Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як зан дар Язғулом. Мақомот мегӯянд, ӯ ғарқ шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як зани бистсола дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар об ғарқ шуда, ҷони худро аз даст додааст. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, ҳодиса рӯзи 7-уми август дар ҷамоати Язғулом руй дод.

Ба иттилои расмӣ, ин зан мехостааст дар дарёи Ванҷ оббозӣ кунад ва ногаҳон ғарқ шудааст. Ҷасади ӯро "баъд аз ҷустуҷӯйҳои зиёд" дар поинтар аз Дашти Язғулом ёфта, ба пайвандонаш додаанд.

Ба иттилои расмӣ, дар ним соли гузашта 34 нафар дар дарёву кӯлҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки бештари онҳо аз 17 то 35 сол доштанд.

XS
SM
MD
LG