Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши ҷомеаи Қирғизистон ба таҳқиқоти "Азаттик" дар бораи фасод


Тадқиқоти муштараки бахши қирғизии Радиои Озодӣ ("Аззатик") дар бораи фасод, вокуниши ҷиддиеро дар ҷомеаи Қирғизистон ба дунбол дошт.

Рӯзи душанбеи 25-уми ноябр дар пойтахти Қирғизистон ҳамоишҳои эътирозӣ дар назди бинои парлумони ин кишвар оғоз шуд. Дар майдони "Ала-Тоо" бештар аз ҳазор нафар ҷамъ омаданд ва аз мақомот хостанд, ки дар мубориза бо фасод чораандешӣ кунанд ва муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Раим Матраимовро ба ҳабс бигиранд.

"Ин вокуниши шаҳрвандон аст. Мо ба кӯчаҳо рехтем то мавқеи худро изҳор кунем. Ин ҷо афроде ҳастанд, ки бори аввал дар гирдиҳамоӣ ширкат мекунанд",-гуфт дар мусоҳиба бо Радиои "Азаттик" яке аз созмондиҳандагони ин ҳамоишҳо, фаъоли иҷтимоӣ Улан Усойун.

Ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ кадоме аз неруҳои сиёсӣ ин ҳамоишҳоро пуштибонӣ накардааст, шаҳрвандон худ онро созмондеҳӣ кардаанд ва афроде, ки бетараф нестанд, барои хайма ва варақаҳо маблағ фиристоданд.

Ин вокуниши шаҳрвандон бар пайи нашри қисми дувуми тадқиқоти муштаркаи Радиои Азаттик, Маркази тадқиқот дар мавриди фасод ва ҷиноёти созмонёфта (OCCRP) ва тарнамои иттилоттии қирғизии Kloop дар мавриди аз Қирғизистон берун бурдани садҳо миллион доллар сар зад.

Дар тадқиқот гуфта мешавад, ки хонаводаи бонуфузи Матраимовҳо, ки муовини пешини сардори Хадамоти гумруки Қирғизистон Райим Матраимов шомили он аст, муштаракан бо дигар хонаводаи бонуфузи миллионери уйғури чинӣ Ҳабибулло Абдулқодир ғайриқонунӣ ба кашонидани мол аз Чин тавассути қаламрави Қирғизистон ва пулшӯӣ дар ҳудуди 700 миллион доллар, сару кор доштанд.

Рӯзи 10-уми ноябр дар Истанбул яке аз чеҳраҳои зидахли тадқиқот ва хабаррасони асосии ин пажӯҳиш -- тоҷири чинии уйғуртабор Айеркен Саймаити кушта шуд. Маҳз ӯ ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки дар ин додуситадҳо хонаводаи муовини пешини сардори Хадамоти гумрук Райимбек Матраимов даст дорад.

Бародари Райимбек Матраимов вакили парлумони Қирғизистон Искандар Матраимов эҳтимоли даст доштани бародарашро дар фасод рад кард.

Вале котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Дамир Сагинтаев дар нишасти матбуотии 25-уми ноябр гуфт, ки бар пояи тадқиқоти "Азаттик", гурӯҳи тафтишотии муштарак аз ниҳодҳо омӯзишро оғоз кардаанд ва имкон дорад Райимбек Матраимовро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кунанд.

Вокуниши ҳукумат

Дар ҳукумати Қирғизистон ҳамчунин гуфтанд, ки "тамоми фарзияҳои амалкардҳои фасодомези мансабдорони собиқ ва барҳол ҳамакнун аз сӯйи ниҳодҳои салоҳиятдор мӯшикофона омӯхта мешавад".

"Кор барои решакан кардани фасод дар ниҳодҳои гумрук ба таври муназзам анҷом дода мешавад. Сарвазир ба ин назар аст, ки механизмҳои мавҷуди зидди фасод бисёр кам муассир воқеъ мешаванд. Онҳо чунин меҳисобанд, ки танҳо бо тағйироти кадрӣ намешавад ба тағйироти решаӣ дар кори гумрук даст ёфт. Маҳз ба ҳамин хотир дар Хадамоти давлатии гумрук фановариҳои навинро фаъолона вориди амал мекунанд",-гуфтанд дар ҳукумат.

Дар мавриди ин ки кадом тадбирҳои мушаххасе рӯйи даст гирифта шудаанд, дар баёнияҳои мақомоти расмӣ чизе гуфта намешавад. Вале коршиносон чунин меҳисобанд, ки фаъол шудани шаҳрвандон қадами мусбате мебошад.

Табақаи таҳсилкарда дар сафи пеши ҳамоишҳо

Нозирин ва рӯзноманигороне, ки гирдиҳамоиро пӯшиш медиҳанд, ба фарқи он аз ҳамоишҳои пешин таъкид мекунанд, ки дар ин бештар намояндагони бахши таҳсилдидаи мардум ширкат кардаанд, ки ҳадафҳои рӯшани сиёсӣ доранд ва тасмим гирифтанд мавзеи худро дар баробари муқовимат бо фасод ба намоиш бигузоранд.

"Ҳадафи аслии ин гирдиҳамоӣ он нест, ки кадом касе ба маҳбас кашида шавад. Агар ба моҳияи он бингарем, ҳадафи аслӣ боло бурдани гузоришдиҳии ҳукумат аст. Ин ҳушдори хубе ба мақомот аст, ки барои мо ба ҳам омадани нухбагон дар баробари қудрат зарур нест, ҳамин кофист, ки ҳар шаҳрванде битавонад ба хиёбон бирезад ва норизоятии худро аз он чӣ дар кишвар мегузарад, изҳор кунад",-мегӯяд коршинос Азим Азимов.

Сиёсатшинос Медет Тулегенов бр ин назар аст, ки гирдиҳамоӣ мардумеро сарҷамъ кард, ки дар доираҳои гуногуне дар ҷомеа тамосу нуфуз доранд ва ин метавонад рӯйи натиҷа додани он дар оянда асаргузор шавад.

Ширкатдорони ҳамоиш гуфтаанд, ки бори дигар душанбеи оянда бо мақсади ҳушдор додан ба мақомот таҷаммӯъ мекунанд.

Бояд гуфт, ки тадқиқоти ба ин монандро OCCRP дар Тоҷикистон доир ба империяи тиҷоратии "Фароз", ки марбут ба домоди президент Шамсулло Соҳибов аст, гузаронида буд.

Дар тадқиқот василаҳои гуногуне таъкид шуда буд, аз ҷумла, ғайриқонунӣ пеш бурдани тиҷорат ва ҳифзи қудрати инҳисории ин ширкат ва шарикони он. Вале вокунишҳо ба ин тадқиқот танҳо дар доираи шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифту халос.

Шарҳҳоро бинед (5)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG