Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ сафар барои Ҳаҷҷи умраро иҷоза медиҳад


Ҳукумати Арабистони Саудӣ аз ҳафтаи аввали моҳи октябр марҳила ба марҳила сафар барои ҳаҷҷи умра ва зиёрати масҷиди паёмбарро иҷоза медиҳад. Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ дар моҳи марти соли равон ба хотири мубориза бо коронавирус сафари зоирони дохилӣ ва хориҷӣ ба ҷойҳои муқаддасро маҳдуд карда буд.

Хабаргузории расмии Саудӣ рӯзи 22 сентябр аз қавли як манбаъ дар Вазорати умури дохилии он кишвар эълон кард, ки бино ба пешниҳоди мақомоти зидахли мубориза бо пандемияи фарогир ва дар посух ба дархости бисёре аз мусалмонон барои адои ҳаҷҷи умра, ин маросим бо риояи тадбирҳои беҳдоштӣ иҷоза дода мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, иҷозаи адои ҳаҷҷи умра ва ворид шудан ба Масҷид Ал-Ҳаром ва зиёрати Масҷиди навабӣ дар чаҳор марҳила сурат мегирад.

Дар марҳилаи аввал ба шаҳрвандони худи Саудӣ ва афроди муқим дар дохили ин кишвар барои адои умра аз 4-уми октябр ва он ҳам 6 ҳазор нафар дар як рӯз дар Масҷид Ал-Ҳаром иҷоза дода мешаванд. Дар марҳилаи дувум иҷозаи умра, зиёрат ва намоз хондан ба шаҳрвандон ва афроди муқими дохили Саудӣ (15 ҳазор умракунанда ва 40 ҳазор намозгузор дар як рӯз) аз 18 октябр иҷоза дода хоҳад шуд.

Дар марҳилаи савум ба шаҳрвандони Саудӣ ва хориҷӣ (20 ҳазор умракунанда ва 60 ҳазор намозгузор дар як рӯз) аз 1-уми ноябр бо риояти чораҳои беҳдоштӣ иҷоза дода мешавад.

Дар марҳилаи ахир иҷозаи адои Ҳаҷҷи умра ва намозгузорӣ барои шаҳрвандон ва афроди муқими ин кишвар ва хориҷ ба мизони 100 дарсад ҳар вақте, ки мутахассисон поён ёфтани хатари поён ёфтани пандемияро эълом кунанд, иҷоза дода мешавад

Ҳукумат аз онҳое, ки барои адои ҳаҷҷи умра сафар мекунанд, хостааст, ки ниқоби муҳофизатӣ ба бар кунанд ва фосилаи иҷтимоиро риоя намоянд.

Аз сӯе мақомоти Вазорати ҳаҷҷ ва умраи Арабистони Саудӣ гуфтаанд, ки вуруди зоирон ва намозгузорон аз тариқи сабтином дар нармафзори "Иътамарно" сурат мегирад. Ин тарҳ аллакай аз рӯзи 27-ум сентябр дастрас хоҳад буд.

Омори давлатӣ нишон медиҳад, ки даромади солонаи Арабистони Саудӣ аз маросими ҳаҷҷи фарзӣ ва ҳаҷҷи умра 12 миллиард доллар аст.

Ҳар сол ҳудуди 2,5 миллион мусалмон аз беш аз 180 кишвари ҷаҳон барои адои ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Аз Тоҷикистон ҳам солона ҳазорон нафар барои адои Ҳаҷҷи умра сафар мекунанд.

XS
SM
MD
LG