Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хонандаро наҷот доданӣ буданд, худ, ғарқ шуданд”. Дар Бадахшон ду сарбозро меҷӯянд


Сироҷиддин Ятимов, яке аз сарбозони ғарқшуда дар Бадахшон

Мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду сарбозеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки рӯзи 29-уми сентябр дар рӯдхонаи Бартанг, як шохаи рӯди Панҷ ғарқ шудаанд.

Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов, ду сарбози як қисми марзбонӣ дар ноҳияи Рӯшон мехостанд хонандаи мактабро аз ғарқшавӣ наҷот диҳанд.

Ба гуфтаи мақомот, хонандаи синфи 10-и мактаби деҳаи Вамари ноҳияи Рӯшон бо қасди худкушӣ худро ба об андохта буд.

Ҳасан Раҷабов, як масъули қисми марзбонӣ дар ноҳияи Рӯшон гуфт, ки сарбозон дар аввал талош кардаанд, ки аз қасди худкушии ин писар ҷилавгирӣ кунанд ва ӯ худашро ба об напартояд.

“Вақте хонандаи мактаб худашро ба об мепартояд, сарбозонро шояд виҷдонашон азоб медиҳад, ки барои наҷоти ӯ ба оби сард медароянд. Мумкин музаҳои вазнини сарбозӣ ва оби сард имкон надод, ки онҳо худ ва ин писарро наҷот диҳанд. Онҳо ҳамчун қаҳрамон ва чун сарбозони дилсӯз рафтор кардаанд”,-гуфт Ҳасан Раҷабов.

Ҳоло кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сокинони Рӯшон ба ҷустуҷӯ сафарбар шудаанд.

Рӯди Панҷ хати марз миёни Афғонистон ва Тоҷикистонро ҷудо мекунад. Аз марзбонони Афғонистон низ хоҳиш кардаанд, ки дар сурати пайдо шудани нишон бо мақомоти тоҷик тамос гиранд.

Ҷасади сокини Рӯшон, ки сарбозон барои наҷоти ӯ вориди об шуда буданд, рӯзи 30-уми сентябр пайдо шудааст. Сабабҳои қасди худкушӣ намудани ӯ ҳанӯз маълум нест.

Ҳасан Раҷабов, як масъули қисми марзбонӣ дар Рушон мегӯяд, имрӯз танҳо кулоҳи сарбозии Сироҷиддин Ятимовро аз соҳил пайдо кардаанд.

Маҳастӣ Зуҳурова, хоҳари сарбоз Сироҷиддин Ятимов рӯзи 3-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мӯҳлати дусолаи хидмати бародараш ба поён расида буд.

Ӯро ду соли пеш аз шаҳри Душанбе барои хидмат ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бурдаанд.

“Ба мо нақл карданд, ки додарам он бачаро розӣ мекунад, ки худашро напартояд. Он бача дар ҷояш меистад. Ҳамин лаҳза кадом хешашро мебинад, ки ба тарафаш меояд, дигар гапро гуш накарда, саросема худашро ба об мепартояд. Додари ман бисёр бачаи дилсӯз буд. Шояд дигар тоқат накард, ки тамошобин бошад. Ду сол пурра хизмат карда буд ва рӯзҳои наздик бояд бармегашт. Ҳоло мо мунтазири хабар ҳастем.”,-гуфт ӯ.

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз амали ин ду сарбоз тавсиф кардаанд.

Падари Қандилҷон Воҳидов, сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон барои ҷустуҷӯи писараш ба ноҳияи Рӯшон сафар кардааст.

Искандар Воҳидов, падари ин сарбоз рӯзи 3-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамроҳ бо сокинон ва кормандони мақомот писарашро ҷустуҷӯ дорад.

“Ҳамаи сокинон ба мо кӯмак доранд. Се рӯз аст, ки дар ҳамин ҷо ҳастем. Наздикони он бачаи худашро дар об партофта ба мо раҳмат гуфтанд. Писарашон наҷот наёфта бошад ҳам, лекин моро дилбардорӣ карданд. Дар тақдир ҳар чизе бошад, мебинем”,-гуфт ӯ.

Қасди худкушӣ аз роҳи худро ба рӯдхонаҳо партофтан дар Тоҷикистон зуд-зуд сабт мешавад. Ҳафтаи гузашта дар Хуҷанд як духтари 17 соларо, ки бо қасди худкӯшӣ худро ба дарёи Сир партофта буд, наҷот доданд.

Дар ним соли гузашта 34 нафар дар дарёву кӯлҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки бештари онҳо аз 17 то 35 сол доштанд.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG