобат ба як таваллудхонаи наздик ба Душанбе интиқол ёфта буд, дубора бо ҳамроҳонаш пайваст. Яке аз ҳамроҳони ӯ 21-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Пас аз он ки пизишкон мутмаин шуданд, ба ҷони зан ва тифли батнаш хатаре нест, ӯро ба назди мо оварданд. Ҳоло дар интизори ба дунё омадани тифлаш аст."

Макони нигаҳдории халабонҳои афғон ва номи онҳо бо далелҳои амниятӣ нашр намешавад. Онҳо ду ҳафта пеш дар суҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ аз вазъи нохубашон шикоят доштанд.

Гуруҳи 143-нафарии нозирону танзимгарони парвоз, муҳандисони ҳавопаймоҳо ва халабонҳои тамриндида аз ҷониби Амрико 15-уми августи имсол аз Афғонистон ба шаҳри Бохтари Тоҷикистон фирор карданд. Онҳоро 1-уми сентябр ба як осоишгоҳи канори Душанбе оварданд.

Яке аз халабонҳои фирории афғон, ки нахост, номаш бурда шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, онҳо бо 17 ҳавопаймои низомии навъҳои Cessna 208, AC-208 ва Pilatus PC-12, ки ба онҳо тааллуқ доштанд, тавассути марзи шимолии Афғонистон ба Тоҷикистон расиданд.

Ин халабонҳо дар интизори интиқол ба Амрико ҳастанд. "Толибон" қаблан гуфта буданд, ки дар сурати бозгашт ба онҳо хатаре таҳдид нахоҳад кард, аммо халабонҳо ба ваъдаи онҳо бовар надоранд ва дигар Афғонистонро ҷойи амн намедонанд.

Дар шарқи Туркманистон сокинонро ба пардохти пули барқи яксола маҷбур мекунанд

Кормандони шабакаҳои барқии вилояти Лебапи Туркманистон аз сокинон талаб доранд, ки пули нерӯи барқро барои соли 2021 бо шумули моҳҳои боқимонда пардозанд.

"Кормандони шабакаҳои барқӣ имрӯз хона ба хона гаштанро оғоз карда, гуфтанд, ки пули барқ аз соли оянда гарон мешавад. Ҳамчунин онҳо ҳушдор доданд, ки агар пули барқи имсола пурра пардохт нашавад, соли оянда онро бар асоси нархномаи нав меситонанд", - хабар дод як сокини Лебап ба шарти ифшо нашудани номаш.

Як корманди шабакаҳои барқи Лебап 18-уми октябр ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, сокинон дар ҳоли ҳозир барои ҳар 100 киловат барқ 2,5 манати туркӣ мепардозанд ва аз соли оянда 4-манатӣ хоҳанд пардохт.

​Ҳукумати Туркманистон соли 2019 имтиёзҳои иҷтимоӣ барои сокинон аз қабили об, барқ ва гази табии ройгонро бекор кард. Ин қарор моҳи сентябри соли 2018 дар ҷаласаи Шӯрои мардумии Туркманистон гирифта шуд. Мақомот гуфтанд, ки сатҳи зиндагии мардум боло рафтааст.

Трамп аз таъсиси шабакаи иҷтимоии худ хабар дод

Собиқ президенти Амрико Доналд Трамп, ки тахминан як сол мешавад ҳақи боз кардани саҳифаву чопи матлабҳо дар шабакаҳои иҷтимоии Twitter ва Facebook-ро надорад, гуфт, ки акнун шабакаи иҷтимоии худро таъсис медиҳад.

Рӯзи 20-уми октябр ширкати Trump Media & Technology Group гуфт, ки номи пойгоҳи иҷтимоии ӯ TRUTH Social мешавад ва замимаи он аллакай аз моҳи ноябр дастрас хоҳад шуд. Дар изҳороти ширкати Трамп таъкид шудааст, ки шабакаи иҷтимоии TRUTH Social дар муқобили “ширкатҳои калони фаннӣ муқовимат мекунад”. Ин ба Twitter ва Facebook ишора мекунад, ки ба Трамп иҷоза намедиҳанд саҳифаашро дар ин пойгоҳҳо дошта бошад.

Трамп дар як изҳорот гуфт, “мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки “Толибон” дар Twitter ҳузури фаровон доранд, вале садои президенти дӯстдоштаи шуморо хомӯш карданд. Ин ғайри қобили қабул аст”.

Трампро моҳи январи имсол аз ҳаққи истифодаи Twitter ва Facebook маҳрум карданд. Ин замоне буд, ки издиҳоми норозӣ аз савгандёдкунии президенти интихобшуда Ҷо Байден рӯзи 6-уми январ ба бинои Капитолий ҳамла кард. Twitter ва Facebook гуфтанд, ки метарсанд бо истифода аз ин шабакаҳо хушунати бештар паҳн нашавад. Трамп дар давраи президентиаш дар шабакаи Twitter 88 миллион хонанда дошт ва аз ин пойгоҳ барои нашри андешаву назарҳояш истифода мекард.

Русия додани ҷоизаи Сахаровро ба Навалний танқид кард

Дмитрий Песков

Кремлин гуфт, тасмими Порлумони Аврупоро дар бораи додани ҷоизаи Сахаров ба сиёсатмадори зиндонӣ, Алексей Навалний, эҳтиром намекунад.

Сухангӯйи Кремлин, Дмитрий Песков, 21-уми октябр дар Маскав ба хабарнигорон гуфт: “Мо ин ниҳод [Порлумони Аврупо]-ро эҳтиром мекунем, аммо ҳеч кас наметавонад, моро ба эҳтиром гузоштан ба ин гуна қарорҳо водор намояд.”

Бисёре аз соҳибназарон мегӯянд, ин ҷоиза паёми қавие ба Владимир Путин аст, ки рақиби сарсахти ӯ ҳамон тавр ки Кремлин мегӯяд, як падидаи маҳаллӣ ё ҷинояткор не, балки чеҳраи ҷаҳонист.

Алексей Навалний
Алексей Навалний

Манобеъ дар Порлумони Аврупо рӯзи 20-уми октябр гуфтанд, ки ҷоизаи имсолаи Сахаровро ба Алексей Навалний, пешвои зиндонии мухолифини Русия, додаанд. Номи як гуруҳ аз занони афғон ва як сиёсатмадори мухолифи Боливия низ ба дарёфти ҷоиза пешниҳод шуда буд.

Навалний, яке аз мунтақидони сарсахти Владимир Путин, президенти Русия, моҳи январи имсол, ҳангоми бозгашт аз Олмон дастгир шуд. Ӯ дар Олмон аз заҳролудшавӣ муолиҷа мегирифт. Навалний иддао дорад, ки ӯро бо амри Путин заҳролуд кардаанд, вале Кремлин онро рад мекунад.

Навалнийи 45-соларо бо гуноҳи нодида гирифтани қарори пешинаи додгоҳ дувуним сол аз озодӣ маҳрум карданд. Созмону кишварҳои ғарбӣ ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд ва ба зидди Русия таҳрим ҷорӣ карданд.

Узбекистон гуфт, ба чи шарте ҳукумати "Толибон"-ро эътироф мекунад

То ҳол ягон кишвар ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст

Узбекистон гуфтааст, яке аз шартҳое, ки баъди иҷрои он метавонад, ҳукумати "Толибон"-ро дар Афғонистон эътироф кунад, таъсиси сохторҳои давлатие аст, ки ҳамаи неруҳои сиёсии афғонро фаро гирад.

Ин изҳорот рӯзи 20-юми октябр аз сӯи намояндаи вижаи президенти Узбекистон дар умури Афғонистон Исматулло Иргашев дар шаҳри Маскав садо дод.

Намояндагони 10 кишвар, аз ҷумла Узбекистон, дар гуфтугӯҳои марбут ба Афғонистон дар Маскав ширкат карданд. Ин гуфтугӯҳо рӯзи чаҳоршанбеи 21-юми октябр баргузор шуданд.

Иргашев гуфтааст, аз дигар шартҳои эътироф шудани ҳукумати "Толибон" иҷрои уҳдадориҳои созишномаи Доҳаи Қатар аст. Таъмини ҳуқуқҳои бунёдии сокинон ва иҷоза надодан ба истифодаи ҳудуди Афғонистон аз сӯи террористон аз шартҳои дигари эътироф шудани ҳукумати "Толибон" унвон шудааст.

Намояндаи махсуси президенти Узбекистон гуфт, Тошканд то ин замон имкони эътирофи ҳукумати муваққати "Толибон"-ро намебинад.

Мақомоти Узбекистон ҳарчанд расман ҳукумати "Толибон"-ро эътироф накардаанд, аммо амалан бо онҳо ҳамкориро ба роҳ мондаанд. Як ҳайати Узбекистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷии он кишвар Абдулазиз Комилов рӯзи 7-уми октябр ба Афғонистон рафта буд. Ҳамчунин рӯзи 16-уми октябр як ҳайати Толибон барои мулоқот бо шахсони расмии Узбекистон ба шаҳри Тошканд омада буд.

Ҳушдори Тоқаев дар арафаи тазоҳуроти эҳтимолии мухолифони Қазоқистон

Қосимҷомарт Тоқаев

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 21-уми октябр, дар арафаи тазоҳуроти эҳтимолии мухолифон дар рӯзи шанбе роҷеъ ба қонуни ҷамъомадҳои осоиштае суҳбат кард, ки соли гузашта бо вуҷуди интиқоди ҳомиёни ҳуқуқ имзо шуд.

"Мо қонуни хеле хуберо дар бораи ҷамъомадҳои осоишта қабул кардем. Сарфи назар аз дидгоҳи баъзеҳо, ин қадами ҷиддӣ ба рушди демократия аст. Дар он ҳама чиз гуфта шудааст. Ҳатто иҷозатномаи расмӣ лозим нест. Ин ҷамъомаду гирдиҳамоиҳоро мешавад дар низоми огоҳнамоӣ баргузор кард. Ин талаботи бузурге нест, вале баъзе сокинон онро ҳам нақз мекунанд. Ман ҳушдор медиҳам, ки ба ингуна қонуншиканӣ баҳои ҳуқуқӣ дода хоҳад шуд", - изҳор дошт Тоқаев дар ҷаласаи шӯрои Ассамблеяи мардумии Қазоқистон.

Ба гуфтаи Тоқаев, Додситонии кулли Қазоқистон бояд фаҳмондани қонун ва вазифаи ҳамаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар доираи қонунгузории кишвар ба сокинон идома диҳад.

Ин изҳороти Тоқаев дар ҳолест, ки мухолифони ин кишвар тасмим доранд, 23-юми октябр бо талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ ва баланд бардоштани маошу нафақа тазоҳурот кунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони мадании Қазоқистон лоиҳаи қонун дар бораи ҷамъомадҳои осоиштаро танқид карда, гуфта буданд, ки он ба монанди қонуни пешин озодии сокинон ба ҳамоишҳои осоиштаро маҳдуд менамояд.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) аз мақомоти Қазоқистон даъват карда буд, ки қабули лоиҳаи қонуни ҷамъомадҳои осоиштаро ба таъхир гузоранд.

Содир Ҷабборов: нақша дорем, солҳои 2024-2025 аз буҳрони энержӣ берун шавем

Содир Ҷабборов, президент Қирғизистон рӯзи 21-уми октябр гуфт, яке аз муҳимтарин мушкилоти кишвараш айни замон буҳрони энержӣ аст.

Вай афзуд, воридоти барқ аз хориҷ ҳоло шуруъ нашудааст, балки мақомоти пешини Қирғизистон ҳанӯз аз соли 2010 ин иқдомро рӯи даст гирифта буданд.

"Шуруъ аз 2014 бо қимати 5 сом мехариданд ва ба сокинон ба қимати 77 тийин мефурӯхтанд. Чанд миллиард сом аз буҷаи кишвар харҷ мекарданд. Ҳоло мо бо қимати 2 сом мехарем. Бо дастури ман, вазири энержӣ аз сокинон даъват кард, ки дар истифодаи барқ сарфакор бошанд. Сокинон сарфакорӣ намекунанд, зеро барқ арзон аст", - гуфт Ҷабборов.

Вай илова кард, ки нақша доранд, дар солҳои 2024-2025 аз буҳрони иқтисодӣ берун шаванд, аммо вай нагуфт, барои ин кор чи тадбирҳое меандешанд.

Соли ҷорӣ ба далели кам шудани сатҳи оби обанбори Токтогул Қирғизистон бо густардатарин буҳрони энержӣ дар солҳои охир рӯ ба рӯ аст.

Пештар мақомоти он кишвар гуфта буданд, ба 6 млрд киловат/соат неруи барқи иловагӣ ниёз доранд. Барои таъмини ин ниёз Қирғизистон аз кишварҳои ҳамсояаш барқ мехарад.

Омӯзгорони узбекро маҷбур доранд, хатмкардаҳоро бо ҷои кор таъмин кунанд

Омӯзгорони мактабҳои баъзе аз вилоятҳои Узбекистонро маҷбур мекунанд, ки дар бораи бо ҷои кор таъмин шудани хатмкардаҳо ҳуҷҷат ҷамъоварӣ кунанд.

Омӯзгори яке аз мактабҳои ноҳияи Ургути Узбекистон ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, омӯзгорони ноҳияро дар баробари ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо дар бораи ҷои кори хатмкунандагон ҳамчунин ба гирифтани забонхат аз волидон, ки фарзандонашонро бо ҷои кор таъмин хоҳанд кард, маҷбур менамоянд.

"Раҳбарияти ноҳия омӯзгоронро ором намегузоранд. Ба мо дастур додаанд, онҳоеро бо кор таъмин кунем, ки соли гузашта мактабро хатм кардаанд. Вале омӯзгор вазифадор нест, ки хатмкунандагонро бо ҷои кор таъмин намояд", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Пештар омӯзгорони мактабҳои баъзе аз ноҳияҳои вилояти Фарғонаи Узбекистон низ бо шикояти ҳамсон ба бахши узбекии Радиои Озодӣ муроҷиат карда буданд.

Вале дар Идораи маорифи Фарғона иддаои омӯзгоронро рад карданд. "Аз омӯзгорон талаб шудааст, танҳо фаҳманд, ки шогирдонашон ҳоло бо чи кор машғул ҳастанд. Зеро онҳо ҳамаи хонаводаҳоро хуб мешиносанд. Вале ин кор иҷборӣ нест ва омӯзгорон низ бо ҷои кор таъмин кардани хатмкардаҳо машғул нестанд. Ин вазифаи Вазорати меҳнати Узбекистон мебошад", - гуфтанд дар идора.

Занон аз Толибон "кор, нон ва омӯзиш" хостанд. Ҷангҷӯён хабарнигоронро заданд

Як ҷангҷӯйи "Толибон" дар Кобул

Нерӯҳои "Толибон" ба чанд хабарнигор, ки тазоҳуроти гуруҳе аз занонро дар шаҳри Кобул бозтоб медоданд, ҳамла кардаанд.

Рӯзи 21-уми октябр гурӯҳи тақрибан 20-нафарии занон бо ҳадафи дифоъ аз ҳуқуқи худ дар пойтахти Афғонистон роҳпаймоӣ карданд. Эътирозгарон аз ҳокимони нави Афғонистон "кор, нон ва омӯзиш" хостанд ва ҳамзамон талаб карданд, ки "маорифро сиёсӣ накунед".

Ба гузориши хабаргузории "Франс Пресс", ҳангоми бозтоби тазоҳурот ҷангҷӯёни "Толибон" як аккоси хориҷиро бо туфанг зада, ба сӯйи рӯзноманигори дигар мушт бардоштаанд. Ба камияш ду рӯзноманигор ҳангоми пароканда шудан зарба хӯрдаанд.

Заҳро Муҳаммадӣ, яке аз созмондиҳандагони тазоҳурот, гуфт: "Толибон" ба ҳеч кас ва чиз эҳтиром намегузоранд: на ба рӯзноманигорони хориҷӣ ва на маҳаллӣ ва на занон."

"Толибон" пас аз вожгунии ҳукумати пешини Афғонистон дар нимаи моҳи августи имсол ба қудрат расид. Ин гуруҳ иддао дорад, ки дар муқоиса ба ҳокимияти аввалаш дар соли 1996-2001 муътадил мебошад.

Вале Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҳуқуқи башар "Толибон"-ро ба "ваъдахилофӣ" дар бораи додани иҷозаи кор ба занон ва дастрасии духтарон ба таҳсил танқид карданд. Дар ҳоли ҳозир танҳо дар панҷ вилояти Афғонистон ба таҳсили духтарон дар мактабҳои миёна иҷоза шудааст. Аксар занон амр гирифтаанд, ки ба ҷойи кор барнагарданд.

Ҳокимони нави Афғонистонро ба маҳдуд кардани кори расонаҳо ва озодии баён низ танқид мекунанд.

Аз Додгоҳи олӣ хостаанд, ҳукми Иззат Амонро дигар кунад

Иззат Амон

Вакили мудофеи Иззат Амон аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостааст, ки ҳукми зерҳимояашро тағйир диҳад.

Додгоҳи шаҳри Душанбе 19-уми октябр Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро бо гуноҳи "қаллобӣ” ба 9 сол зиндон маҳкум кард. Пайвандонаш розӣ нестанд ва онро “беадолатӣ” медонанд.

Саидбурҳон Шарифов, вакили мудофеи Иззат Амон, 21-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аризаро бо имзои зерҳимояаш ба Додгоҳи олӣ супурданд.

“Дар ариза масъалаи иҷро нашудани қонуни афвро, ки президент эълон кардааст, зикр намудем”, -- илова кард Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон.

Масъулони Додгоҳи шаҳри Душанбе то ҳол нагуфтаанд, ки чаро бо вуҷуди ҷуброни маблағи даъвогарон, қонуни афв нисбат ба Иззат Амон татбиқ нагардид. Дар ҳоле ки моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки Иззат Амон бар асоси он муҳокима шуд, ба афв шомил мешавад.

Иззат Амон, раиси созмони "Маркази тоҷикон" дар Маскав, ки бештар аз ҳаққи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят мекард, 25-уми марти имсол аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва сипас аз қаламрави ин кишвар ронда шуд. Пас аз як рӯзи он мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои мақомот, Иззат Амон бар асоси даъвои чанд нафар дастгир шуда, ба қаллобӣ гунаҳкор шудааст. Наздиконаш аксар даъвоҳоро бепоя медонистанд, вале гуфтанд, ба хотири раҳоии ӯ беш аз 1 миллиону 90 ҳазор рубл ва 1000 доллари даъвогаронро супурданд.

Ҷонибдоронаш бовар доранд, боздошту ҳукми Иззат Амон дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ аст. Иззат Амон дар баробари ёрӣ ба муҳоҷирони корӣ аз сиёсатҳои мақомоти Тоҷикистон низ танқид мекард.

Дар моҳи сентябри соли 2019 эълон кард, ки ҳизби муҳоҷиронро бо номи "Тағйирот, ислоҳот ва рушд" таъсис хоҳад дод ва ҳадафаш ҳузури муҳоҷирон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон аст. Баъдан бо ишора ба фишор ва монеагузориҳо аз ин идея даст кашид.

Фирори як сарбози Русия дар ноҳияи ҳаммарзи Тоҷикистон бо Афғонистон. Чекалин куҷо шуд?

Тамрини нерӯҳои Русия, Тоҷиикстон ва Узбекистон дар "Ҳарбмайдон", дар наздикии марз бо Афғонистон. Моҳи августи 2021

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрободи собиқ), ки дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир аст, як сарбози пойгоҳи 201-уми Русияро ҷустуҷӯ доранд.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Сергей Чекалин аввали ҳафтаи ҷорӣ аз размоишгоҳи "Мумирак" гурехтааст, аммо маълум нест бо силоҳ ё бесилоҳ. Сарбозони русро барои тамрин ба онҷо бурда буданд.

Дар ҳоле ки масъулони пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон дар ин бора шарҳи расмӣ надодаанд, акси Чекалин аз даст ба дасти сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мегардад.

Гулдаста дар яке аз ошхонаҳои ноҳия кор мекунад. Ӯ мегӯяд, маъмурони милиса ба онҳо акси сарбози русро дода ва хостаанд, ки ҳангоми диданаш хабар диҳанд. "Аввал пурсиданд, ки ҳамин одамро дидед? Гуфтем, не. Аксҳоро дода, гуфтанд, агар дидед, хабар расонед. Як бастаи аксҳоро барои муштариён низ доданд", -- нақл кард ӯ 20-уми октябр.

Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар ҷануби Тоҷикистон ва дар сарҳад бо Афғонистон қарор дорад. Назорати марзро аз ҷониби Афғонистон нерӯҳои "Толибон" ба уҳда доранд. Сарҳади ду кишвар барои гузаштани мардум бастааст.

Як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 20-уми октябр кофтукови Сергей Чекалинро дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин тасдиқ кард. Ӯ гуфт, "сарбоз тақрибан панҷ рӯз пештар аз "Мумирак" фирор кардааст", вале маълум нест чаро.

"Моро дар бораи фирори ӯ хабардор карданд. Аксҳояшро насб кардем, ҷустуҷӯ дорем. Масъулони пойгоҳ аксҳояшро оварда, вале дигар маълумот надоданд", -- афзуд мусоҳиби мо.

Фирори сарбози пойгоҳи 201-уми Русия ва кофтукови он дар ҳолест, ки аз 18-уми октябр дар ҷануби Тоҷикистон якбора се тамрини нерӯҳои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) оғоз шуд. Ин созмони зери назари Русия аст.

Тамринҳо бо иштироки низомиёни Русияву Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон то 23-юми октябр дар "Ҳарбмайдон" ва "Мумирак" ва дар наздикии сарҳади Афғонистон баргузор мешавад. Дар тамринҳо чаҳор ҳазор низомӣ иштирок карда, аз 500 техникаи ҳарбӣ истифода хоҳад шуд.

Дар гузашта сарбозони пойгоҳи 201-уми Русия дар минтақаи Кӯлоб низ буданд, аммо пас аз шикояти сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ бурда шуданд.

Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Бар асоси созишномаи соли 2012, ин пойгоҳ метавонад, то соли 2042 дар Тоҷикистон бимонад.

Дар Русия як ҳафтаро ғайрикорӣ эълон карданд

Владимир Путин

Дар Русия, ки садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик онҷо кору иқомат мекунанд, аз 30-юми октябр то 7-уми ноябр рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шуд. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, 20-уми октябр фармонро дар ин бора имзо кард.

Пештар аз имзои фармон, Путин дар ҷаласаи ҳукумат пешниҳодро дар ин замина қабул карда ва гуфтааст, чораи мазкур барои пешгирӣ аз сирояти босуръати коронавируси нав зарурист.

"Ҳоло бисёр муҳим аст, ки пеши роҳи мавҷи нави эпидемияро бигирем. Бо назардошти вазъи пешомада пешниҳод барои эълони рӯзҳои ғайрикорӣ дар саросари кишвар ва пардохти музди кор аз 30-юм то 7-уми ноябрро дастгирӣ мекунам", -- афзуд ӯ.

Дар Русия танҳо дар як шабонарӯзи гузашта бештар аз 34 ҳазор мавриди нави сирояти коронавируси нав сабт шудааст ва бештар аз 1030 нафар бар асари бемории COVID-19 фавтидаанд. Дар миёни беморон муҳоҷирони кории тоҷик ҳам будаанд.

Тоҷикистон ба СММ: дар давраи пандемия мардум 175 млн сомонӣ кӯмак гирифт

Санҷиши тиббии шахси олудашуда ба COVID-19 дар як озмоишгоҳи Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки барои коҳиши оқибатҳои пандемияи COVID-19, ки вазъи хонаводаҳои зиёдеро бад кард, то 1-уми апрели имсол тақрибан 175 миллион сомониро ба мардум тақсим кардааст. Бино ба гузориши расмии Тоҷикистон ба Созмони Милал, баъди хуруҷи коронавируси нав, ки аҳволи иқтисоди кишварҳои зиёдеро бад кард, ба бештар аз 420 ҳазор хонавода як дафъаӣ дар ҳаҷми 400 сомонӣ кумак кардааст. Дар ин миён бештар аз 77 ҳазор нафари онҳо кӯдаконе будаанд, ки волидони муҳоҷирашон бинобар маҳдудиятҳо ва карантин натавонистаанд, ба онҳо кумаки молӣ кунанд. Соли 2020 дар авҷи пандемияи COVID-19 хонаводаҳои зиёде дар Тоҷикистон аз кумакҳои молие, ки муҳоҷирон мефиристоданд, маҳрум шуданд.

Муҳокимаи Руслан Бобиев ҳафтаи оянда шурӯъ мешавад

Руслан Бобиев

Ҳафтаи оянда дар Маскав муҳокимаи як блогери ҳангомаҷӯи тоҷик оғоз мешавад, ки бо ҳадафи ҷалби пайравони бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар назди калисои Василийи муқаддас акси ҷанҷолие гирифта, нашр кард. Додрасҳо рафтори Руслан Бобиев ва духтари рус Анастасия Александровнаро муҳокима мекунанд, ки бо нашри аксе, ки гӯё иртиботи ҷинсии онҳоро нишон дар назди калисо нишон медиҳад, ба эҳсоси динии насрониён беэҳтиромӣ кардаанд. Муҳокима рӯзи 28-уми октябр сурат мегирад. Руслан Бобиев, ки бо номи Руслани Талабҷон дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа доштааст, мумкин аст, барои беэҳтиромии ошкоро ба эҳсоси динӣ ва ақидаҳои ҷомеа то ба 1 соли зиндон маҳкум шавад. Аз ин пештар додгоҳи Русия амр дод, ки ӯро барои ин рафтораш аз кишвар хориҷ кунанд.

СБП: Тоҷикистон тавони иқтисодии нигаҳдории садҳо ҳазор паноҳҷӯи афғонро надорад

Рассоми афғон Умар Хомуш баъди қатли падар ва таҳдиди "Толибон" дар Тоҷикистон паноҳ ёфт

Як муассисаи байналмилалии молӣ пешбинӣ кардааст, ки дар сурати паноҳ бурдани садҳо ҳазор паноҳҷӯи афғон, Тоҷикистон тавони иқтисодии нигаҳдории онҳоро нахоҳад дошт. Сандуқи Байналмилалии Пул дар як гузориши наваш гуфтааст, эҳтимолан нишондодҳои иқтисоди Афғонистон имсол 30 фоиз кам мешавад ва сабаби болоравии бенавоиву фақр дар миёни миллионҳо сокинони ин кишвар шавад. Ин ҳолат, ба бовари мутахассисон, ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва Туркияву Аврупо таъсири бад мегузорад. Дар ин гузориш, ки ҳамин ҳафта нашр шуд, омадааст, агар як миллион нафар афғонистонии дигар гурехта ба кишварҳои дигар паноҳ баранд, харҷи нигаҳдории онҳо дар Тоҷикистон дар як сол 100 миллион долларро ташкил хоҳад дод.

Харҷи нигаҳдории онҳо дар Эрону Покистон аз ин ҳам болотар - аз 300 миллион доллар то ба ним миллиард доллар мерасидааст. Дар гузориши Сандуқи Байналмилалии Пул омадааст, ки дар сурати фирори паноҳҷӯёни афғон ба кишварҳои ҳамсоя, мумкин аст, онҳо “ба буҷаи кишварҳои мизбон бори изофӣ шаванд, бозори корро зери фишор гузоранд ва танишҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд биёранд.”
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 13-уми октяябр раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, рӯзона аз 400 то 500 паноҳҷӯи афғон саъй мекунанд, ба хоки Тоҷикистон гузаранд. Баъди ба қудрат расидани Толибон дар моҳи август, иқтисоди Афғонистон зарбаҳои гуногуне дид, содирот кам шуд, қурби пул поён омад ва сатҳи некӯаҳволии мардум бадтар шуд. То охири соли гузашта дар Афғонистон шумори беҷошудаҳои дохилӣ 3.5 миллион ва паноҳҷӯ дар хориҷа 3 миллион нафар буданд. Нисфи онҳо дар Покистон зиндагӣ мекунанд.

Жданов ҷоизаи Навалнийро "ҳодисаи муҳими сиёсӣ номид"

Иван Жданов раиси Бунёди мубориза бо коррупсия, ки Алексей Навалний муассиси он мебошад

Алексей Навалний, мунаққиди зиндонии Кремлин ва раҳбари мухолифони Русияро парлумони Аврупо барандаи имсоли ҷоизаи ба номи Андрей Сахаров номид. Ин ҷоиза барои озодии андеша тақдим мешавад ва парлумони Аврупо гуфт, ки талошҳои Навалнийро дар ошкор кардани фасод ва ҳам маҳдуд кардани озодиҳо дар Русия қадрдонӣ мекунад. Дар миёни довталабони дигари ин ҷоиза инчунин гурӯҳи фаъолони зан аз Афғонистон ва ҳам як сиёсатмадори зиндонӣ аз кишвари Боливия ҳам буданд.

Раиси парлумони Аврупо Девид Сассули гуфт, ки Навалний “зидди коррупсия дар режими Владимир Путин аз роҳи хастанопазир мубориза бурда, қонуншиканиҳоро ошкор кард ва тавонист, ки миллионҳо мардумро дар саросари Русия сарҷамъ оварад. Ба ҳамин хотир ҳам ӯро заҳролуд карда ба зиндон андохтанд”.

Иван Жданов, яке аз ҳамсафони Навалний гуфт, ки ҳамаи номзадон барои бурдани ҷоизаи Сахаров қавӣ ва шахсони сазовор буданд ва ин, ки ҷоиза ба Навалний дода шуд, як ҳодисаи бисёр муҳими сиёсӣ мебошад.

Алексей Навалний 45 сол дорад ва баъди бозгашташ аз табобати баъди заҳролудшавӣ дар Маскав ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудааст.

Боздошти мансабдорони баландпояи Хадамоти марзбонии Қирғизистон

Кумитаи амнияти милли Қирғизистон мегӯяд, "фаъолияти устувори коррупсионии кормандони Хадамоти марзбонии ин кишварро ошкор кардааст.

Ба огаҳии кумита, "кормандони гузаргоҳи марзии "Достук-автодорожний", ки аз сӯи сардорони шуъбаҳои Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳимоят мешуданд, аз мусофирон, аз ҷумла узбекистониҳо ва ронандагони мошинҳои боркаш ҳангоми убури марзи ин кишвар пул мегирифтаанд.

Сардори гузаргоҳи марзии "Достук-автодорожний" А.Э., сардори бахши Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар вилояти Ӯш Ч.Н. ва муовини аввали сардори Ситоди кулли ин хадамот К.Б. дастгир шудаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Гирифтани ришва аз сӯи як гуруҳ" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дастгиршудаҳо дар ҳабс ҳастанд.

Пештар як гуруҳ аз шаҳрвандони Узбекистон ба президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов муроҷиат карда, аз тамаъкории марзбонони қирғиз ҳангоми гузаштан аз сарҳад шикоят карда буданд.

Як фаъоли маъруфи беларусӣ даргузашт

Антон Фурс (аз чап дуюм) дар маросими дафни ҳамсараш Олеся Умпирович дар соли 2017

Дар Беларус дар синни 94-солагӣ як фаъоли маъруфи истиқлолияти ин кишвар ва муассиси созмони зеризаминии “Ҷавонони ватандӯсти Беларус” даргузашт. Юрас Фурс, писари ӯ дар шабакаи Facebook рӯзи 20-уми октябр хабар дод, ки падараш дар хона дар шаҳри Постави даргузашт. Ӯ нагуфт, ки сабаби марги падараш чӣ будааст. Фурс дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок карда баъдан омӯзгор шуд. Замони донишҷӯӣ ӯву дӯстонаш созмони ҷавононро таъсис доданд, ки ҳадафаш пешбурди забон ва фарҳанги беларусӣ буд.

Вале соли 1947 Фурсро бо иттиҳоми фаъолиятҳои зиддишӯравӣ ҳабс ва ба ҳукми қатл маҳкум намуданд. Баъдан ҳукми ӯ ба 25 соли ҳабс тағйир дода шуд. Ӯ мӯҳлати ҳабсашро дар зиндонҳои минтақаи Урал ва ҳам зиндони низомаш сангини Карлаг - воқеъ дар Қазоқистон пуштисар кард. Соли 1955 ӯ дар қатори зиндониҳои дигар дар ошӯби дохили зиндони Карлаг иштирок кард. Ин ошӯбе буд, ки он замон дар чандин маҳбасҳои дигари атроф паҳн шуд. Ӯ дар маҷмӯъ нӯҳ солашро дар зиндонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ пуштисар карда баъдан пеш аз мӯҳлат озод гардид.

Баъди озодӣ бо Олеся Умпирович, ки ҳамчунин як фаъоли беларусӣ буду барои андешаҳояш зиндонӣ гардид, оила барпо кард.

То соли 1982 онҳо дар Қазоқистон зиндагӣ карданд ва танҳо баъд ба Беларус кӯчиданд. Он замон Фурс ва дигар аъзои созмони “Ҷавонони ватандӯсти Беларус” сафед карда шуданд. Ҳамсараш, ки соли 1993 сафед шуд, соли 2017 дар 92-солагӣ даргузашт.

Михаил Саакашвилӣ бо мошини боркашонӣ вориди Гурҷистон шудааст

Додситонии Гурҷистон айбномаи Михаил Саакашвилӣ, президенти пешини ин кишварро дар убури ғайриқонунии марз содир кард.

Ба иттилои додситонӣ, Саакшвилӣ бо киштии "Вилнюс" аз баҳри Сиёҳ то бандари Потии Гурҷистон омадааст. Аз онҷо шаби 29 сентябр бо мошини боркашонии ҳомили маҳсулоти ширӣ вориди Гурҷистон шудааст. Додситонӣ хабар дод, ки наворҳои видеоӣ дар дохили мошини боркашонӣ будани Саакашвилиро собит мекунанд.

Расонаҳо навиштанд, дар доираи парвандаи Саакашвилӣ оид ба убури ғайриқонунии марз то ин замон 3 кас: ронандаи мошини боркашонӣ ва ду коргари бандари Потӣ боздошт шудааст.

Саакашвилӣ баъди 8 соли хориҷ шудан аз Гурҷистон рӯзи 1 октябр дубора ба он кишвар рафт. Мақомоти Гурҷистон Саакашвилиро бо айби убури ғайриқонунии марз боздошт карданд. Айни замон Саакашвилӣ дар боздошт аст.

Дастгоҳи президенти Қирғизистон гуфт, чаро ин кишвар аз Қазоқистон ангишт мехарад

Дастгоҳи президенти Қирғизистон шарҳ дод, ки чаро бояд ширкати "Истгоҳҳои барқӣ" барои Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек аз ширкати қазоқии "Hampton Resources Limited" ангишт харидорӣ мекунад.

Дар баёнияи ин ниҳод аз 20 октябр омадааст, муовини раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ин кишвар Динора Кутманова аз марказҳои гармидиҳӣ ва шахтаҳои ангишти Қазоқистон боздид карда, бо истифодаи навъи "КО"-и консентрати ангишт шинос шуданд.

"Истифодаи санҷишии ин навъи ангишт дар Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек таъсири мусбати онро ба вазъи муҳити зист нишон дод", - афзудааст манбаъ.

Пештар қарори Девони вазирони Қирғизистон барои харидории ангишт аз ширкати хориҷӣ дар порлумони ин кишвар баҳсҳоеро ба вуҷуд оварда буд.

Amnesty International гуфт, чи гуна пандемия ба озодии баён дар ҷаҳон таъсир расонд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи "Amnesty International" дар мавриди чигуна таъсир кардани пандемияи коронавирус ба озодии баён дар ҷаҳон гузориш нашр кардааст.

Ба гуфтаи муаллифони гузориш, мақомоти бештари кишварҳои барои маҳдуд кардани озодии баён аз пандемия сӯистифода кардаанд.

Дар миёни кишварҳое, ки созмон интиқод кардааст, Белорус, Бразилия, Маҷористон, Миср, Испониё, Итолиё, Чин, Русия, Сербистон, ИМА, Узбекистон, Фаронса, кишварҳои Халиҷи Форс, Африқо ва Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ низ ҳастанд.

Ба гуфтаи коршиносони созмон, баҳсҳо бар сари коромадии ин ё он ваксина ба як абзори муборизаи геополитикӣ миёни кишварҳо табдил ёфтааст. Дар натиҷа сарбории низомии тандурустии кишварҳо афзоиш ёфта, сабаби зиёд шудани маргумир, коҳиши боварии мардум ба расонаҳои хабарӣ ва мақомот шудааст.

Ҳамчунин баъзе кишварҳо барои тоза кардани фазои иттилоотӣ аз танқидҳо, мухолифони сиёсӣ ва расонаҳои мустақил аз пандемия сӯистифода намудаанд.

Ҷасади як узви зиндонии ҲНИТ-ро ба наздиконаш додаанд. Мақомот: "Таҳқиқ мекунем"

Зиндони шаҳри Ваҳдат, акс аз соли 2019

Ҷасади як узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро рӯзи 14-уми октябри имсол ба наздиконаш додаанд.

Маҳмадназар Хоҷаев соли 2015 бо гуноҳи терроризм ва ифротгароӣ ба 28 сол зиндон маҳкум шуда, дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат нигаҳдорӣ мешуд.

Пайвандонаш ба созмонҳои наздик ба мухолифин дар хориҷа иддао кардаанд, ки ӯ бар асари "латукӯб ва хунравии мағзӣ" дар маҳбас ҷон додааст. Мақомоти Идораи зиндонҳо 20-уми октябр гуфтанд, хабарро нав аз забони хабарнигори "Озодӣ" шуниданд ва дурустии онро таҳқиқ мекунанд.

Саидисҳоқ Бобоев, узви Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Полша, ба Радиои Озодӣ гуфт, пайвандони Маҳмадназар Хоҷаев дар ҷасади ӯ осори зарбу латро дидаанд.

"Шаби 13-уми октябр бар асари зарбаи сахт пушти сараш кафида, хунрезии мағзӣ шудааст. Наздиконаш аз ин бештар гап намезананд. Метарсанд. Маҳмадназар Хоҷаев узви ҲНИТ буд ва ба ҳамкорӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим (Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ) ба зиндон маҳкум шуда буд", -- афзуд ӯ.

Мақомот то ба ҳол ин хабарро расман тасдиқ ё инкор накардаанд. Ҳамзамон аз тарафи кӣ ва бо чӣ ангезае латукӯб шудани Маҳмадназар Хоҷаев дар маҳбас рӯшан нест.

Як корманди Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 20-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ҳодиса хабар надоштанд ва ҳоло аз пайи таҳқиқи он хоҳанд шуд.

Маҳмадназар Хоҷаеви 45-сола соли 2015 номзад ба вакилии Маҷлиси ноҳияи Рӯдакӣ буд, вале иддао дошт, бар асоси аризаҳои қалбакӣ аз рақобат берун карда шуд. Шикоятҳояш дар додгоҳи Рудакӣ низ бенатиҷа анҷомид.

Мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро дар ҳодисаи 4-уми сентябри соли 2015, ки онро ошӯб меноманд, гунаҳкор ва то кунун даҳҳо узв ва фаъолонашро боздошту зиндонӣ кардаанд.

Раҳбарони ҳизб дар хориҷа даст доштани худро дар ҳодисаҳои шаш сол пеш рад карда, онро баҳонаи аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун рондани "дуюмин ҳизби сиёсии пуртарафдор" номидаанд.

Модари Иззат Амон мегӯяд, писараш гуноҳе накардааст. ВИДЕО

Ашӯрбибӣ Холова

Модари Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, мегӯяд, писараш гуноҳе накардааст ва набояд зиндонӣ мешуд. Ашӯрбибӣ Холоваи 73-сола умедвор аст, ки мақомоти олии кишвар ба парвандаи ӯ мудохила мекунанд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми октябр Иззат Амонро, ки баҳори имсол аз Русия ихроҷ ва дар Тоҷикистон дастгир шуд, бо гуноҳи "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" ба 9 сол зиндон маҳкум кард.

Ашӯрбибӣ Холова 20-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳукмро ноодилона хонд.

Ӯ гуфт: "Писарам ҳаққи касеро нахӯрдааст. Ягон нафар ҳам бо даъвое ба манзили мо наомад. Мо танҳо ба хотири озодии ӯ маҷбур шудем, пули гуфтаашонро диҳем. Интизор доштам, озод мекунанд, лекин нашуд. Ҳоло аз президент мехоҳам, ин масъаларо мебинад."

Хонум Холова афзуд, аз замоне ки писарашро аз Русия ба Тоҷикистон ронданд, як дафъа бо ӯ мулоқот дошт.

Масъулони Додгоҳи шаҳри Душанбе то ҳол нагуфтаанд, ки чаро бо вуҷуди ҷуброни маблағи даъвогарон, қонуни афв нисбат ба Иззат Амон татбиқ нагардид. Дар ҳоле ки, ҳуқуқдонҳо гуфта буданд, қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки Иззат Амон бар асоси он муҳокима шуд, шомили афв мешавад.

Наворро дар инҷо бинед:

Модари Иззат Амон мегӯяд, писараш гуноҳе накардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

Иззат Амон, раиси созмони "Маркази тоҷикон" дар Маскав, ки бештар аз ҳаққи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят мекард, рӯзи 25-уми марти имсол аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва сипас аз қаламрави ин кишвар ронда шуд. Пас аз як рӯзи он мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои мақомот, Иззат Амон бар асоси даъвои чанд нафар дастгир шуда, ба қаллобӣ гунаҳкор шудааст. Наздиконаш аксар даъвоҳоро бепоя медонистанд, вале гуфтанд, ба хотири раҳоии ӯ беш аз 1 миллиону 90 ҳазор рубл ва 1000 доллари даъвогаронро супурданд.

Ҷонибдоронаш бовар доранд, боздошту ҳукми Иззат Амон дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ аст. Иззат Амон дар баробари ёрӣ ба муҳоҷирони корӣ аз сиёсатҳои мақомоти Тоҷикистон низ танқид мекард.

Дар моҳи сентябри соли 2019 эълон кард, ки ҳизби муҳоҷиронро бо номи "Тағйирот, ислоҳот ва рушд" таъсис хоҳад дод ва ҳадафаш ҳузури муҳоҷирон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон аст. Баъдан бо ишора ба фишор ва монеагузориҳо аз ин идея даст кашид.

Манбаъҳо: Навалний барандаи ҷоизаи Сахаров шуд

Алексей Навалний мунаққиди шадидлаҳни Кремлин аз моҳи январ ба ин сӯ дар зиндон аст

Манбаъҳои боварбахш гуфтанд, ки сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия, Алексей Навалний, барандаи ҷоизаи “Озодии андеша” ба номи Сахаров шуд.

Дар ин бора мақомот дар Порлумони Аврупо, ки ба ҷараёни қабули қарор наздик ҳастанд, рӯзи 20-уми октябр ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ хабар доданд.

Ҷоизаи муътабар барои мубориза барои озодии баён ва демократия дар ҳоле тақдим мешавад, ки худи Алексей Навалний, сиёсатмадори 45-солаи мухолиф ва муассиси Бунёди мубориза бо коррупсия, аз моҳи январи имсол дар зиндон аст.

Ӯро моҳи августи соли 2020 бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба беморхонае дар шаҳри Берлин бурданд ва таҳқиқоти озмоишгоҳҳои мустақил заҳри низомӣ будани ин маводро исбот кард. Худи Навалний президенти Русия Владимир Путинро ба амр додани заҳролудкунии худ гунаҳкор кард. Кремлин ин иттиҳомотро ҳамеша рад кардааст.

Баъди бозгашт аз муолиҷа, Навалний моҳи январи имсол дар фурудгоҳ боздошт шуд ва бо иттиҳоми нодида гирифтани ҳукми додгоҳи қаблӣ ба 2,5 сол ҳабс маҳкум шуд.

Расман номи барандаи имсолаи ҷоиза ва 50 ҳазор евро мукофотпулиаш рӯзи 21-уми октябр эълон хоҳад шуд.

Дар гузашта президенти Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела, фаъоли покистонӣ Малола Юсуфзай, ҳомии уйғурҳои Чин Илҳом Тохтӣ ва мухолифони беларусӣ барандаи ин ҷоиза шудаанд.

Ҷоизаи ба номи Сахарови Порлумони Аврупоро аз соли 1988 ба онҳое тақдим мешавад, ки дар роҳи мубориза барои ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ корнамоӣ кардаанд.

Саакашвили, ки гуруснанишинӣ мекунад, ба мудохилаи тиббӣ розӣ шуд

19 октябр, гурӯҳи тарафдорони Саакашвили дар назди бинои ҳукумати Гурҷистон

Собиқ президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили, ки инак се ҳафта мешавад дар боздоштгоҳ даст ба гуруснанишинии эътирозӣ задааст, розӣ шуд, ки ба ҳолати ӯ дахолати тиббӣ сурат гирад, вале огоҳ кард, ки ба эътирозаш идома хоҳад дод. Дито Садзаглишвили, вакили дифои Саакашвили рӯзи 20-уми октябр номаи зерҳимояи худро ба матбуот қирот кард, ки дар он президенти собиқ гуфтааст, омода мебошад, ки барои кори худ “ҷон диҳад”. Дар номаи Саакашвили омадааст: “Айни замон, ман мехоҳам, ки ба хотири ин ки корамро то охир анҷом диҳам, ҳушёрии зеҳну нирӯи кориамро аз даст надиҳам. Ба ҳамин хотир, ман иҷоза медиҳам, ки табибон мудохилаи тиббӣ кунанд ва ин ҳолат барои... идомаи ширкати ман дар таҳаввулоти ҷорӣ мусоидат хоҳад кард”.

Як рӯз пеш аз ин гурӯҳи табибон баъди муоинаи Саакашвили ба маъмурияти зиндон машварат доданд, ки ӯро ба бемористон интиқол диҳанд.

Саакашвили рӯзи 1-уми октябр баъди 8 сол пеш тарк кардани Гурҷистон ба ватан баргашт ва ҳамон рӯз боздошт шуд. Ӯ ҳамон замон дар боздоштгоҳ даст ба гуруснанишинӣ зад ва боздошти ӯ дар берун боиси эътирозҳои ҳазорҳо тарафдоронаш шуд.

Саакашвилии 53-сола гуфтааст, ки боздошти ӯ бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Саакашвили солҳои 2004 то 2013 президенти Гурҷистон буд. Ӯро соли 2018 дар ғайбаш барои берун рафтан аз салоҳиятҳои корӣ ба 9 соли зиндон маҳкум карданд, вале худи ӯ ин иттиҳомотро ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ рад кардааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG