Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

33 русиягӣ дар ноором кардани Беларус айбдор мешаванд


Акс аз телевизиони давлатии Беларус, 29-уми июли соли 2020
Акс аз телевизиони давлатии Беларус, 29-уми июли соли 2020

Дар Беларус ба зидди 30 сокини Русия, ки рӯзи 29-уми июл дар наздикии Минск боздошт шуданд, бо гумони "таҳияи ҳамлаҳои террористӣ" парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ҳоло онҳо аз тарафи мақомоти тафтишотии Беларус бозпурсӣ мешаванд.

Дабири Шӯрои амнияти Беларус Андрей Равков гуфт, боздоштшудаҳо ба он гунаҳкор карда мешаванд, ки мехостанд, бо ташкили "амалҳои террористӣ" Беларусро ба ҷангу хунрезӣ кашонанд. Вай афзуд, маълум гаштааст, ки боздоштшудаҳо зархаридони ширкати хусусии низомии "Вагнер"-и Русияанд. Ширкати мазкур, ки ҳамчунин бо номи "ЧВК Вагнер" ёд мешавад, то ҳол қазияро шарҳ надодааст.

Равков ҳамчунин иттилои расонаҳои давлатии маҳаллиро тасдиқ кард, ки дар маҷмуъ беш аз 200 ҷанговари ин ширкат бо мақсади ноором кардани вазъи Беларус дар ҷараёни интихоботи президентӣ ба ин кишвар фиристода шудаанд. Пештар Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсияи Русия гуфтанд, ки Русия ба ноором кардани вазъ дар Беларус манфиатдор нест.

Вазорати корҳои хориҷии Беларус сафири Русия дар Минск Дмитрий Мезентсевро даъват карда, аз вазъи дастгиршудаҳо ва далелҳои боздошт дар ҷараён гузошт. Сухангӯйи Кремл Дмитрий Песков 30-юми июл изҳори умед кард, ки ҳуқуқи шаҳрвандони боздоштшудаи Русия дар Беларус риоя хоҳад шуд.

Мақомоти Беларус гуфтанд, рӯзи 29-уми июл 32 узви ширкати низомии хусусии русии "Вагнер"-ро дар як осоишгоҳи наздикиҳои Минск замоне боздошт карданд, ки аз як манбаи номаълум ба онҳо дар бораи расидани ин гуруҳ ба Беларус паём расид. Дертар нафари 33-юм дар ҷануби Беларус ба ҳабс гирифта шуд. Мақомоти Минск мегӯянд, дар пайи боздошти аъзои боқии гуруҳанд.

Президенти Беларус Александр Лукашенко Русияро дар "ниятҳои ифлос" гунаҳкор кард ва аз раиси Кумитаи амнияти давлатии ин кишвар Валер Вакулчук хост, қазияро таҳқиқ кунад.

Ҳамчунин хабар расид, ки номзадҳои интихоботи президентии Беларус ба ҷаласаи фаврии Кумитаи марказии интихоботӣ даъват шуданд. Яке аз номзадҳо, Анна Конопаская, ки дар ин маҷлис иштирок дошт, ба хабарнигорон гуфт, номзадҳо ҳушдор гирифтанд, ки мумкин аст, дар ҷараёни маъракаҳои мардумӣ амалҳои иғвогарона рух диҳанд. Ба қавли ӯ, дар ин нишаст дабири Шӯрои амнияти Беларус Андрей Равков низ ширкат дошт ва аз ҷорӣ шудани чораҳои шадиди амниятӣ хабар дод.

Номзади дигар, Андрей Дмитриев, ба хабарнигорон гуфт, ҳукумат ҳамчунин ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои кори Интернетро дар ҷараёни тазоҳурот ва раҳпаймоиҳои интихоботӣ аз эҳтимол дур намедонад.

Радиои Озодӣ бо рӯйхати боздоштшудаҳо ошно шуд, ки хабаргузории БелТА нашр кард. Бино бар он, ба камияш 18 кас, ки дар ин феҳрист номбар шудаанд, пештар дар ҷангҳои Шарқи Украина иштирок кардаанд. Хабаргузорӣ мегӯяд, ҳамаи боздоштшудаҳо шаҳрванди Русияанд, вале Радиои Озодӣ муайян кард, ки ба камияш яке аз онҳо, Геннадий Фетисов дар Донетски Украина зода шуда, ин ҷо зиндагӣ мекардааст ва эҳтимолан шаҳрванди Украина бошад.

"Новая газета" ин рӯйхатро таҳлил карда, ба хулосае расидааст, ки тарқибан аз се як ҳиссаи боздоштшудаҳо муздурони "ЧВК Вагнер" мебошанд.

  • Интихоботи президентӣ дар Беларус ба якшанбеи 9 август таъин шудааст. Панҷ номзад ба қайд гирифта шудаанд, аз ҷумла президенти кунунӣ Александр Лукашенко ва зани машҳури блоггер Светлана Тихановская. Ба ҷонибдорӣ аз Тихоновская ситодҳои ду номзаде, ки ба қайд гирифта нашуданд: Валерий Тсепкало ва Виктор Бабарико муттаҳид шуданд. Алайҳи Бабарико, роҳбари пешини "Белгазпромбонк" парвандаи ҷиноӣ боз ва ӯ боздошт шудааст. Бонкдори собиқ дар ҷиноятҳои иқтисодӣ айбдор карда мешавад. Бабарико яке аз рақибони асосии Лукашенко дар интихобот дониста мешуд.
  • Маъракаи интихоботӣ бо эътирозҳои густардаи зидди Александр Лукашенко ҳамроҳ аст, ки мехоҳад, барои давраи шашум раҳбари Беларус шавад. Мухолифин ӯро ба таъқиби рақибони сиёсии худ ва муборизаи беадолатона айбдор мекунанд. Худи Лукашенко борҳо аз дахолати баъзе аз нерӯҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, ба раванди интихобот изҳорот додааст.
  • Расонаҳо ширкати хусусии низомии "Вагнер"-ро бо соҳибкор Евгений Пригожин пайванд медиҳанд ва ӯро "ошпази Путин" ва шахсе аз доираи наздики президенти Русия меноманд. Сарбозони шартномавии "ЧВК Вагнер", тибқи далелҳои сершумор, дар Украина, Сурия ва Либия меҷангиданд.

    Корбарони азиз!

    Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG