Эрон ва Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳақ надорад, бар асоси созиши атомӣ бо Эрон механизми бозгардонидани таҳримот ба зидди ин кишварро фаъол кунад. Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, рӯзи 16-уми август бо зикри берун рафтани Амрико аз созиши атомӣ гуфт, “амрикоиҳо бисёр хуб медонанд, ки бозгардонидани таҳримот ғайриқонунӣ ва аз ин рӯ комилан ғайриқобили қабул аст.”
Сухангӯи Ҷузеп Борелл - масъули умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, азбаски Вашингтон аз созиши атомӣ бо номи “Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак” хориҷ шудааст, дигар тарафе аз он шумурда намешавад. Ӯ афзуд, Амрико дар мавзеъе нест, “ба механизмҳое такя кунад, ки барои аъзои “Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак аст”. Амрико мегӯяд, ҳануз ҳам як тарафи созиши атомӣ соли 2015 аст, чун ин дар қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал зикр шудааст.
Рӯзи 14-уми август Шӯрои Амният қатъномаи пешниҳодии Амрикоро рад кард, ки дар он хоста шуда буд, таҳримоти харидуфурӯши аслиҳа ба зидди Эрон тамдид карда шавад. Муҳлати эътибори таҳримоти байналмилалӣ моҳи октябр ба поён мерасад. Акнун Амрико мехоҳад, бо фаъол кардани механизми бозгардонидани таҳримоти байналмилалӣ ба зидди Эрон ин таҳримотро ҳамчунон нигаҳ дорад.