Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар шаҳрҳои гуногуни Беларус идома кард


Боздошти яке аз тарафдорони мухолифони давлат дар рӯзи 11-уми август дар Минск.
Боздошти яке аз тарафдорони мухолифони давлат дар рӯзи 11-уми август дар Минск.

Баъди тарки Беларус кардани номзад ба мақоми раиси ҷумҳур, дар ин кишвар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ рӯзи 11-уми август ҳам идома кард. Маъмурони амниятӣ низ саркӯби тазоҳургаронро сахттар карда ва барои фурӯ нишондани тазоҳурот аз гази ашковар, норинҷакҳои гиҷкунанда ва тирҳои резинӣ истифода бурданд.

Дар наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пахши зинда аз маҳалли ҳодиса дида мешавад, ки чӣ гуна маъмурони амниятӣ дар шаҳри Минск одамонро боздошт карда мебаранд. Бино ба гузориши бахши беларусии Радиои Озодӣ, мақомот ба навъе дар Минск қуюди шабгардӣ эълон кардаанд ва одамонро дар кӯчаҳо дастгир мекунанд, мошинҳоро нигаҳ дошта, баъзе аз ронандагонро боздошт мекунанд.

Ҳаракати нақлиёти умумӣ ҳам камтар шудааст. Маъмурони пулиси мусаллаҳ бо калтакҳои резинӣ ба хабарнигорон низ ҳамла кардаанд. Тазоҳурот ва бархӯрд бо пулис дар дигар шаҳрҳои Беларус сурат гирифтааст.

Эътирозҳои оммавӣ баъд аз он сар зад, ки Кумиссиёни марказии интихобот гуфт, дар интихоботи рӯзи 9-уми август, Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури феълӣ пирӯз шудааст. Рақиби аслии ӯ Светлана Тихановская баъди ин ба Литва рафт. Баъд аз интихобот то кунун бештар аз 5 000 нафарро дастгир кардаанд.

XS
SM
MD
LG