Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенкои 65-сола гуфт, бемории СOVID-19-ро аз сар гузаронд, аммо худ хабар нашуд. ВИДЕО


Александр Лукашенко ҳангоми боздид аз воҳидҳои низомии Вазорати умури дохилии Беларус. Минск, 28-уми июли 2020
Александр Лукашенко ҳангоми боздид аз воҳидҳои низомии Вазорати умури дохилии Беларус. Минск, 28-уми июли 2020

Александр Лукашенко, президенти Беларус эълон кард, ки ба коронавирус гирифтор шудааст, аммо ба гуфтаи президент, ӯ аз мубталошавиаш хабар надошт, бистарӣ ҳам нашудаст. Лукашенко дар ин муддат бо чанде аз сарони давлатҳо дидору мулоқот дошт.

Моҳи марти имсол, замоне ки аксари кишварҳо карантин ва маҳдудиятҳои равуоро эълон карда буданд, Александр Лукашенко дар суҳбат бо мардум гуфт, "инҷо вирусе нест. Масалан, ту ҳам надидӣ, ки парвоз мекунанд. Ман ҳам надидам".

Вале чаҳор моҳ баъд гуфт, ки СOVID-19-ро аз сар гузарондааст. Раҳбари Беларус дар ин бора рӯзи 28-уми июл ҳангоми боздид аз воҳидҳои низомии Вазорати умури дохилӣ суҳбат кардааст. Ба гуфтаи ӯ, табибон чанде пеш хабар додаанд, ки бемор буд.

Лукашенко аломатҳои бемориро надоштааст ва ҳам намедонист, ки бемор буд. Раҳбари Беларус шӯхӣ кард, ки бо халос шудан аз дасти вирус дар фонди тилоии кишвараш сабт шуд.

Александр Лукашенко гуфт, коронавирус ба ӯ ҳам сироят кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:33 0:00

Александр Лукашенко аввал доир ба беморие, ки ҷаҳонро фаро гирифт, бо шубҳа менигарист. Дар Беларус карантин эълон накарданд ва маросими оммавии фарҳангиву варзишӣ манъ нашуд. Ҳоло дар ин кишвар 67 ҳазор мавриди сироят ва 500 фавт сабт шудааст.

Зимнан Александр Лукашенко, ки аз бемориаш хабар надошт, бо раҳбарони чанде аз кишварҳо мулоқот кардааст. Моҳи июн ӯ бо Виктор Орбан, раиси ҷумҳури Маҷористон (Венгрия) дар Минск вохӯрд.

Чанд рӯз баъд аз ин Лукашенко бо Михаил Мишустин, нахуствазири Русия мулоқот дошт, ки ӯ ҳам пештар бемории СOVID-19-ро аз сар гузаронидааст.

Ва дар ниҳоят, камтар аз як моҳ пеш Александр Лукашенко дар маросими ифтитоҳи пайкара барои қурбониёни муҳорибаи Ржевск бо Владимир Путин дидор дошт. Ҳарду даст фишурданд ва бо собиқадорони Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ суҳбат карданд. Александр Лукашенко тақрибан ду ҳафта пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ доир ба бемориаш суҳбат кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG