Ҳинд рӯзи 16-уми сентябр тасдиқ кард, ки дар ин кишвар шумори олудашудаҳо ба коронавирус аз 5 миллион нафар убур кард. Вазорати беҳдошти ин кишвар гуфт, ки дар давоми як шабонарӯзи гузашта беш аз 90 ҳазор ҳолати нави олудашавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Аҳолии Ҳинд 1,4 миллиард нафар мебошад ва ин омор сеяки як дарсади аҳолиро ташкил медиҳад. Дар як шабонарӯз дар ин кишвар 1290 нафар даргузашта шумори умумии талафот аз COVID-19 – беш аз 82 ҳазор нафарро ташкил додааст. Дар ҷаҳон айни замон 29,4 миллион нафар ба коронавирус олуда шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ширкати дорусозии Pfizer рӯзи 15-уми сентябр гуфт, ки озмоишҳои воксинаи эҳтимолии онҳо нишон медиҳад, ки нафарони дар ин озмоиш иштироккунанда аз нишонаҳои сабуку миёнаи дардисар, хастагӣ, дарди мушак ва ларзиши бадан шикоят кардаанд. Катрин Янсен, раҳбари гурӯҳи таҳқиқотии ин ширкат гуфт, ки кумитаи мустақиле, ки ин озмоишро назорат мекунад, дар сурати пайдо шудани нигарониҳои амниятӣ онҳоро огоҳ хоҳад кард. Дар озмоиши воксинаи ин ширкат 44 ҳазор ихтиёрӣ иштирок мекунанд.