Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи додани замин иҷро нашуд, акнун шаҳодатномаи бепули ронандагӣ? ВИДЕО


Ҷавонон дар курсҳои ронандагӣ.

Мақомот дар вилояти Хатлон дар мавсими баҳории даъвати ҷавонон ба артиш, аз тарзи нави ҷалби онҳо ба хидмати ҳарбӣ кор гирифтаанд. Ҷавононро пеш аз рафтан ба артиш дар курсҳои бепули ронандагӣ омӯзиш медиҳанд ва дар поёни чунин давраҳо шаҳодатнома месупоранд.

Дар гузашта баъзе аз мансабдорони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барои ҷалби ҷавонон ба артиш ваъда дода буданд, ки баъди адои хидмат ба онҳо бе навбат қитъаи замин медиҳанд. Аммо чанде аз ҷавонон шикоят карданд, ки пас аз адои хидмат натанҳо касе ба суроғашон наомад, балки ба дархосташон дар бораи замин посух надод.

Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, барои он ки дилсардӣ пайдо нашавад, онҳо пеш аз хидмати аскарӣ ба ҷавонон ваъдаи худро иҷро мекунанд. Гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ дар Тоҷикистон харҷи бештар дорад.

Мақомоти Хатлон ба ҷавонон ваъда додаанд, ки бо шаҳодатномаи ронандагӣ дар хизмат ё ронанда ва ё таъмиргари нақлиёт мешаванд. Ин ҷавонон ройгон ронандагӣ меомӯзанд ва муддати се моҳ бояд ҳам маҳорати ронандагӣ ва ҳам таъмири мошини боркашро аз худ кунанд.

Муҳаммаднабӣ Баҳодурзода, сокини ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ мегӯяд, ки дар чунин давраҳо бештар аломатҳои роҳро меомӯзанд, то ҳангоми ҳаракат хато накунанд. "Албатта, омодагии ҳарбиро ҳам меомӯзем",-мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Ёқуб Саидзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар даъвати имсолаи баҳорӣ ба нақша гирифтаанд, ки 50 нафар аз ҷавононро ба курсҳои ронандагӣ ҷалб кунанд. Саидзода мегӯяд, маблағи фарогирии 20 тан аз тарафи вазорати дифоъ ва аз 30 нафари дигар аз сӯи ҳукумати ноҳия пардохт мешавад.

Хизмат дар артиш бо шаҳодатномаи ронандагӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Ҳамасола бо шурӯи мавсими даъвати ҳарбӣ ҳолатҳои ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш зиёд мушоҳида мешавад. Ҷавонон ҳолатҳои бадрафторӣ ва марги сарбозон дар қисмҳои ҳарбиро баҳонае барои нарафтани худ медонанд. Мақомот доим аз беҳтар шудани вазъи хизмати сарбозон мегӯянд.

Таҳлилгарон аз шеваи нави ҷалби ҷавонон ба артиш ситоиш мекунанд, вале пешниҳод доранд, ки шароити техникии чунин марказҳои омӯзишӣ ба талабот мувофиқ шавад. Рустами Сафар, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, "бо ин шева ҷавонон ҳам ба хизмат мераванд ва ҳам соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ мешаванд, ки баъдан дар зиндагӣ барояшон лозим мешавад".

Айни замон чанде волидон аз гӯшаҳои Тоҷикистон дар тамос бо Радиои Озодӣ аз шеваҳои дигари ҷалби ҷавонон ба артиш шикоят карданд. Бархе аз волидон мегӯянд, барои ба артиш нафиристодани фарзандонашон зери фишори мақомот ҳастанд.

Яке аз онҳо бо шарти фош нашудани номаш гуфт, мақомоти ноҳияи Ваҳдат барои онки писари нуздаҳсолааш дар Русия ҳаст ва ба хидмат нарафтааст, хатти барқи хонаашро бурида ва таҳдид кардаанд, аз кор дар мактаб ҷавоб медиҳанд. Чанд нафари дигар навиштанд, ки ҷавонони то 27-соларо аз марз гузаштан намемонанд ва ё ба онҳо билети ҳавопаймо намефурӯшанд.

Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор -- баҳору тирамоҳ -- сурат мегирад ва дар ҳар даъват ҳазорҳо ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.

Вазорати дифои Тоҷикистон пайваста таъкид мекунад, ки дар муқоиса ба солҳои пеш шароити хидмати ҷавонон дар артиш беҳтар шудааст ва шумораи онҳое, ки ихтиёрӣ ба хидмат мераванд, афзудааст. Аммо сокинону таҳлилгарон ҳамвора аз вуҷуди ҷалби маҷбурии ҷавонон, омилҳои коррупсионӣ, шиканҷаву марги сарбозон, муносибат ва шароити бад дар қисмҳои ҳарбӣ ва набуди имтиёзҳои кофӣ барои сарбозон шикоят мекунанд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22-юми феврали имсол дар суханроние гуфт, ки пеш аз ҳама фарзандони мансабдорон, аз аъзои ҳукумат гирифта то вакилони порлумон ва раисони шаҳру ноҳияҳо, бояд ба хидмат дар артиш ҷалб шаванд. Пештар сокинон шикоят мекарданд, ки ба артиши Тоҷикистон асосан фарзандони кишоварзону камбизоатро маҷбурӣ мебаранд, вале фарзандони афроди доро ва мақомдор ё дар донишгоҳҳо мехонанд, ё дар хориҷа ҳастанд ва ё ҷалб намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG