Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Туҳмат" ё "ҳақиқат"? Ҷазои 9 сарбози тоҷик баъди "шикоят" аз афсар


Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе 9 сарбози як қисми низомиро барои "тӯҳмат дар ҳаққи афсар" ба мӯҳлати ду сол шартан аз озодӣ маҳрум кардааст. Ҳафт сарбоз дар артиш ҳастанд ва дуи дигар аллакай хидматро адо кардаанд. Ҳукм рӯзи 8-уми апрел содир шудааст.

  • Як манбаъ дар Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 9-уми апрел бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, сарбозон ҳаққи берун рафтан аз кишварро надоранд ва бояд худро дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноҷӣ сабт кунанд.
Вақте нисбат ба афсар парванда боз шуд, дар ҷараёни таҳқиқ, сарбозон аз шикояти худ даст кашиданд.

Шикоят ё тӯҳмат?

"Ҳафт сарбозе, ки дар артиш ҳастанд, зери назорати фармондеҳони қисми ҳарбӣ ва ду нафари дигар, ки адои хидмат кардаанд, таҳти назорати Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ қарор хоҳанд дошт", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Баррасии парвандаи 9 сарбози Баталйони ҳарбии кишоварзӣ, рӯзи 4-уми апрел дар як мурофиаи сайёр дар ҳузури беш аз 2 ҳазор сарбози қисми низомӣ оғоз шуда буд. Ин гурӯҳи сарбозон алайҳи як раҳбари қисми низомии худ барои "латту кӯб ва рафтори ғайриоинномавӣ" шикоят карда, баъдан "иқрор шудаанд", ки "туҳмат буд".

Сарбозони қисми ҳарбии 42660-и Баталйони ҳарбии кишоварзӣ барои "шикояти бардурӯғ" бар асоси моддаи 346-и Кодекси ҷиноӣ муҳокима шуданд. Ин банди кодекс то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо мақомоти додгоҳ рӯзи 9-уми апрел гуфтанд, "бинобар сидқан пушаймон шудан", нисбат ба онҳо ҷазои сабук додаанд.

Эътирофи ихтиёрӣ ё маҷбурӣ?

Сарбозон рӯзи 8-уми апрел бо либоси низомии худ ба мурофиа ҳозир шуданд, вале ба суоли хабарнигорон посух надоданд. Аз ҷумла, то ҳол мавқеи онҳо рӯшан нест, ки чаро шикояти худро пас гирифтанд. Яъне, эътирофи ихтиёрӣ буд ё зери фишор?

Маҳмадалӣ Рустамзода, додраси парванда, рӯзи 5-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, сарбозон бо ҳадафи ба қисми дигари низомӣ фиристодани як афсари "сахтгир" ба додситонии ҳарбӣ шикоят кардаанд. Рустамзода гуфт, "вақте нисбат ба афсар парванда боз шуд, дар ҷараёни таҳқиқ сарбозон аз шикояти худ даст кашиданд."

Парвандаи афсаре, ки сарбозон алайҳи ӯ шикоят карда буданд, қатъ шуда, ӯ дар мурофиаи сарбозон ба ҳайси ҷабрдида иштирок кардааст.

Масъулони Додгоҳи ҳарбӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи сарбозон, аз ҷумла созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" мегӯянд, чунин мурофиаҳо дар таҷрибаи кории онҳо зиёд нест.

"Бояд сарбозонро ба қисми дигари ҳарбӣ мебурданд"

Шикоят аз бадрафторӣ ва латту кӯб дар қисмҳои низомии Тоҷикистон ҳарфи нав нест, аммо маъмулан чунин шикоятҳо аз ҷониби волидони сарбозон ва танҳо пас аз содир шудани ягон ҷинояте нисбат ба онҳо ба додгоҳ мерафт. Дилрабо Самадова, ҳуқуқдони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", мегӯяд, бояд ин қазия хуб таҳқиқ ва муайян шавад, ки оё сарбозон зери фишор аз шикояти худ даст кашидаанд, ё на.

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Ин созмон пешниҳод дорад, ки дар сурати аз дохили қисми низомӣ шикоят кардани сарбоз ӯ бояд то замони ниҳоӣ шудани парванда ба ҷойи дигаре гузаронида шавад. "Ин барои шаффоф анҷом шудани тафтишот муҳим аст. Дар акси ҳол, бо хоҳиши худ аз шикоят даст кашидани сарбозон мавриди шубҳа қарор мегирад ва эҳтимол сарбоз таҳти фишор ин корро кунад", - афзуд ӯ.

Дар Тоҷикистон бадрафторӣ бо сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ як мушкили ҷиддӣ будааст. Аз соли 2014 ба ин сӯ созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ҳадди ақал ҳашт ҳодисаи марги сарбозон дар артишро сабт кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG