Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, бо Путин дар бораи подоши Русия ба Толибон суҳбат накардааст


Доналд Трамп ва Владимир Путин
Доналд Трамп ва Владимир Путин

Доналд Трамп, президенти Амрико, гуфтааст, ҳеҷ гоҳ бо роҳбари Русия Владимир Путин дар бораи гузоришҳои расонаҳо, ки Маскав ба Толибон барои куштани сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон пул пардохт кардааст, суҳбат надоштааст. Трамп рӯзи 28-уми июл дар мусоҳибае бо вебсайти хабарии Axios гуфт: "Ман ҳеҷ гоҳ бо ӯ дар ин бора баҳс накардаам".

Трамп борҳо гуфтааст, ки то чоп шудани гузоришҳо дар моҳи июн дар бораи подошҳои эҳтимолии Русия, ба ӯ маълумоте нарасидааст. Вай ин гузоришҳоро хабарҳои дурӯғ номидааст. Русия ҳам ин хабарҳоро инкор кардааст.

Трамп 23-юми июл бо Путин телефонӣ гуфтугӯ кард. Ин гуфтугӯи ҳаштуми ду роҳбар аз замоне аст, ки гуфта мешавад иттилоот ба брифинги хаттии ҳаррӯзаи президент дар охири феврал ғунҷонида шуда буд.

Аз ӯ пурсиданд, ки чаро дар сӯҳбати телефонии 23-юми июл ин масъаларо ба миён наовард, Трамп ба Аксиос гуфт: "Ин як занги телефонӣ барои муҳокимаи чизҳои дигар буд ва ба ростӣ ин масъалаест бисёриҳо гуфтаанд, ки хабарҳои сохта буданд."

Ин масъала пеш аз баргузории интихоботи президентии моҳи ноябр, вақте ки Трамп барои бори дуюм интихоб шудан талош мекунад, як мавзӯи доғе шудааст.

XS
SM
MD
LG