Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи навбатии "С5+1" онлайнӣ баргузор мешавад


Ҷаласаи гурӯҳи кории ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико. Акс аз соли 2017
Ҷаласаи гурӯҳи кории ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико. Акс аз соли 2017

Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии ИМА ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мавсум ба "С5+1" рӯзи 30-юми июн онлайнӣ баргузор мешавад.

Тибқи иттилои расонаҳо, роҳбарони идораҳои дипломатии Амрико ва панҷ кишвари ОМ бо назардошти пандемияи коронавирус аз тариқи видеоконфронс бо ҳам суҳбат мекунанд.

Дар вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии ИМА-Майк Помпео, Қазоқистон-Мухтар Тлеуберд, Тоҷикистон-Сироҷиддин Муҳриддин, Қирғизистон-Чингиз Айдарбеков, Узбекистон Абдулазиз Комилов ва Туркманистон-Рашид Мередов иштирок мекунанд.

Вохӯрии гуруҳи мавсум ба "С5+1" аз соли 2015 баргузор мешавад. Аз он сол Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид чаҳорчӯбаи нави ҳамкорӣ барои баррасии масъалаҳои минтақавиро муқаррар кардаанд. Ин шакли нави ҳамкориҳо "С5+1" ном гирифтааст. Дар ин мулоқот чаҳорчӯбаи нави ҳамкорӣ барои баррасии масъалаҳои минтақавӣ муқаррар шуд.

XS
SM
MD
LG