Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдории Алмато карантинро сахттар кард


Шаҳри Алмато. Акс аз бойгонӣ.
Шаҳри Алмато. Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Алмато сар аз 20 июл карантин ва маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро сахттар карданд.

Қоидаҳои нав дар фармони сардухтури беҳдоштии шаҳр Жандарбек Бекшин зикр шудааст. Аз ҷумла омадааст, ки сафари гуруҳӣ ба минтақае ё ҷамъ шудани беш аз се нафар дар боғ манъ аст.

Ошхонаҳо танҳо то соати 22:00-и шаб дар фазои боз муштарӣ қабул хоҳанд кард, ки на бештар аз 30 ҷои нишаст доранд;

сайёҳат, сафари гуруҳӣ ба минтақае, ба ҷуз аз се нафар ё аъзои як оила иҷозат дода намешавад;

рафтан ба боғ, маконҳои машҳури сайёҳиву куҳӣ (Медеу, Бутаковка, Алма-Арасан) тавассути ҳама гуна нақлиёт манъ мебошад;

дари боғҳои миллӣ рӯзҳои истироҳат баста мешавад. Гаштугузор танҳо рӯзона иҷозат аст. Ғизо бурдан ба боғ, ба ҷуз аз об комилан манъ аст.

Жандарбек Бекшин афзуд, ки сокинони шаҳр бояд фосилаи иҷтимоиро риоя карда, бе ниқоби тиббӣ берун набароянд.

Мақомоти Қазоқистон аз 5 июл дар ин кишвар дубора карантин эълом карданд, ки то 2 август идома хоҳад кард.

Баъди бекор кардани карантини нахустин шумори мубталоён якбора афзоиш ёфт. Дар ҳоли ҳозир шумуори умумии онҳое, ки дар ин кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд, ба 72 ҳазор наздик шудааст. Аз ин миён, 585 кас фавтид. Аз моҳи январ то 15 июли соли равон 3327 аз илтиҳоби шуш, ки яке аз нишонаҳои коронавирус низ ҳаст, ҷон бохтаанд. 1555 ҳолати он дар ниммаи аввали моҳи июл сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG