Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил гуфт, нагузошт аъзои Ҳизбуллоҳ ба хокаш ворид шаванд


Тонки исроилӣ дар баландиҳои аз Сурия ишғолшудаи Ҷулон. Марзи Сурия. Ноябли соли 2019
Тонки исроилӣ дар баландиҳои аз Сурия ишғолшудаи Ҷулон. Марзи Сурия. Ноябли соли 2019

Исроил гуфт, аз як талоши гурӯҳи ҷангҷӯёни шиамазҳаби Ҳизбуллоҳ, ки мехост ба хоки ин кишвар аз Лубнон ворид шавад, ҷилавгирӣ намуд. Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар бораи ҳодисаи 27 июл гуфт, ки Ҳизбулло “бо оташ бозӣ мекунад”, вале ин гурӯҳи лубнонӣ иттиҳомоти Исроилро рад мекунад. Нетаняҳу дар як суханронии телевизиониаш гуфт, ки “масъулияти пурраи ин ҳодиса ва ҳама гуна ҳамла аз қаламрави Лубнон алайҳи Исроил ба дӯши Ҳизбуллоҳ ва Лубнон аст”. Чанде пеш низомиёни исроилӣ гуфтанд, ки се то панҷ марди мусаллаҳ ба ҳангоми убур аз гузаргоҳи марзии минтақаи кӯҳи Дуф дида шуданд, ки бахше аз баландиҳои Ҷулони Сурияи таҳти ишғоли Исроил мебошад. Дар хабар омадааст, ки ин гурӯҳ баъди ошкор шуданаш дубора ба Лубнон фирор кард. Артиши Исроил ба ҳангоми рух додани ин ҳодиса аз тӯпхона тир кушод. Дар як ҳафтаи ахир, баъди он ки дар як ҳамлаи ҳавоии исроилӣ дар Сурия як ҷангҷӯи узви Ҳизбуллоҳи Лубнон кушта шуд, таниш дар минтақа бештар шудааст. Ҳизбуллоҳи мавриди ҳимояти Эрон ғолибан дар ҷануби Лубнон дар паҳлӯи муттафиқони сиёсиаш кор мекунад ва як нирӯи бонуфуз дар ҳукумати он кишвар ба шумор меравад. Ин гурӯҳ ҳамчунин аз нирӯҳои вафодор ба президенти Сурия Башор Асад ҳам ҳимоят мекунад.

XS
SM
MD
LG