Масъулони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз иҷро шудани беш аз 80 дарсади нақшаи ҷалби ҷавонон ба артиш ва афзоиши сафи ихтиёриён хабар доданд. Вале баъзе аз сокинон шикоят доранд, ки фарзандони онҳоро маҷбурӣ ё тариқи "сарбозшикор" (“облава”) ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд.
“МИСЛИ ЯК ҶИНОЯТКОР БУРДАНД”
Волидони Баҳодур Барпиев, сокини 23-солаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, иддао доранд, ки писарашонро кормандони комиссариати ҳарбӣ ва масъулони ҷамоат иҷборан ба артиш фиристодаанд. Ба қавли онҳо, ҳодиса рӯзи 13-уми октябр рух дод.
Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Ёвон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Баҳодур Барпиев пас аз он ки аз рафтан ба хидмати ҳарбӣ саркашӣ кард, "бо мадади хешовандон" ба сафи артиш ҷалб шуд.
Навори чӣ гуна ба артиш бурдани ҷавон дастраси Радиои Озодӣ гардид. Дар он дида мешавад, ки гурӯҳе ҷавонро аз саҳни ҳавлӣ кашола карда, ба берун мебароранд ва бо мошин мебаранд.
Тошмад Барпиев, сокини ҷамоати Обшорони Ёвон, рӯзи 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ҷалби писараш, Баҳодур, ҳудуди 30 корманди мақомот, аз ҷумла масъулони комиссариати ҳарбӣ ва кормандони ҷамоат омада буданд. Ӯ аз он нороҳат аст, ки писарашро “мисли як ҷинояткор” дастгир карданд.
ДАЪВОИ ПАДАР ВА ШАРҲИ КОРМАНДИ ҶАМОАТ
“Аввал як корманди ҷамоат дар кӯча аз қафои писарам шудааст. Ӯ давида ба хона омад. Корманди ҷамоат ҳам ба саҳни ҳавлӣ омад ва гуфт, ки агар даҳ ҳазор сомонӣ надиҳӣ, бачаатро мебарем. Гуфтам, ин қадар пулро аз куҷо меёбам. Пешниҳод кардам, ки 1500 сомонӣ қарз гирифта диҳам. Қабул накард ва баъд ба дигарон занг зад”, -- нақл кард ӯ.
Масъулони ҷамоати Обшорони Ёвон нахостанд, шеваи ҷалби Баҳодур Барпиевро ба артиш шарҳ диҳанд. Як корманди ин ҷамоат, ки нахост номаш бурда шавад, дар тамоси телефонӣ ҳолати пул талаб карданро аз наздикони Баҳодур Барпиев беасос хонд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
ДАЪВАТНОМА БУД, Ё НАБУД?
Дар ҳамин ҳол, Шаҳоб Мирзоев, сардори комиссариати ҳарбии ноҳияи Ёвон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба Баҳодур Барпиев даъватнома фиристода буданд, вале ӯ аз рафтан ба хидмат саркашӣ кардааст. Вай афзуд, пас аз дастрас намудани даъватнома нисбат ба ҷавонони саркаш санад тартиб дода, ба шуъбаи корҳои дохилӣ мефиристанд.
Комиссари ҳарбӣ посухи дақиқ надод, ки нисбат ба Барпиев барои ба гуфтаи онҳо саркашӣ аз хидмат чӣ санад тартиб додаанд, вале гуфт, “ҳангоми ба артиш ҷалб намудани Баҳодур ҳеч гуна зӯрӣ сурат нагирифтааст”.
Тошмад Барпиев мегӯяд, ки ба писараш даъватнома наоварда буданд: “Агар даъватномаро дастрас мекардем, худам ӯро барои хизмати ҳарбӣ мефиристодам бо сари баланд.”
Нуралӣ Кукузов, раиси маҳаллаи Оли Сомон, маҳалли зисти Баҳодур Барпиев, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз сӯйи комиссариати ҳарбӣ ба ин ҷавон даъватнома ирсол нашудааст: “Агар мефиристоданд, ман раиси маҳалла ҳастам, медонистам. Вақте ба ҳавлияшон барои бурдани ӯ омаданд, гуфтам, ки ягон санад ё супорише дошта бошед марҳамат, лекин ягон санад надоштанд. Вақте ин гапҳоро гуфтам, ба тарафи ман зӯрӣ карданд.”
ҲУҚУҚДОНҲО АЗ ИСЛОҲОТ МЕГӮЯНД
Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, навори чӣ гуна ба артиш бурдани сокини ҷавони Ёвонро тамошо кардааст ва онро “мухолиф ба меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон” медонад. Вай гуфт, “барои он ки онҷо мушоҳида мешавад, ҷавонро бо зӯр бурда истодаанд. Агар даъватнома низ фиристода бошанд, касе ҳақ надорад ба манзил ворид шуда, иҷборан ба хизмат барад, набояд чунин мешуд.”
Созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар Тоҷикистон дар мавсими тирамоҳии даъват ба артиш алакай 8 муроҷиат ва 12 навори иҷборан ҷалб шудани ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дарёфт кардааст. Дилрабо Самадова, раиси созмон, ба Радиои Озодӣ гуфт, барои аз байн бурдани “сарбозшикор” дар қонунгузории кишвар бояд ислоҳоти ҷиддӣ ворид карда шавад.
“Дар масъалаи даъвати ҳарбӣ ягон ислоҳот нашудааст ва дар қонунҳое, ки имрӯз мавриди амал қарор доранд, ягон ислоҳоти бузург сурат нагирифтааст. Масалан, муҳлати хизмати ҳарбӣ дар аксари давлатҳо кам карда шудааст, лекин дар мо ҳанӯз 24 моҳ аст. Хизмати алтернативӣ надорем, чораҳои ҳавасмандкунӣ надорем”, -- шарҳ дод ӯ.
“БЕШ АЗ 30 ШАҲРУ НОҲИЯ НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД”
Нигарониҳо аз ҷалби ҷавонон ба артиш дар ҳоле сурат мегирад, ки Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба ин масъала то ҳол ягон шикояти расмӣ ба унвонии онҳо нарасидааст.
Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, беш аз 30 шаҳру ноҳия аллакай нақшаи даъватро иҷро кардаанд ва “шумори ихтиёриён имсол зиёд шудааст”. Баръакси ин, баъзе аз сокинону таҳлилгарон ҳамвора аз вуҷуди ҷалби маҷбурии ҷавонон, омилҳои коррупсионӣ, шиканҷаву муносибати сард ва шароити бад дар қисмҳои ҳарбӣ ва набуди имтиёзҳои кофӣ барои сарбозон шикоят мекунанд.
Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор -- баҳору тирамоҳ -- сурат мегирад ва дар ҳар даъват ҳазорҳо ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.