Оқои Байден, ки 76-сола мебошад, рӯзи панҷшанбеи 25-уми апрел бо нашри як навори видеоии седақиқаӣ дар "Твиттер", вориди рақобатҳо дар Ҳизби демократи Амрико барои муборизаҳои интихоботи президентӣ шуд. Ба навиштаи "Рейтерз", Ҷо Байден як сиёсатмадори миёнарав мебошад.
Бо ворид шудани Ҷо Байден ба рақобатҳои интихоботи президентии соли оянда, шумораи номзадҳои Ҳизби демократ ба 20 тан расид. Аз ҷумлаи дигар номзадҳои муҳими Ҳизби демократ, сенатор Берни Сандерз мебошад.
Байден дар гузашта низ ба ин мақом пешбарӣ шуда, аммо дар марҳалаҳои аввали сабқат аз он хориҷ гашта буд.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Ҷо Байден қабл аз эълони номзадиаш, ҷойи аввалро дар аксари назарсанҷиҳо аз раъйдиҳандагони демократ доштааст. Аз ҷумла, ӯ дар яке аз назарсанҷиҳо 29 дарсади раъйҳоро ба даст овард, дар ҳоле, ки Барни Сандерз 23 дарсадро касб кард. Бо ин ҳама, тибқи чанд назарсанҷии дигар, Берни Сандерз раъйи бештар ба даст хоҳад овард.
Ҷо Байден дар паёми твиттерии худ дар бораи сабабҳои эълони номзадии худ гуфт, "арзишҳои аслии ин миллат (Амрико).... ҷойгоҳи Амрико дар ҷаҳон, демократияи мо ва ҳар ончӣ Амрикоро Амрико карда, дар хатар аст. Бинобар ҳамин, имрӯз номзадии худро барои мақоми президентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълом мекунам".
Ӯ афзуд, "агар ба Доналд Трамп фурсати ҳашт сол ҳузур дар Кохи Сафед бидиҳем, ӯ барои ҳамеша ва аз поя ва асос шахсияти миллати Амрикоро тағйир хоҳад дод". Ҷо Байден изофа кард, ки наметавонад дар гушае биистад ва тамошобин бошад.
Қаблан бархе аз шабакаҳои телевизионӣ дар Амрико хабар дода буданд, ки Ҷо Байден рӯзи панҷшанбе номзадии худро эълом хоҳад кард.
Дар муқобил, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба эълони номзадии оқои Байден дар паёми твиттерии худ ворид шудани ӯ ба рақобатҳои интихоботиро хушомадед гуфт ва ибрози умедворӣ кард, ки Ҷо Байден ҳуши кофӣ барои оғози корзори муваффақ дошта бошад.
Оқои Трамп ҳафтаи гузашта дар паёме дар "Твиттер" пешбинӣ карда буд, ки дар интихоботи президентӣ бо Берни Сандерз ё Ҷо Байден рақобат хоҳад кард. Ӯ дар ин паём Берни Сандерзро "девона" ва Ҷо Байденро "хоболуд" тавсиф карда ва навишта буд, ки ин ду, финалистҳои Ҳизби демократ барои интихоботи президентии соли 2020 хоҳанд буд ва яке аз онҳо бо ӯ рақобат хоҳад кард.
Байден дар гузашта низ ба ин мақом пешбарӣ шуда, аммо дар марҳалаҳои аввали сабқат аз он хориҷ гашта буд. Соли 1988 ӯро ба асардуздӣ ё плагиат айбдор карданд ва дар соли 2008 пас аз шикаст дар раъйдиҳии ҳизб дар иёлати Айова худаш аз идомаи мубориза даст кашид. Аммо дар ҳамон сол Барак Обама, ки аз номи Ҳизби демократ номзад шуд, ӯро ноиби худ интихоб кард.
Вандам дар Зарафшон дар ду бинои ба ҳамдигар наздик бунёдшуда шпагат шишт
Ин зеленский дар хаки милаташ бисер хатои калон кард бояд боакли мекард то мардум саргардон намешуд бозичаи дасти давлатхо шуд
То агар манъи оростани дастурхон идонаро ба роҳ намонанд ҳиҷ вақт арзонӣ намешавад ин касифҳои қалобон як соли дароз роҳи ҳамин ду иди мусалмониро мепоянд бигузор касе вобаста ба имконияту дороияш фақат қурбони иҷозат бошад дигар билкул манъи оростани дастурхони идонаро аз дасти ҳамин қалобони касиф манъ намоянд нарх дар ид боло рафт дигар ҳаминхел бе тағир мемонад гапи ин қалобон доимо ҳамин ҳаст долар боло рафтааст ҳозир чи долар поён рафт знки ҳамаашон гирифтаги мо мардуми даъвои мусалмонидошта айби худамон низ ҳаст қарз мекунему дастархон оро медиҳем токи ҳамсоя камбудӣ наёбад бо нархи гарон аз қалоб мехарему исроф карда мепартоем. Озодии ҷон як бор илтимосу хоҳишама не нагуфта чоп кунед.
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Помириҳо агар дар вақташ намебуданд пешвои миллати ту имруз Узбако буданду хуш келибсиз дадаҷон гуфта мегаштӣ. Ҳадди ақал аз он ки Тоҷикистонро Тоҷикистон помириҳо карданд, набояд ба гушаи фаромуши равад. Курнамакӣ ҳам як андоза доштагист, бутпарастҳо!
Ин зеленски факат ваъда доданро медонад руссия рузе хатто киевро ишғол мекунад ин аниқ аст