Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Беларус гуфтанд, ба зидди эътирозгарон аз силоҳ истифода шудааст


Мақомоти Беларус бори аввал тасдиқ карданд, ки ба зидди эътирозгарон аз силоҳҳои кушанда истифода шудааст.

Бахше аз сокинони Беларус аз натиҷаҳои интихоботи президентии 9-уми август, ки раиси ҷумҳур Александр Лукашенкоро дигарбора баранда эълон кард, норозӣ ҳастанд.

Вазорати корҳои дохилии Беларус рӯзи 12-уми август гуфт, шаби гузашта дар шаҳри Брест як мард захмӣ шудааст. Ба қавли мақомот, ин ҳодиса баъди он рух додааст, ки гуруҳе аз одамон бо милаҳои оҳанӣ ба маъмурони ҳифзи ҳуқуқ ҳамла кардаанд ва онҳо дар ҷавоб оташ кушодаанд.

Дар баёнияи расмӣ омадааст, "дар Брест гуруҳе аз шахсони мусаллаҳ ва пархошҷӯ ба маъмурони пулис ҳамла карданд. Тирҳое, ки ба ҳаво холӣ шуд, низ монеи онҳо нагардид. Барои дифоъ аз ҳаёт ва амнияти маъмурони пулис аз силоҳҳои кушанда истифода шуд. Яке аз ҳамлаварон маҷруҳ гардид."

Бори аввал аст, ки мақомоти Беларус эътироф карданд, ки аз силоҳҳои кушанда ба зидди норозиён истифода кардаанд. Пештар онҳо мегуфтанд, ки барои пароканда кардани муътаризон аз силоҳҳои резинӣ истифода мебаранд.

Ба қавли мақомоти Вазорати умури дохилӣ, рӯзи 11-уми август дар чандин шаҳру минтақаи Беларус тазоҳурот баргузор шудааст. Як рӯз пеш аз он мақомот дар бораи боздошти панҷ ҳазор кас, бистарӣ шудани тақрибан 200 нафар ва марги як нафар хабар дода буданд.

Эътирозҳо дар Беларус баъд аз он сар зад, ки Кумисюни марказии интихобот гуфт, Лукашенко бо беш аз 80 дарсади ройи мардум пирӯз шудааст. Дар ҳоле ки ба иттилои расмӣ рақиби аслии ӯ, Светлана Тихановская тақрибан даҳ дар сад овоз гирифтааст. Мухолифон бо ин натиҷаҳо розӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG