Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангсолори муттаҳам бо ҷиноятҳо Абдуррашид Дӯстум унвони маршал гирифт


Абдуррашид Дӯстум, соли 2015. Ҷангсолори узбектабор дар мақоми муовини аввали президенти Афғонистон дар вилояти Форёб суханронӣ мекунад

Ҷангсолори бонуфузе, ки дар одамрабоиву таҷовуз ба номуси як рақиби сиёсӣ ва нақзи тӯлонимуддати ҳуқуқи башар гунаҳгор мешавад, баландтарин мақоми низомӣ дар Афғонистонро соҳиб шуд. Абдуррашид Дӯстуми 66-сола, ки дар мақоми муовини президенти Афғонистон кор кардааст, рӯзи 15 июл дар маросиме рутбаи маршал гирифт. Ҳамакнун шумори умумии дорандагони ин рутбаи баландтарини низомӣ дар Афғонистон се нафар шуданд.

Маросими рутбагирии Дӯстум дар вилояти Ҷузҷон баргузор шуд. Ин қарор бахше аз созиши тақсими қудрат миёни президент Ашраф Ғанӣ ва рақиби сиёсии ӯ Абдулло Абдулло мебошад, ки баъди чанд моҳи баҳс бар сари натиҷаҳои интихоботи тирамоҳи соли 2019 ҳосил шудааст. Дӯстум дар интихобот аз Абдулло Абдулло ҳимоят кардааст.

Дӯстум зимни суханронӣ дар маросими рутбагирӣ раҳбарияти кишварро ба ваҳдат даъват кард ва гуфт, ки онҳо бояд ихтилофҳоро канор гузоранд, вагарна Толибон дар ин ҷанг пирӯз мешаванд.

Бар асоси созиши моҳи феврали миёни ИМА ва Толибон, ҳукумат бояд то 5 ҳазор Толибон ва Толибон то як ҳазор узви зиндонии ҳукуматро озод кунанд. Зимни суханронӣ дар маросими рутбагирии Дӯстум Абдулло гуфт, ки ҳамаи Толибони зиндонӣ озод мешаванд ва аз ин гурӯҳ тақозо намуд, ки барои пешбурди ҷараёни сулҳ баҳонаҷӯӣ накунанд.

Дӯстум як ҷангсолори узбектабор буда, баъди суқути ҳукумати Толибон дар соли 2001 дар канори нирӯҳои ба раҳбарии ИМА ҷангидааст.

Соли 2016 замони муовини президент буданаш Дӯстум дар одамрабоӣ, шиканҷа ва таҷовуз ба номуси собиқ волии Ҷузҷон Аҳмад Ишчӣ бо истифода аз силоҳ муттаҳам шуд. Он замон Абдулло маҷбур кард, ки Дӯстум дар Туркия паноҳ барад.

Дӯстум июли соли 2018 ба Афғонистон баргашт ва дар Ҷузҷон муқимӣ шуд. Он замон дар чандин вилоят мардум ба ҷонибдории ӯ бархоста буданд.

XS
SM
MD
LG