Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, механизми бозгардонидани таҳримот ба зидди Эронро фаъол мекунад


Доналд Трамп гуфтааст, мумкин аст, ҳафтаи оянда механизми бозгардонидани таҳримотро фаъол кунад.
Доналд Трамп гуфтааст, мумкин аст, ҳафтаи оянда механизми бозгардонидани таҳримотро фаъол кунад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, кишвараш механизми бозгардонидани таҳримҳо ба зидди Эронро фаъол мекунад. Доналд Трамп рӯзи 15-уми август ба хабарнигорон гуфт, “Мо таҳримҳоро боз мегардонем”.

Дар ин сурат созиши атомӣ бо Эрон беэътибор мешавад ва мумкин аст, буҳрони дипломатие дар Созмони Милал ба вуҷуд биёяд. Доналд Трамп дар ин бора як рӯз баъд аз он суҳбат кард, Шӯрои Амнияти Созмони Милал, тарҳи қатъномаи Иёлоти Муттаҳида барои тамдиди таҳрими аслиҳа ба зидди Эронро рад кард.

Доналд Трамп ҳамчунин гуфт, ки майли ширкат дар нишасти пешниҳодии Русия надорад, ки мехоҳад, дар он фӯру нишондани танишҳо бо Эрон баррасӣ шавад. Амрико таҳдид карда буд, ки дар сурати рад шудани пешниҳодаш дар Шӯрои Амният бар асоси Қатъномаи 2231 ин шӯро таҳримот ба зидди Эронро бармегардоналд.

Бар асоси ин қатънома, дар сурати риоят нашудани бандҳои созиши атомӣ аз тарафи Эрон, кишварҳои тарафи созиш ҳақ доранд, таҳримоти иқтисодӣ ба зидди Теҳронро баргардонанд. Русия, Чин ва Олмону Фаронсаву Бритониё гуфтаанд, ки Амрико ҳаққи бозгардонидани таҳримотро надорад, зеро Доналд Трамп дар соли 2018 Амрикоро аз созиши атомӣ берун кард. Амрико мегӯяд, ки ҳануз ҳам як тарафи созиши соли 2015 боқӣ мондааст ва ҳаққи бозгардонидани таҳримотро дорад.

Дар раъйгирӣ барои қатъномаи тамдиди таҳримоти харидуфуруши аслиҳа ба Эрон дар рӯзи 14-уми август, як раъй барои қабули ин қатънома кифоят накард. Таҳримоти байналмилалии мазкур моҳи октябр аз эътибор соқит мешавад ва ба Эрон ҳақ медиҳад, ки дигарбора ба харидуфурӯши аслиҳа машғул шавад.

XS
SM
MD
LG