Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ як сарбозро барои марги ҳамхизматаш 4 сол аз озодӣ маҳрум кард


Илҳомҷон Худойбердиев.

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе як сарбози вазорати дифои Тоҷикистонро ба "вайронкунии қоидаҳои муносибат бо силоҳ", ки боиси ҳалокати як ҳамхизматаш шуд, айбдор намуд ва ӯро барои чаҳор сол равонаи зиндон кард. Ҳукми Додгоҳи ҳарбии Душанбе дар нисбати Эркин Абдураҳмонов, сарбози қисми ҳарбии "41008"-и вазорати дифои Тоҷикистон воқеъ дар Роғун, рӯзи 27-уми март эълон шуд.

Падари Илҳомҷон мегӯяд, ҷасади фарзандашро худаш шустааст ва осори тирро дар чашми росту пушти сари ӯ дидааст.

Ҳодисаи марги Илҳомҷон Худойбердиев дар миёнаҳои моҳи феврали соли ҷорӣ рух дода буд. Ба гуфтаи афроди огоҳ аз раванди тафтишот, ҳодисаи тир хӯрдани ин сарбоз ҳангоми шоми 15-уми феврал ҳини навбатпоӣ дар постгоҳе дар шаҳри Роғун рух додааст. Ба гуфтаи манобеъ, Эркин Абдураҳмонов аз "беэҳтиётӣ" ба чашми рости ҳамхизматаш тир мезанад ва ӯ дар ҷои ҳодиса ҷон медиҳад.

Як намояндаи Додгоҳи ҳарби шаҳри Душанбе рӯзи 28-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, сарбоз Эркин Абдураҳмонов бар асоси моддаи 387-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуд. Ба гуфтаи вай, то 10 рӯзи баъд аз эълони ҳукми додгоҳ, наздикони Эркин Абдураҳмонов ҳаққ доранд, ки аз болои он ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд.

Норозигии наздикони Илҳомҷон аз ҳукми додгоҳ

Ҳасанбой Худойбердиев, падари Илҳомҷон Худойбердиев рӯзи 28-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мурофиаи ниҳоӣ ширкат дошт ва аз ҳукми додгоҳ норозигӣ кардааст. Вай гуфт, ки ҳини қироати матни парванда гуфта шуд, ки гӯё тир ба хато ба чашми Илҳомиддин бархӯрдааст. Ба гуфтаи Ҳасанбой Худойбердиев, вақте онҳо нисбати ҳукми додгоҳ норозигӣ карданд, додрас гуфтааст, ки метавонанд ба зинаи болоии додгоҳ шикоят баранд.

"Мо ҳоло адвокат гирифтем ва баъди 10 рӯз ба Додгоҳи олӣ муроҷиат мекунем. Наход фарзандро барои хизмат, барои ватан мефиристему барои кадом шухӣ кушта мешавад. Мо аз додгоҳ мехоҳем сабаби аслии ин ҳодисаро ошкор кунанад ва ҷазои сазовор таъин кунад",-афзуд ӯ.

Падари Илҳомҷон мегӯяд, ҷасади фарзандашро худаш шустааст ва осори тирро дар чашми росту пушти сари ӯ дидааст.

Аммо то ба ҳол наздикони Эркин Абдураҳмонов дар робита ба ҳукми додгоҳ изҳори назар накардаанд, вале волидони Илҳомҷон Худойбердиев гуфтанд, ки қабл аз эълони ҳукм, Эркин суханронӣ карда ва аз иттифоқи рухдода изҳори пушаймонӣ намудааст.

Илҳомҷон Худойбердиев, якуним сол қабл ба сафи артиши Тоҷикистон ҷалб шуда буд. Ӯ дар яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Роғун хизмат мекард ва то анҷоми хизматаш ҳамагӣ 6 моҳи дигар боқӣ монда буд. Дар саҳифаи ӯ дар шабакаи "Одноклассники" чанд акс бо ҳамхизматонаш низ вуҷуд дорад.

Шикоятҳо аз хушунат дар артиш

Дар Тоҷикистон худкушии сарбозон ва ё дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани онҳо дар гузашта мушоҳида шудааст.

Бадрафторӣ бо сарбозонро яке аз сабабҳои аслии чунин ҳодисаҳо медонанд. Бархе аз фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, азбаски чунин фоҷиаҳо ба обрӯи хидмати сарбозӣ латма мезанад, дар ҳолатҳои зиёд асрори марги сарбозон пӯшида мемонад ва волидон ҳам бо ҳамин сабаб ба шарҳи расмии марги фарзанд бовар намекунанд.

Дар аксар хабарҳо дар бораи маргу мири сарбозон гоҳе мушкили латту кӯб шудани онҳо аз ҷониби кӯҳнасарбозон чун сабаби аслии фоҷеа ном бурда мешавад. Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.

Хушунати низомиён ва зӯргӯии сарбозони баландрутбаву ботаҷриба аз болои сарбозони ҷавон дар артиши Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Мақомот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки дар пайи барномаҳои вижаи тарбиявиву фарҳангии онҳо дар қисмҳои низомӣ як пешравие дар амри ислоҳи вазъ дар артиш ҳосил шудааст, вале боз ҳам ҳодисаҳои хушунат дар артиш ба чашм мехӯрад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG