Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳои Беларус бо вуҷуди таҳдид ба саркӯби хунин идома ёфт


18-уми октябр, Минск
18-уми октябр, Минск

Дар шаҳри Минск бо вуҷуди таҳдиди вазорати умури дохилӣ ба истифодаи нирӯи сангин алайҳи эътирозгарон даҳҳо ҳазор сокини Беларус бо талаби истеъфои Александр Лукашенко раҳпаймоӣ намуданд. Мақомот дар пойтахт мошинҳои низомиву обпошҳоро ҷойгир карданд, вале дар эътирозҳои 18-уми октябр боз ҳам полис аз истифодаи ин васоил барои пароканда кардани эътирозгарон худдорӣ намуд. Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи “Весна” гузориш дод, ки рӯзи якшанбе дар Минск дастикам 200 нафар ва дар шаҳрҳои дигар беш аз 30 нафар дастгир шудааст. Як рӯз пеш аз эътирозҳо муовини аввали вазири дохилӣ Геннадий Казакевич таҳдид кард, ки “агар зарур буд”, барои пароканда кардани эътирозгарон “аз силоҳҳои марговар” ҳам истифода хоҳад шуд. Мақомот эътирозҳоро ғайриқонунӣ меноманд. Ин аввалин бор аст, ки мақомот дар Беларус ба истифодаи силоҳ алайҳи эътирозгарон таҳдид мекунанд. Баъди дар интихоботи президентии 9-уми август пирӯз эълон шудани Александр Лукашенко, ки аз соли 1994 сари қудрат аст, мардум дар Беларус пайваста эътироз мекунанд.

XS
SM
MD
LG