Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги шубҳабарангези сарбози 20-сола дар Роғун. ВИДЕО


Илҳомҷон Худойбердиев чанд акс бо либоси низомӣ дар саҳифааш дар Одноклассники гузоштааст.
Илҳомҷон Худойбердиев чанд акс бо либоси низомӣ дар саҳифааш дар Одноклассники гузоштааст.

Дар ноҳияи Деваштич Илҳомҷон Худойбердиев, як сарбози вазорати мудофиаи Тоҷикистонро дафн карданд, ки дар воҳиди низомиаш дар ноҳияи Роғун ба ҳалокат расидааст.

Ҷасади сарбози 20-соларо рӯзи 16-уми феврал дар зодгоҳаш деҳаи Работи ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) ба хок супурданд. Бародараш Муродҷон Худойбердиев ба Радиои Озодӣ гуфт, сабабҳои марги Илҳомҷон ҳоло маълум нест.

Дар видеое, ки як сокини деҳа ба Радиои Озодӣ фиристод, бурдани тобуте дида мешавад, ки ба гуфтаи ҳамин сокин тобути сарбози ҷавонмарг аст.

Марги шубҳабарангези сарбози 20-сола дар Роғун
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:16 0:00

Бародари сарбоз гуфт, онҳо азм доранд, маълум кунанд, бо Илҳомҷон чӣ рух додааст. “Мо то ҳол намедонем, ки чӣ ҳодиса шудаст, аммо то ба умқи он мерасем” афзуд ӯ.

Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ марги ин ҷавонро тасдиқ карда гуфтанд, айни замон қазияи марги сарбоз тафтиш мешавад ва то ду рӯзи дигар шарҳи расмӣ дар бораи марги Илҳомҷон Худойбердиев омода хоҳад шуд.

Ҳамдеҳагони Худойбердиев, ки дар маросими дафни сарбоз ҳузур доштанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар бадани ӯ осори захми як тир мушоҳида мешуд.

Илмҳоҷон Худойбердиев, якуним сол қабл ба сафи артиши Тоҷикистон ҷалб шудааст. Ӯ дар яке аз қисмҳои ҳарбии ноҳияи Роғун хизмат мекард ва то анҷоми хизматаш ҳамагӣ 6 моҳи дигар боқӣ монда буд. Дар саҳифаи ӯ дар шабакаи Одноклассники чанд акс бо ҳамхидматонаш низ вуҷуд дорад. Дар маросими дафни ин ҷавон раиси ноҳияи Деваштич ширкат кардааст.

Дар Тоҷикистон худкушии сарбозон ва ё дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани онҳо дар гузашта мушоҳида шудааст. Бадрафторӣ бо сарбозонро яке аз сабабҳои аслии чунин ҳодисаҳо медонанд.

XS
SM
MD
LG