Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп амалкардҳои худро ситоиш кард ва Байденро хатар барои Амрико номид. ВИДЕО


Доналд Трамп ва Ҷо Байден

"Дӯстони амрикоии ман, имшаб бо сипоси самимона ва хушбинии бепоён пешниҳоди номзадӣ ба мақоми раиси ҷумҳури Амрикоро мепазирам.” Бо баёни ин ҷумлаҳо, президент Доналд Трамп пешниҳоди Ҳизби Ҷумҳурихоҳро барои иштирок дар интихобот қабул кард.

Рӯзи охирини анҷумани чаҳоррӯзаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар 27-уми август ба сабаби пандемия дар саҳни Кохи Сафед сурат гирифт. Ин ҳам баҳс барангехт, чун дар қароргоҳи раиси ҷумҳур то ҳол ягон чорабинии сиёсии ҳизбе баргузор нашудааст.

Ҳангоми суханронӣ дар ин рӯз Доналд Трамп ваъда дод, иқтисоди осебдида аз тохтутози коронавирусро обод ва миллионҳо ҷойҳои кориро барқарор мекунад. Ӯ рақибаш аз Ҳизби демократ Ҷо Байденро бисёр танқид кард ва фаъолиятҳои худашро барои мубориза бо коронавируси нав сутуд.

"Амрико назар ба ҳар кишвари бузурги дунё сатҳи камтарини талафотро дорад. Агар гапи Ҷо Байденро гӯш мекардем, ҳазорон амрикоии дигар мефавтид. Ба ҷойи такя ба илм, Ҷо Байден мехоҳад, тамоми фаъолиятҳоро дар кишвар қатъ кунад", -- афзуд Трамп.

Корзори интихоботии Амрико зери сояи пандемия монд, ки беш аз 181 ҳазор нафарро кушт ва миллионҳо нафарро бе ҷойи кор гузошт.

Трамп Байденро, ки муовини собиқи Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрико буд, сиёсатмадори чапгарое номид, ки ба қавли ӯ, мавқеи Амрикоро дар арсаи ҷаҳонӣ заиф мекунад.

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт: "Тамоми азамате, ки мо ҳамчун кишвар ҳоло ба даст овардем, дар хатар аст. Ин муҳимтарин интихобот дар таърихи кишвари мост. Дар Анҷумани Ҳизби Демократ Ҷо Байден ва ҳизбаш Амрикоро сарзамини беадолатии нажодиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ номиданд. Имшаб аз Шумо суоли соддае мепурсам. Чӣ гуна Ҳизби Демократ, бо ин ҳама бадгӯйӣ мехоҳад, кишвари моро раҳбарӣ кунад? Бо нигоҳи чапгаронаи худ, онҳо Амрикоро озодтарин одилтарин ва кишвари истисноӣ дар Замин намебинанд. Онҳо кишвари нобакоре мебинанд, ки бояд барои гуноҳҳояш ҷазо бигирад."

Доналд Трамп тазоҳуротеро, ки баъд аз ҳалокати чанде аз сиёҳпӯстон бархост, “қонуни авбошон” номид. Баъзе аз тазоҳурот дар чанде аз шаҳрҳои Амрико ба зидди пулис бо хушунату харобкориву ғоратгарӣ анҷомид.

Ҷо Байден дар посух ба ин ҳама дар Твиттер бедодгарии пандемияи вирус зери назари Трампро ёдоварӣ кард. Ӯ гуфт, "дар аҳди Трамп амрикоиҳо амну осуда набудаанд."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Трамп амалкардҳои худро ситоиш кард ва Байденро хатар барои Амрико номид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00

Бо анҷоми анҷуманҳои ҳизбӣ, номзадҳо дар ду моҳи оянда барои ҷазби раъйдиҳандагон ба тарафи худ мекӯшанд.

Корзори тарғиботӣ баръакси интихоботҳои гузашта на дар миёни тарафдорон, балки онлайн сурат мегирад. Аммо натиҷаи ниҳоӣ баъд аз рӯзи 3-юми ноябр, пас аз интихобот, маълум мешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG