Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати сарбози тоҷик. Мақомот: Рамазон Зоиров худро паронд. Волидон: Тир аз пушт задааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як сарбози 22-солаи Вазорати дифои Тоҷикистон ҳангоми хидмат аз захми тири силоҳ ҷон бохтааст.

Ҷасади Рамазон Зоировро ҳафтаи гузашта ба волидонаш дода, гуфтаанд, ӯ ҳангоми бозӣ бо силоҳ ногаҳон ба худ тир зад ва дар роҳ ба бемористони ҳарбӣ фавтид. Пайвандонаш мегӯянд, бо вуҷуди таъкидҳои мақомот, ки ҷасади сарбоз шустааст ва бояд зуд дафн карда шавад, ӯро дубора шустанд ва диданд, ки "тир аз пушташ зада шудааст".

Онҳо гумон доранд, ки ҳодиса тасодуфӣ нест ва аз Додситонии ҳарбӣ мехоҳанд, қазияро ҷиддӣ таҳқиқ кунад.

Рамазон Зоировро соли гузашта ба аскарӣ бурдаанд ва ӯ дар қисми низомии "87740"-и Вазорати дифоъ дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон хидмат мекард. Қиёмиддин Зоиров, падари сарбози фавтида ва сокини деҳаи "Озодии занон"-и ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 1-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ба нақли сардори қисми низомӣ гуё писараш дар дидбонгоҳ "аз беэҳтиётӣ ба қафаси синааш тир задааст", аммо ӯ шубҳа дорад.

"Вақте ҷасадро оварданд, шитоб карданд, ки онро шустаанд, кафан дорад ва бояд зуд дафн карда шавад. Ман ҳамчун падар шубҳа кардам ва ҷасадро аз нав шустам. Дидам, ки тир аз ақиб зада, қисмати пеши синаро шикофтааст. Маълум аст, ки вай худашро напарондааст", -- гуфт ӯ.

Талошҳои мо барои пайдо кардани масъулони қисми ҳарбӣ то ин дам бенатиҷа буд. Масъулони дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтанд, марги сарбоз Рамазон Зоиров ҳамаҷониба мавриди таҳқиқ қарор дорад ва пас аз анҷоми тафтишоти Додситонии ҳарбӣ сабаби аслӣ маълум карда хоҳад шуд.

Фаридун Маҳмадализода, сардори дафтари матбуоти Вазорати дифоъ гуфт, "дар гузашта ҳам ҳодисаи аз беэҳтиётӣ фавтидани сарбозон сабт шудааст. Онҳо бо силоҳ бозӣ мекунанд ва ҳар лазҳа тирдонро кушодаву маҳкам мекунанд. Волидон ба ин ҳодисаҳо шубҳа мекунанд. Тафтишот мешавад ва маълум карда хоҳад шуд, ки сабаб чӣ аст. Мо мунтазири натиҷаи тафтишот ҳастем."

Хонаводаи сарбоз ҳам мегӯянд, ҷонибдори таҳқиқи мӯшикофонаи марги фарзандашон ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ҷасадро аз чанд тараф ба навор гирифтаанд ва дар сурати зарурат метавонанд ба мақомот пешниҳод кунанд.

Бори аввал нест, ки хабари ҳалокати як сарбоз дар қисми ҳарбӣ расонаӣ мешавад. Дар гузашта низ дар баъзе аз қисмҳои низомӣ тирпаронӣ боис ба марги сарбозону афсарон шуда буд, аммо мақомот аксари ин ҳодисаро тасодуфӣ гуфтаанд.

Як моҳ пеш Додситонии ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таҳқиқи марги як марзбони ҷавон дар ноҳияи Мурғоб оғоз кард. Нозимҷон Гулиеви 20-сола ҳангоми хидмат дар қисми низомӣ аз тири силоҳ ҷон бохт. Дар он ҳодиса низ мақомот ба тасодуфӣ буданаш таъкид карданд, вале хонаводааш бовар надоранд.

"Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" – як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯяд, аз соли 2015 то 2019 ба онҳо ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2018 Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон Сафармаҳмад Боқизодаи 20-соларо барои аз беэҳтиётӣ паррондани ҳамхидматаш Алӣ Мирзоеви 26-сола аз озодӣ маҳрум кард. Моҳи июни соли гузашта Додгоҳи ҳарбии Хатлон сарбоз Мӯҳсинхӯҷа Султоновро, ки дар қатли ҳамхидматаш Ҳасан Каримов айбдор дониста мешуд, ба 10 соли зиндон маҳкум намуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG