Пайвандҳои дастрасӣ

"Амри ҳоп". Тасвири як лаҳзаи бадрафторӣ дар артиши Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ҳарбии Душанбе ду сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба зиндон маҳкум кард. Мустафо Ғаффоров ва Абдусамеъ Ҳомидов ба "латту кӯб", "намоиши қувват" ва "баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ" гунаҳкор шуданд.

Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Ҳукми додгоҳ рӯзи 17-уми апрел нашр шуд ва бино ба он ду сарбози нерӯҳои марзбонӣ аз якуним то дуним соли зиндон аз озодӣ маҳрум гардидаанд. Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, ки назари пайвандон ва вакили мудофеи ин ду сарбози муттаҳамро бигирад.

Хушҳолӣ аз латту кӯби сарбозон?

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бадрафторӣ бо сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мушкили ҷиддӣ мемонад. Эътилофи зидди шиканҷа дар гузориши худ дар охири соли 2016 гуфта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз шиканҷа шуда, 11 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе гуфтанд, Мустафо Ғаффоров ва Абдусамеъ Ҳомидов дар моҳи декабри соли гузашта сарбозон – Амриддин Азизов, Қобилҷон Камолов ва Муқимхӯҷа Саидикромзодаро ба сару рӯ ва гурдаашон зада, аз он манзара "хушҳолӣ кардаанд".

Дар ҳукм яке аз ҳолатҳоро чунин тасвир кардаанд: "Ба сарбози қаторӣ Сангинмурод Имомалиев амр додаанд, ки қисми чапи даҳонашро пур аз ҳаво кунад. Ин ҳолатро амри "Ҳоп” номидаанд. Вақте ба қисми чапи даҳони номбурда зарба задаанд, пардаи гӯшаш даридааст."

Падари сарбоз: Писарам онҳоро бахшид

Мақомот мегӯянд, ҷабрдидаҳо ҳамагӣ ду моҳ пеш ба хидмат рафта буданд. Аз ҷумла, Қобилҷон Камолов тирамоҳи соли 2018 “бо хоҳиши худ ба сафи артиш пайвастааст”.

Ҷумъа Камолов, падари Қобилҷон, рӯзи 17-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "вақте аз ин кор огоҳ шудам, ҷоғ ва пойи писарам шикаста ва баданаш сиёҳу кабуд буд. Писарам ин ду нафарро бахшид. Бори охир рӯзи 24-уми март вохӯрда будем. Ду писар дорам, ки онҳоро бе модар бузург кардаам."

Як нафари огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, муттаҳамон дар додгоҳ ба бегуноҳии худ пофишорӣ кардаанд. "Аммо навори дурбинҳои назоратӣ лаҳзаҳои бадрафториро сабт кардааст", - афзуд ӯ.

Мушкиле, ки Омбудсмен ҳам медонад, СММ ҳам

Бадрафторӣ яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мемонад, ҳарчанд вазорати дифоъ мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз ин зуҳурот ҳама корро анҷом медиҳанд.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон як моҳ пеш дар гузориши солонаи худ навишт, назорати қисмҳои низомӣ маълум кард, ки "ҳангоми бадрафторӣ сарбозон имкон надоранд, мустақим ба додситонии ҳарбӣ ё ниҳодҳои дигар шикоят кунанд".

Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид низ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, бадрафториву шиканҷа ва муносибати дағалона дар сафи нерӯҳои мусаллаҳро решакан кунад. Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG