Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон 5 танро барои маҳви Буддои бостонӣ дастгир карданд


Муҷассамаи Буддоро комилан аз байн бурдаанд.
Муҷассамаи Буддоро комилан аз байн бурдаанд.

Мақомоти Покистон ба зидди чанд нафаре, ки муҷассамаи 1700 -солаи Буддоро аз байн бурданд, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Видеои шикастани пайкараи воқеии Буддо дар Такбҳай бо путк ва ё болға, ки рӯзи 17-уми июл дар Интернет нашр шуд, хашми бисёриҳоро барангехт.

Дар видео дида мешавад, ки коргарони сохтмоне, ки муҷассамаро аз зери замин ёфтаанд, онро бо путк ва ё болға пора-пора мекунанд. Баъди маҳкум кардани рафтори коргарон, Идораи минтақавии бостоншиносии Вилояти Хайбар Пахтунхоҳ гуфт, ки хостааст, ба зидди гунаҳкорон парвандаи ҷиноӣ боз шавад.

Абдул Самад, мудири ин идора рӯзи 18-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки панҷ нафарро бо иттиҳоми риоят накардани Қонун дар бораи осори бостонӣ дастгир кардаанд ва муҷассама комилан нобуд шудааст. Хайбар Пахтунхоҳ, як замоне макони шоҳигарии Гандара ва Такбҳай аз маҳалли аслии иқомати бутпарастон будааст.

XS
SM
MD
LG