Як ҷавони 23 солаи зодаи Тоҷикистон, ки аз зиндони рақами 17‑уми шаҳри Сургути Русия фирор карда буд, боздошт шудааст.
Дар ҳафтаи охир бори дуввум аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз зиндонҳои Русия фирор мекунанд.
Рӯзи 28-уми сентябр дар маъмурияти маҳбаси 17-уми шаҳри Сургут дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми гаштугузор дар мавзеи ҳавохӯрӣ, оҳани панҷараи болои онро қаҷ карда ва аз сӯрохии ба вуҷуд омада фирор кардааст.
Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар маъмурияти ин зиндон аз ифшои ному насаби шаҳрванди Тоҷикистон худдорӣ варзид ва танҳо гуфт, ӯ ҷавони 23 сола буда, бо ҷурми "ғоратгарӣ" маҳкум шудаааст. Дар ин маҳбас ҳамагӣ ду ҳафта қарор доштааст.
Ба навиштаи расонаҳои маҳалии шаҳри Сургут ӯро пас аз як рӯзи фирор аз зиндон дар наздикии бозори "Аскания"-и ин шаҳр боздошт намуданд.
Бар зидди ӯ бо ҷурми фирор аз зиндон парванда боз шуда то чор соли зиндон таҳдид мекунад.
Рӯзи 22-уми сентбяр Вазорати корҳои дохилии Доғистони Русия хабар дода буд, ки ду нафар аз зиндониёни фирорӣ аз маҳбаси мавзеи Шамхали шаҳри Махачқалъа шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Аз онҳо Шамил Бойматов ва Маҳмадрасул Машрабов ном бурда мешавад. Амалиёти ҷустуҷӯи зиндониёни фирорӣ идома дорад ва мақомот барои маълумоте дар бораи макони будубоши ин нафарон 1 миллион рубл подош ваъда карданд.
Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон боздошти муҳоҷирони тоҷик бо ҷурмҳои гуногунро ҳамеша зери суол мебаранд. Онҳо мегӯянд, парвандаи онҳо одилона таҳқиқ намешавад.
Аз ҷумла, Каримҷон Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик дар Русия гуфта буд, ки бештари муҳоҷирон ба адвокат дастрасӣ надоранд ва додгоҳҳо бидуни далелҳои собит нисбати онҳо ҳукм содир мекунанд.
Зиндониёни тоҷик аз шароити сахти зиндонҳои Русия низ шикоят мекунанд. Соли гузашта чанд маҳбуси тоҷик дар зиндони Мордовияи Русия даст ба худкушӣ зада буданд. Пайвандонашон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки шиканҷа ва фишор боиси қасди худкушӣ шудааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, эҳтимол далели фирори зиндониёни тоҷик низ ноадолатӣ дар баррасии парвандаҳо ва фишор бошад.
Тибқи омори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Русия ё ФСИН дар ин кишвар то оғози соли 2020 беш аз 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҷазо мекардаанд. Аз миёни шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Русия дар зиндон афтодаанд, шумораи тоҷикон аз ҳама зиёд аст.