Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади ду сарбози тоҷикро ҳанӯз наёфтаанд. Наздикон аз "норӯшаниҳо" ва шеваи ҷустуҷӯ розӣ нестанд. ВИДЕО


Наздикон талаб доранд, ки ҷасади сарбози қаҳрамонро пайдо кунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Пайвандони Сироҷиддин Ятимов, яке аз сарбозоне, ки дар рӯдхонаи Бартанги вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ғарқ шуд, аз норӯшаниҳо дар ин қазия нигаронӣ доранд.

Ба иттилои расмӣ, Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов, сарбозони қисми нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯшон, рӯзи 30-юми сентябри имсол бо ҳадафи наҷоти як хонандаи мактаб худро ба дарё партофта, ғарқ шудаанд.

Наздикони Сироҷиддин Ятимов гуфтанд, бори охир бо ӯ 28-уми сентябр суҳбат доштанд. Маҳастӣ Зуҳурова, хоҳари Сироҷиддин, мегӯяд, бародараш он рӯз ваъда карда буд, ки пас аз чанд лаҳза тавассути Интернет аз маросими ҷамъбасти адои хизматаш акс мефиристад ва бо ҳамин бедарак шуд.

“Гуфт, ки 27-уми сентябр ҷашн доштанд. Аз ман хост, ки Интернетро рӯшан кунам ва ӯ акс мефиристад. Тамоми рӯз мунтазир будам, аммо чизе наомад. Занг ҳам назад. Ӯ ин хел бача набуд", -- мегӯяд Маҳастӣ Зуҳурова.

Бо гузашти як ҳафта аз ҳодиса, аз сарбозони ғарқшуда дарак нест. Маҳастӣ Зуҳурова мегӯяд, модару тағояш баробари хабардор шудан аз ҳодиса ба ноҳияи Рӯшон рафтаанд.

"Рӯзи дувуми октябр раиси маҳалла бо як командир омада, гуфтанд, ки ҳодиса якуми октябр шудааст. Намедонем, ки дақиқан ҳодиса кай шудааст. Боз шунидем, ки 3 сарбоз худро ба об партофтаанд, на ду кас. Дирӯз бо сарбози сеюм, ки наҷот ёфтааст, гап задем. Як гуфтааш ба гапи дигараш мувофиқат намекунад. Мехоҳем, ҳар воқеае шудааст, ба мо дақиқ бигӯянд”, -- афзуд ӯ.

Мақомот то ба ҳол ба чунин нигарониҳои хонаводаи яке аз сарбозони ғарқшуда посух надодаанд.

Аммо пештар гуфта буданд, ки Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов, сарбозони нерӯҳои марзбонӣ дар дидбонгоҳи сарҳадии рақами 5-и ноҳияи Рӯшон, мехостанд, хонандаи синфи 10-и мактаби Вамарро наҷот диҳанд, аммо худ ғарқ шуданд. Ин наврас бо қасди худкушӣ худро ба об андохтааст. Ҷасади ӯро рӯзи 30-юми сентябр ёфтаанд.

Падари Сироҷиддин Ятимов, яке аз сарбозони ғарқшуда бо нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он гила дорад, ки ниҳодҳои зидахл барои ёфтани ҷасади фарзандони "қаҳрамонашон" кӯшиши кофӣ ба харҷ намедиҳанд. Худи ӯ дар хориҷа банд монда, натавонистааст сари вақт ба ватан баргардад.

Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 6-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷустуҷӯйи сарбозони ғарқшуда аз ҷониби маъмурони наҷот якҷо бо мақомоти Рӯшон ва сокинон идома дорад. “Ҷустуҷӯй ҳамроҳ бо мақомоти милитсия, ки ҳамоно идома дорад, натиҷаи хуб наовардааст ва, мутаассифона, ин ду ҷасад ҳанӯз ёфт нашудааст”, -- хабар дод ӯ.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қаҳрамонии ин ду ҷавон, ки ба гуфтаи мақомот ҷони худро барои наҷоти каси дигар аз даст додаанд, ситоиш кардаанд. Бархе пешниҳод кардаанд, ки ба хотири гиромидошти корнамоии сарбозони ғарқшуда барои наздикони онҳо маблағ ҷамъоварӣ шавад ва дар ҷойи ҳодиса лавҳаи ёдгорӣ гузошта шавад.

Сироҷиддин Ятимови 22-сола, ба гуфтаи наздикон, ду соли пеш ба хизмати ҳарбӣ рафта, баъди шаш моҳи хизмат ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фиристода шудааст. Қарор буд, ин сарбоз рӯзҳои наздик баъди адои хидмат ба хона баргардад.

Маҳастӣ Зуҳурова, хоҳари Сироҷиддин, ки ба чанд суол дар робита ба марги бародараш посух меҷӯяд, гуфт, ӯ хеле шиновари хуб буд ва хабари ғарқ шудан барояш муаммо мемонад.

Рӯди Панҷ, ки Сироҷиддин Ятимов бо ҳамхизматаш дар он ғарқ шудаанд, хатти марз миёни Афғонистон ва Тоҷикистонро ҷудо мекунад. Аз марзбонони Афғонистон низ хоҳиш шудааст, ки ҳангоми ёфтани нишоне аз ҷасад бо мақомоти тоҷик тамос гиранд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG