Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хешовандонашон мегӯянд, ду зиндонии тоҷикро дар Мордовия азоб медиҳанд. ВИДЕО


Зиндоние, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст ва дар утоқи танҳоӣ дар зиндони рақами 1 Мордова нигаҳдорӣ мешавад.

Хешовандони ду зиндонии тоҷик дар Русия, иддао доранд, ки посбонҳои зиндоне дар Мордовия фарзандони онҳоро азобу шиканҷа додаанд. Иддаое, ки мақомоти зиндон рад мекунанд.

Онҳо вена ё шоҳрагҳои худро буридаанд, то аз бадрафторӣ ва шиканҷаи зиндонбонҳо наҷот ёбанд, гуфтааст вакили ду маҳбуси тоҷик ва ин хабари дили модарони ду зиндониро реш карда, онҳоро водор намуд, ки даст ба амал зананд.

Мирмуҳаммад Шералиев, сокини шаҳри Норак ва Алиҷон Сафаров сокини ноҳияи Рудакӣ дар зиндони рақами 22 дар Мордовия адои ҷазо мекунанд. Мирмуҳаммад Шералиев соли 2013 бо гуноҳи фурӯши маводи мухаддир ба 13 сол ва Алиҷон Сафаров соли 2017 бо айни гуноҳ ба 9 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Ҷаҳонгули Абдурасул, модари Мирмуҳаммади 34-сола рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш шаш соли ахир дар зиндони рақами 17-и Мордовияи Русия адои ҷазо мекард ва панҷ моҳ пеш ӯро барои риоят накардани қоидаҳои зиндон танбеҳ дода, ба утоқи танҳоӣ андохтаанд.

Шикояти наздикони ду зиндонии тоҷик дар Мордовия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Ҷаҳонгули Абдурасул афзуд: “Дар ду моҳ як маротиба тамос мегирифт, сӯҳбат мекардем. Якбора тамосҳо қатъ шуд. Дар мактубе, ки писарам ба ман навишта буд, гуфт, се маъмури зиндон Евгений Белкин, Сергей Сухорёв ва Дмитрий Росторгуев ба ман фишор меоранду мезананд.”

Ҷаҳонгули Абдурасул гуфт, баъди ин бо кӯмаки вакили дифоъ аз ҳоли писараш бохабар шуд, ки рагҳои дастонашро бурида, қасди худкушӣ кардааст: "Панҷ моҳ пеш буд, дигар тамос надорем. Намедонам ҳоло дар кадом вазъ аст. Ба ман гуфтанд, ки вазъаш бад шудаву ба беморхонаи зиндон бурдаанд. Ҳоло намедонам, аз онҷо баромад ё не?»

Сарнавишти шабеҳ

Давлатёр Саидзода, бародари Алиҷон Сафаров гуфт, онҳо низ бори охир бо бародараш 5 моҳи пеш суҳбати телефонӣ доштанд ва дигар аз ҳолаш хабаре надоранд. Ҳамсуҳбати мо гуфт, бародари ӯ низ айни сарнавишти Мирмуҳаммадро дорад ва бори охир аксҳои ӯро вакили дифоаш фиристодааст ва дар он дида мешавад, ки рагҳои дастонашро буридааст. Давлатёр мегӯяд: “Гӯё барои кадом гуноҳаш ӯро ба утоқи танҳоӣ интиқол доданд. Апаам ба диданаш рафт, иҷозат надоданд, ҳатто ғизоеро, ки барояш бурда буд, қабул накарданд”.

Дар қисми навбатдории зиндони рақами 22-и Мордовия рӯзи 24-уми феврал дар тамоси телефонӣ тасдиқ карданд, ки бо чунин ному насаб зиндонӣ адои ҷазо мекунад. Онҳо шиканҷа шудани маҳбусони тоҷикро рад карданд. Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки худро дастёри масъули зиндон муаррифӣ кард, кӯтоҳ гуфт: “Агар касе аз кормандони инҷо бо маҳбусе бадрафторӣ мекард, шояд дигар инҷо кор намекард”.

Дипломатҳо хостаанд, бо зиндониён бадрафторӣ нашавад

Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Уфа гуфт, қазияро пайгирӣ дорад, ҳарчанд муҳоҷирони тоҷик шикоят мекунанд, ки масъулони сафорат дар Русия аз ҳуқуқи онҳо дуруст ҳимоят намекунанд. Саид Эмом, консули генералии Тоҷикистон, дар Уфа гуфт, қазияи Мирмуҳаммад Шералиевро пайгирӣ доранд ва моҳи октябри соли гузашта барои дидани ӯ кормандони худро фиристода буд.

Ба қавли ӯ, дар бораи Алиҷон Сафаров ба онҳо шикояте нарасидааст. Саид Эмом гуфт, мақомоти зиндон ба дипломатҳо гуфтаанд, бо зиндониён бадрафторӣ накардаанд, балки барои нақзи қоидаҳои маҳбас танбеҳ доданд: “Волидони се маҳбуси тоҷик ба мо муроҷиат карданд, ки яке аз онҳо Мирмуҳаммад Шералиев буд. Бо аксари маҳбусони тоҷик сӯҳбат карданд. Маълум шуд, мушкили асосӣ дар Шералиев аст, ки бо ҳар баҳона тартиботи дохилиро вайрон мекардааст ва ӯро ба утоқи танҳоӣ меандохтанд”.

Дипломати тоҷик гуфт, аз масъулини зиндон хостанд, шаҳрвандони Тоҷикистонро азоб надиҳанд ва бигзор дар доираи қонун адои ҷазо кунанд. Дар муассисаи ислоҳии рақами 22-и Мордовия тақрибан 100 маҳбуси тоҷик нигаҳдорӣ мешавад. Аз ин пеш се маҳбуси тоҷик аз ҳамин зиндон ба Радиои Озодӣ шикоят карда буданд. Онҳо низ мегуфтанд, ки посбонҳо бо зиндониён бадрафторӣ мекунанд ва онҳоро зуд-зуд ба утоқи танҳоӣ меандозанд.

Дар зиндонҳои Русия беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд ва аз шароити нохуби онҳо зуд-зуд гузоришҳо нашр мешавад. Матбуоти Русия ҳам пайваста дар бораи бадрафторӣ дар зиндонҳои Мордовия ва боз шудани парвандаҳо ба зидди маъмурону посбонҳои зиндон гузориш додаанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG