Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимбек Матраимовро бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карданд


Раҳимбек Матраимов дар назди бинои додгоҳ. 20-уми октябри 2020
Раҳимбек Матраимов дар назди бинои додгоҳ. 20-уми октябри 2020

Додгоҳе дар шаҳри Бишкек шоми 20-уми октябр Раҳимбек (Райимбек) Матраимов, машҳур бо номи «Раим миллион»-ро, ки дар доираи тақҳиқи фасод дар Хадамоти гумруки Қирғизистон дастгир шуда буд, бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист озод кард.

Додситон хостааст, ӯ то замони анҷоми таҳқиқ дар озодӣ бимонад, вале вазифадор кардааст, «маҳалли зистро бе иҷозаи муфаттиш, додситон ва додрас тарк накунад ва ба ҷараёни таҳқиқ халал нарасонад».

Раҳимбек (Райимбек) Матраимов, муовини пешини раиси Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон, рӯзи 20-уми октябр дастгир шуд. Масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтанд, ӯро дар доираи тафтиши фасодкорӣ дар соҳаи гумрук боздошт карданд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 17-уми октябри имсол аз оғози тафтиши фасодкорӣ дар Хадамоти гумруки ин кишвар хабар дода буд.

Ба гуфтаи масъулони кумита, дар Хадамоти гумруки Қирғизистон аз соли 2016 то ба ҳол бо иштироки Райимбек Матраимов ва мансабдорони масъули гузаргоҳҳои марзӣ нақшаи фасодкорие амал мекунад.

Номи Райимбек Матраимов, ки бо лақаби "Раим миллион" низ маъруф аст, дар силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop низ зикр шудааст.

Бино бар он, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдаанд.

Баъд аз нашри силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, Райимбек Матраимов, бародараш, вакили порулмон Искандар Матраимов ва бунёди хайрияи “Исмоил Ата” ба зидди Радиои Озодӣ, хабарнигор Алӣ Токтакунов ва сомонаи Kloop ба додгоҳ шикоят карданд. Искандар Матраимов гуфта буд, ки таҳқиқот бо ҳадафи беобрӯ кардани онҳо нашр шудааст.

XS
SM
MD
LG