Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко гуфт, ният дорад, Путинро аз "таҳдид" огоҳ кунад


Александр Лукашенко, президенти Беларус. Акс аз 14-уми август
Александр Лукашенко, президенти Беларус. Акс аз 14-уми август

Александр Лукашенко, президенти Беларус, ки як ҳафта боз барои аз канор рафтанаш ҳазорҳо нафар эътироз мекунанд, эълон кард, ки нияти тамос бо Владимир Путин, президенти Русияро дорад.

Ба эътиқоди Лукашенко, эътирозҳо на танҳо ба Беларус, балки ба Русия ва "фазои умумӣ" таҳдид мекунад.

Лукашенко дар як ҷаласса дар Минск гуфт, ки агар дар Беларус пеши ин вазъ гирифта нашавад, ин мавҷ ба дигар кишварҳо низ роҳ хоҳад ёфт.

Лукашенко мустақиман нагуфт, ки аз Путин кӯмак мепурсад, вале гуфт, ният дорад, бо президенти Русия дар бораи «таҳдидҳо» сӯҳбат кунад.

Ба андешаи Лукашенко эътирозҳо дар кишвар бо "усули инқилобҳои ранга" ва бо дахолат аз хориҷа роҳандозӣ шудааст.

Лукашенко ҳеҷ далеле, ки эътирозҳо аз хориҷа роҳандозӣ шудаанд, пешниҳод накард, вале ӯ аз дахолати нафароне аз Полша, Ҳоланд, Украина ва Алексей Навалний, раҳбари як гуруҳи мухолифин дар Русия ба эътирозҳои Беларус ишора кард.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Беларус 32 нафарро, ки зархаридони ширкати хусусии "Вагнер" гуфта мешуданд ва пеш аз маъракаи интихобот боздошт шуда буданд, ба Русия супурдааст. Лукашекно қаблан онҳоро барои омодагӣ ба ташкили бетартибиҳо дар Баларус муттаҳам карда буд.

XS
SM
MD
LG