Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Лукашенко ба норозиён: "Инқилоб ба Беларус кумак намекунад"


Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус.

Президенти Беларус Александр Лукашенко интиқодҳои Ғарбро дар робита бо саркӯби пурхушунати ҳазорҳо эътирозгар, ки аз ҳазфи ду номзади калидии интихоботӣ норозӣ ҳастанд, рад кард. Зимни мулоқот бо раҳбарияти шаҳри шарқии Витебск рӯзи 15 июл Лукашенко гуфт, "мо намехоҳем, ки касе ба мо бигӯяд, ки чӣ гуна зиндагӣ кунем".

Раҳбари 65-сола, ки нияти бори шашум дар интихоботи президентӣ иштирок карданро дорад, ҳушдор дод, ки "кишварро бо тамоми роҳҳои қонуниаш ҳимоят хоҳад кард". Лукашенко бо ишора ба эътирозҳои гузашта дар Украинаи ҳамсоя, ки соли 2014 боиси аз қудрат барканор шудани президент Виктор Янукович шуд, гуфт, "на Майдонҳову на инқилобҳо ба мо ёрӣ намекунад".

Замоне, ки Лукашенко сӯҳбат мекард, дастикам ду ҳазор нафар дар Минск дар як хат саф кашида, хостори шикоят ба Комиссияи марказии интихобот аз манъи сабти номзадии ду номзади калидӣ шуданд. Ин яке аз охирин ҳолатҳои эътирози мардумӣ дар муқобили раҳбари Беларус аст. Пулис ин гурӯҳро ҳам пароканда ва дастикам 16 нафарро боздошт намуд. Дар миёни боздоштшудаҳо хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Антон Трофимович ва хабарнигори BelaPAN Виолета Савчитс мебошанд.

Изҳори назарҳои Лукашенко як рӯз баъди он садо дод, ки пулис дар намоишҳои эътирозӣ дар Минск ва шаҳрҳои дигари кишвар дастикам 301 нафар, аз ҷумла ду хабарнигори РАО/РО ва 12 журналисти дигар расонаҳоро боздошт кард. Эътирозҳо аз қарори Комиссияи марказии интихобот барои сабтином нашудани ду номзади калидӣ аз мухолифон ташкил шуда буд. Чанде баъд бархе боздоштшудаҳо озод шуданд.

Кумитаи тафтишот рӯзи 15 июл гуфт, ки дар робита бо "ташкил ва ширкат дар беназмиҳои ҷамъиятии Минск" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Рӯзи 14 июл Комиссияи марказии интихобот гуфт, ки барои ширкат дар интихоботи президентӣ панҷ номзад сабтином шуд ва яке аз онҳо Лукашенко мебошад. Ду номзади калидии мухолифон - бонкдори собиқ Виктор Бабарика дар боздошт буда, дар хилофкориҳои молӣ муттаҳам мешавад, вале худи ӯву тарафдоронаш онро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Комиссияи марказии интихобот гуфт, ки Бабарика бо сабаби номувофиқати маълумот дар заминаи даромад ва эъломияи дороиҳояш посухи рад гирифтааст. Инчунин гуфта шуд, ки дар маъракаи интихоботии ӯ як созмони хориҷӣ саҳмгузор шудааст. Валерий Тсапкала, соҳибкори шинохтаву собиқ сафири Беларус дар ИМА ҳамчунин аз рақобат берун карда шуд.

Таҳаввулоти ҳафтаҳои ахири Беларус мавриди интиқоди ИМА ва Иттиҳоди Аврупо шуд. Ин ду ҷониб ба нишони наздикшавӣ бо Минск дар солҳои охир таҳримҳои худ дар заминаи ҳуқуқи башарро сабуктар карда буданд.

Морган Ортагус, сухангӯи Котиби давлатии ИМА рӯзи 15 июл дар сӯҳбат бо РАО/РО гуфт: "Мо аз хабарҳои эътирозҳои ҷамъӣ ва боздошти фаъолону журналистон амиқан нигарон ҳастем. Аз ин рӯ, мо аз Беларус бори дигар тақозо мекунем, ки нишондодҳои ҳуқуқи башар ва демократияро беҳбуд бахшида, ба меъёрҳои САҲА мутобиқат кунад".

Ортагус афзуд: "Мо медонем, ки интихоботи озоду одилона танҳо он нест, ки дар рӯзи овоздиҳӣ сурат мегирад. Ба назари мо, фавқулодда муҳим аст, ки ҳукумат барои ҳар нафари хоҳишманди ширкат дар интихобот шароити баробар фароҳам кунад. Дастрасӣ ба матбуот ҳам як бахши он аст".

Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 14 июл гуфт, ки "зоҳиран ихроҷи худсаронаи номзадҳо имкони изҳори мавқеи мардуми Беларусро маҳдуд намуда, ваҳдати ҷамъӣ ва табиати демократии интихоботро ба ҳам мезанад".

ODIHR – Дафтари САҲА оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар, ки як нозири аврупоии интихобот аст, рӯзи 15 июл гуфт, баъди саривақт дарёфт накардани даъватномаи назорат аз интихобот, қарор кард нозиронашро ба Беларус нафиристад.

Дар як изҳорот ODIHR бо ишора ба он ки камбудиҳои гузашта ислоҳ нашудааст, аз Минск тақозо кард, ки "барои ҳимоят ва иҷрои озодиҳои бунёдӣ иқдомҳои мушаххас ва билофосила гирифта шавад".

Инчунин дар изҳороти ин созмон аз тарс додани номзадҳои эҳтимолӣ ва ҳабси фаъолони мухолифин ҳамчун амалҳои баҳамзанандаи интихоботи демократӣ изҳори нигаронӣ шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (8)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG