Додгоҳи шаҳри Маскав аризаи ҳунарпешаи маъруфи рус Михаил Ефремовро баррасӣ карда, аз ҳукми 8 соли зиндони ӯ шаш моҳашро кам кард. Додгоҳ гуфт, ки 7,5 соли зиндонро Ефремови гунаҳгоршуда дар марги инсон дар як садамаи автомобилӣ дар зиндони низомаш умумӣ пуштисар мекунад. "Медуза" хабар дод, ки додгоҳ пардохти довталабонаи ҷуброни маънавӣ ба зарардидагони ин фоҷеаро ба инобат гирифт.
Вале худи Ефремов мехост, ки ҷазош ба чораҳои берун аз ҳабс табдил дода шавад. Вакили Ефремов гуфтааст, ки бозбинии ин ҳукмро ҳам дархост хоҳанд кард.
Ҳодиса 8-уми июни имсол дар Маскав рух дод. Ефремовро дар он гунаҳгор карданд, ки дар ҳолати сахти мастӣ сари чанбари мошин буд ва ба мошине, ки аз хати муқобили як хиёбони калон ҳаракат мекард, бархӯрд. Дар натиҷа, ронандааш бо ҷароҳатҳои сангин дар беморхона даргузашт.
Қазияи мазкур таваҷҷӯҳи зиёди расонаҳои хабарӣ ва ҳам мунаққидони Ефремовро ба худ ҷалб кард, чун ин ҳунарпеша солҳои охир бо мазҳакаҳои сиёсиаш маъруф буд ва дар саҳнаҳои ҳаҷвиаш худи президент Владимир Путинро ҳам ба боди интиқод кашидааст.