Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден расман номзади интихоботи президентии Амрико шуд


Ҳизби демократи Амрико Ҷо Байденро ба таври расмӣ номзади интихоботи президентии моҳи ноябр дар он кишвар пешниҳод кард.

Муаррифии расмии оқои Байден дар дувумин шаби гирдиҳамоии миллӣ ва онлайнии Ҳизби демократ сурат гирифт. Дар ин ҳамоишҳо, шуморе аз чеҳраҳо ва сиёсатмадороне ширкат доштанд, ки ҳамаи онҳо узви Ҳизби демократ набуданд.

Эъломи расмии оқои Байден ба унвони номзади Ҳизби демократ албатта танҳо аз як маросими рамзӣ буд. Зеро ӯ моҳҳо пеш тавониста буд орои лозимро барои номзадӣ дар рақобатҳои дарунҳизбии демократҳо ба даст оварад. Ӯ дар интихоботи президентии моҳи ноябр ба Доналд Трамп рақобат хоҳад кард.

Ҷо Байден рӯзи сешанбе гуфт, "хеле сипосгузорам, аз самими қалб, аз ҳамаи шумо ташаккур мекунам. Як дунё барои ман ва хонаводаам арзиш доред. Ба умеди дидор дар рӯзи панҷшанбе".

Номзади Ҳизби демократи Амрико рӯзи панҷшанбе суханронӣ хоҳад кард.

Гирдиҳамоии Ҳизби демократ барои эълони расмии номзади ҳизб, бинобари бемории фарогири КОВИД-19, ба таври комилан онлайнӣ баргузор шуд.

Ҷо Байден, сенатори собиқ ва муовини раиси ҷумҳури дар даврони Барак Обама, аз хонаи худ ва дар миёни аъзои хонаводааш дар ин гирдиҳамоӣ ширкат кард.

Теъдоде аз сиёсатмадорони шинохта, аз ҷумла раҳбарон ва мақомҳои пешини Амрико Билл Клинтон, Ҷимми Картер -- президентҳои пешин, Ҷон Керри, вазири умури хориҷии пешин, Колин Повел, вазири умури хориҷии ҷумҳурихоҳ дар ҳукумати Ҷорҷ Буш, аз ҷумлаи суханронон ва ҳозирон дар гирдиҳамоии маҷозӣ буданд.

Як рӯз пеш низ афроде чун Мишел Обама, ҳамсари Барак Обама ва Берни Сандерз, сенатор ва рақиби оқои Байден дар рақобатҳои дарунҳизбӣ, суханронӣ карда буданд. Ин афрод дар суханрониҳои худ аз сиёсатҳои Доналд Трамп интиқод карданд.

Ҳамзамон бо дувумин рӯзи гирдиҳамоии демократҳо, оқои Трамп низ ба яке аз иёлатҳои ин кишвар сафар карда, дар миёни тарафдоронаш суханронӣ намуд. Ӯ дар ин суханронӣ аз барномаҳои рақибаш Ҷо Байден шадидан интиқод кард.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG